Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Яке аз василаҳои ҳалкунандаи паниршавии сарди шир пайваста [бар пистон] рехтани об мебошад. [Ба кор бурдани] ҷӯшонидаи бодиён, хӯрдани тухми бодиён ва шибит, инчунин ҳамаи доруҳои ширафзоянда бо обе аз ин намуди паниршавӣ нофеъанд, ки андар он бобуна, шибит, сисанбар, ҳулба, бӯмодарон ва гунди бедастар ҷӯшонида бошанд. Аз равғанҳо равғани савсан, равғани наргис ва равғани қуст [судманданд]. Яке аз доруҳои муътадили хуб чунин аст: аз нони сафед, орди ҷав, индов, шанбалит, хитмӣ ва зағири кӯфта як кафӣ гирифта, аз онҳо зимод созанд. Яке аз василаҳое, ки омоси баъд аз панир шудани шир падидомадаро нофеъ аст, бар пистон ниҳодани исфанҷест, ки андар об ва сиркои нимгарм ғӯтонида бошанд ва ё хурмо ва нонро бо об ва сирко ҷамъ сохта биниҳанд. Наъно бо сирко ва хамр [низ] хуб аст.
Санги рӯшноии мисли гард суда бо равғани гул ва сафедии хояи мурғ ҳамчунин бувад.
Яке аз чизҳое, ки суддаи аз шир андар пистон баамаломадаро бикушояд, тило кардани харотин ва ё мурр бо оби пудина, анисун, орди нахӯд, барги даҳмаст, тухми карафс, зираи набатӣ ва қоқула бо оби садпайванд бувад. Оби чугундар, гандум ва сиёҳдона, низ кундур бо заҳраи барзагов ҳамчунин бошанд. Ё агар ангубини лабаниро гирифта, бо равғани бунафша биомезанд ва бар пистон бимоланд, паниршавии шир ва омосро ҳал кунад. Оби каранбро низ дам кашанд, зеро аз баҳри ин ғараз судманд аст. (282)

гардонандаи маъруф бувад. Бояд бо онҳо андаке доруҳои латифсозанда биомезанд. Яъне, масалан, бо сиркои хамрӣ ва оби гарм ва ё андаке равғани гул, ё бо орди боқилӣ ва сикангубин ва ё бо барги ангури сагак ва равғани гул гармибандӣ кунанд. Ҳар гоҳ аз оғоз андак муддате гузарад, бояд бо зимодҳое, ки андар боби кашидагӣ ва ё бастагии хун ёд шудааст, муолаҷа кард. Яке аз [зимодҳои] ба ғоят хуб [ба сифати зерин] аст: орди боқилӣ ва шоҳафсари суда ва равғани кунҷидро гирифта аз инҳо бо оби хуш тило созанд. Низ нони кӯфташуда, орди ҷав, боқилӣ, шанбалит, хитмӣ, зардии хояи мурғ, заъфарон ва мурро гирифта, бо онҳо зимод кунанд. Инчунин аз зағири кӯфташуда бо сирко тило созанд.
Бисёр бошад, ки барсом кушода шуда, ба омоси буни пистон гузарад ва ин маҳалли он аст, ки бояд аз барсом бимнок буд. Андар ин ҳолат бо устокорӣ бар сари омос тухми аспғул бинеҳ, на андар гирди он, то сар овард ва андар гирдогирди буни он доруҳои пасгардонандаи [моддаро] бинеҳ. Ба оғози дард гармибандӣ накун, зеро бахши тунук ҳал шуда, бахши ситабр боқӣ хоҳад монд ва ин хатост. Агар чочи пистон дард кунад, аз он хун бигир ва аз қабили сандал ва ақоқиё барин чизҳоро бимол, то саратон падид наояд.

Фасли панҷум
андар баёни баста шудани шир андар
пистон ва гандидани он ва азҳамкашидагие, ки пистонро ориз бигардад
ва беморие, ки бо он гирифтор ояд

Агар карафс ва ё бобунаро343 кӯфта, бар вай биниҳанд, судманд бошад.

