Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар бихоҳӣ, ба он майпухта изофа кун. Агар туро ба нештар задан эҳтиёҷ афтад, бояд чунин бикунӣ.
Фасли даҳум андар баёни решҳои пистон ва хӯраи он

Ба қадри бист ратл набизи тундро гирифта, андар он як ратл тутуми чармгарон, ним ратл мозуи нопухта, ним ратл салиха ва як ратл гавзи сарв афканда, ҳамаи онҳоро андар шароб бист рӯз тар кунанд. Сипас онро бо чӯби сарв омезиш дода, то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас онро сахт бод кашида, равшан кунанд ва дубора бар оташ ниҳанд, то ситабр шавад. Бояд оташ ниҳоят нарм бошад.
Баъд инро гирифта, андар обгина нигоҳ доранд. Ин дору аз барои ҳамаи решҳое, ки андар андомҳои ковоке чун даҳон, забон ва ғайра ориз бигарданд, бисёр хуб аст ва аз хӯра нигоҳ дорад ва онро беҳ кунад.
Фасли ёздаҳум андар баёни чӣ гуна хурд ва фишурда нигоҳ доштани пистон ва аз афтидан боз доштани он ва низ андар баёни нигоҳ доштани хояҳои бачагон аз бузург шудан

Ҳар кӣ аз занон бихоҳад, ки пистонҳои худро фишурда нигоҳ бидорад, камтар ба гармоба равад ва бачагон
низ бояд чунин кунанд. Сипас як дирамӣ аз сафеда ва гили қимулиё гирифта, бо оби тухми банг бисириштанд
ва бо он андаке аз равғани мастако омехта кунанд. Ин [до

руро] бар [пистоне], ки хусусан агар ковок шуда бошад, молида, аз болояш пораи катонеро пайваста биниҳанд, ки андар оби мозуи сардкарда оғушта бошанд. Низ мувофиқи санҷидаи занон гили холис ва ангубинро тило кунанд. Агар андар он афюн ва нон омехта бо сирко [тило кунанд], қавитар хоҳад буд. Ё бист дирам гили холис ва ду дирам шавкаронро гирифта, бо сирко тило кунанд. Ё гили Шомус, ақоқиё ва сафедаро гирифта, бо фишурдаи дарахти банг [тило созанд].
Ё кундур, каҷак ва орди ҷавро гирифта, бо сиркои ниҳоят тез маъҷун созанд ва се рӯз бар сина бимоланд. Ё хояи кабк, зангор, майъа ва иқлимиёро гирифта, бо оби тухми аспғул тило кунанд. Ё гиёҳи шавкаронро, чунонки ҳаст, кӯфта, бо сирко ҷамъ созанд ва се рӯз [бар пистон] нигоҳ доранд. Агар бихоҳанд, ки [пистон] хушкида бошад, [146] бояд исфанҷро андар об ва сирко оғушта, [биниҳанд]. Ё се дирамӣ аз фишурдаи таросис, пӯсти анор ва арзизи бо гӯгирд сӯхта, як дирамӣ аз замчи яманӣ, сафедаи арзизӣ ва наски сӯхта ва се дирамӣ аз садафи сӯхтаи лесак ва санги похор гирифта, бо оби забони барра бисириштанд ва тило кунанд. Ё зираро бо бехи савсан, ангубин ва об гирифта, се рӯз бар пистон биниҳанд.
Ё уша ва шавкаронро гирифта, се рӯз ва ё шавкаронро танҳо нуҳ рӯз [бар пистон] бигузоранд. Яке аз даъвоҳои андар ин бобат кардашуда ин аст, ки хуни андомҳои нарии хук, ё хуни хорпушт ва ё хуни сангпуштро [бар пистон] бимоланд. Ё равғани зайтун ва замчи мисли сурма кӯфтаро андар ҳовани сурбӣ гузоранд, то арзиз андар он ҳал шавад ва инро пайваста [бар пистон] бимоланд.
Ҳамчунин гили холис ва мозуи норасидро бо ангубин ҷамъ сохта, бар пистон тило кунанд.345

пешина
аз 1215
навбатӣ