[Илоҷаш он бошад, ки]342 чугундарро гирифта, то ҳал шудан биҷӯшонанд, сипас онро бо мағзи нон, орди боқилӣ ва равғани шира ҷамъ созанд. Ё нон ва гиёҳеро, ки «радиқиёси тар» ном дорад, бо мум ва равғани гул, ё нон ва оби зайтунро бо ангубин, ё шароб ва ё майпухта зимод кунанд. Кадоме аз инҳо, ки бошад, рӯзе бо он ду-се бор такроран бояд зимод кард. Кунҷид бо ангубин ва ё кунҷид, ангубин ва равғани зардро гирифта, ҳамчунин ба кор баранд. Агар бо онҳо нони хушкор ва ё орди боқилиро биомезанд, судманд бошад. Бо оби гарм гармибандӣ кардан, пистонро бар бухори он доштан, хусусан агар андар он зағир, шанбалит, хитмӣ ва тухмҳои онҳоро ва бобуна ҷӯшонида бошанд ва низ бо ин [обҳо] пухтаковрезӣ кардан барои касе, ки тоби бардоштани гаронии зимодро надорад, нофеъ хоҳад буд. Агар ба изофаи он пистон кӯфт хӯрда бошад, зимоди зерин судманд аст: мош ва донаи мавизро гирифта, бикӯбанд ва бо оби сарв ва оби шӯргаз бисириштанд. Агар хун андар пистон баста бигардад, бояд онро пайваста бо равғани бунафша равған кунанд, сипас бар вай оби гарм бирезанд ва баъд аз он зимодҳое бимоланд, ки ба оғози боб ёд карда шуданд.
Фасли шашум андар баёни омосҳои гарми пистон ва дардҳои буни он

Андар оғози [омос] илоҷ ба кор бурдани доруҳои пас

Фасли ҳафтум
андар баёни омосҳои сард
ва балғамии пистон

Фасли ҳаштум
андар баёни сахтии пистон, домғулҳо ва
ғуддаҳои он ва ниҳоят бузург шудани пистон ҳангоми ба балоғат расидан

Агар омоси берунии пистон рӯ ба сахтӣ ниҳод, яке аз чизҳое, ки ба оғози он судманд аст, зимод кардани гуринҷи андар шароб таркарда бувад. Ё онро бо мумравғани аз равғани бунафша, зардии хояи мурғ ва касиро сохта марҳам кунанд. Агар омос сахт бигардад, мумравғани аз мум, равғани гул, қатрон ва оби кофур сохтаро тило кунанд. Гоҳе мумкин аст андар он заҳраи барзагов биафзоянд. Низ метавон онро бо барги мозу ва равған муолаҷа кард. Яке аз чизҳои нофеъ дурди матбухи куҳан ва ё дурди сиркост, ки бо онҳо тило кунанд.
Барои домғулҳо ва ғуддаҳо беҳтарин дору ин аст, ки барги сабзи шафтолу ва барги сабзи судобро гирифта, якҷоя бикӯбанд ва зимод кунанд. Агар ин [домғул] аз боқимондаи бузургшавии пистон ҳангоми ба балоғат расидан бошад ва ё баъди он падид омада бошад ва аз таҳлиловарии доруҳо сар бипечад, бояд онро ба ҳадде нештар бизананд, ки пиҳаш намудор бигардад ва сипас онро берун карда бидӯзанд.
Фасли нуҳум андар баёни кафгираки пистон

Агар пистонро кафгирак падид ояд, ки он омоси римкунанда бувад, яке аз доруҳои барои пазонидани он судманд [доруи зерин] аст: аз тухми катон, кунҷид, бехи ширинбаён,344 майъа, саргини гӯспанд, саргини кабӯтар, натрун (283) ва ротинаҷ бахшҳои баробар гирифта, ба қадре, ки мушоҳада тақозо дорад, онро бо шира, равғани хайрӣ ва мағзи соқи гов марҳам созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