Қонуни тиб

Эшон бояд мағзҳои [сар] бихӯранд, шири бузу гов биошоманд ва моҳии сангобӣ, гӯшти бузғолаву мурғи фарбеҳ, ошоми аз кашки ҷав ва шир сохташуда ва оби шӯрбои панираки бустонӣ бихӯранд. Занони балғамимизоҷро бо ғизоҳову доруҳое тадбир бикун, ки аз дараҷаи якум то дуввум гармифизо буда, ба изофаи он тариоваранда ва андаке хушкифизой бошанд. Аз ҳамин қабил газар, индов, бодиён, шибит, карафси тар, хусусан симирниюни тар, на хушке, ки гармифизои хушкиоваранда аст ва ошоме ба шумор бираванд, ки аз орди гандум бо шанбалиту бодиён сохта бошанд. Агар шир ба иллати ситабрӣ ва хушкӣ ба шакли ришта берун ояд, илоҷаш ин аст, ки бо доруҳои сахт тарифизой дорурезӣ кунанд ва чизҳои тариоваранда бихӯронанд. Ҳангоми манӣ низ чунин кунанд. Тадбири занони савдовимизоҷро бо ғизоҳо ва доруҳое басанда соз, ки онҳо бештар гармиоваранда ва ба чизҳои ёдкардаамон наздикӣ дошта, вале ба ғоят тариоваранда бошанд. Низ бояд донист, ки кадом ҷинси савдо ғолиб аст, то мувофиқи он чора андешида шавад. Яке аз доруҳои муътадили ширро фаровон созанда ин аст, ки сӣ дирам хори хурмобун, бист дирам барги бодиён, понздаҳ дирам бедаи тар, бисту панҷ дирам гандуми далида, ҳаждаҳ дирамӣ аз нахӯди муқашшар ва ҷави сафеди шикаста ва даҳ дона анҷири бузургро гирифта, андар сӣ ратл об то ба ҳашт ратл ва камтар аз он расидан биҷӯшонанд. Як ошомиданӣ аз он панҷ уқия буда, бо ним уқия равғани бодоми ширин ва яку ним уқия шакари сулаймонӣ биошоманд. Моҳии шӯр яке аз чизҳои афзунгардонандаи шир бувад. Дигар аз доруҳои фаровонсозандаи шир доруи зерин аст: орди кунҷидро гирифта, андар шароби холис бод кашанд ва онро равшан карда, полидаи онро биошоманд ва дурди онро бар пистон бимоланд. Низ ба қадри ним қафиз дилаи бодинҷонро гирифта, андар об нек ва то ҳал шудан бипазанд, сипас онро хуб бод кашанд ва равшан карда бигиранд. Бар полидаи он як уқия равғани зард рехта биошоманд. Ё оби нахӯди таркарда ва хусусан андар шир, оби ҷав ва ангубин ва ё гулоб таркардаи онро гирифта, як чанд рӯз ношито биошоманд. Ё як бахш тухми беда ва ду бахш гулнорро гирифта, биошоманд. Як ошомидании он як қамҳа ва бо оби гарм бувад. Ё ду дирам донаи бонро гирифта, бо шароб биошоманд.
Яке аз доруҳои хуб чунин аст: як уқия равғани гов ва як ҷоми бузург аз шаробро гирифта, ношито [ба бемор] бидиҳанд. Ё баргу пояи лоларо бо гиёҳи ҷав ҷӯшонида ба шакли ошом дам кашанд. Ё турб ва сабӯсро гирифта, андар шароб биҷӯшонанд ва он шаробро равшан карда биошоманд. Ё тухми бирёни хашхошро бо пист баробар гирифта, андар сикангубин ва ё майпухта се рӯз тар кунанд ва сипас биошоманд. Ин аз ҳама беҳтар бувад. Ё ин ки [ба бемор] сиёҳдонаро бо оби ангубин бидиҳанд. Як уқиягӣ аз тухми шибит, тухми гандано ва тухми девсипист ва ё аз тухми шанбалит ва тухми беда бахшҳои баробар гирифта, бо фишурдаи бодиён биомезанд ва биошоманд, вале агар бо ангубин ва равғани зард биомезанд, афзалтар бувад.
Фасли севвум
андар баёни коҳиш додани шир ва пешгирӣ аз рехтани беандозаи он
Шир агар беандоза зиёд шавад, боиси дард ва ё омос гардида, (281) бемориҳо оварад. Гоҳе шир андар пистон бидуни обистан ва хусусан ҳангоме ҷамъ шавад, ки агар хуни ҳайз баста шуда, модда ба сабаби камии худ аз заҳдон мадори берун омадан накунад ва ба сӯи пистон гузашта шир шавад. Гоҳе мумкин аст андар пистони мардон ва хусусан нав ба балоғат расидагон ҳангоми гирд шудани пистон шир ҷамъ шавад.
Ту аз он чи ки пеш ёд карда шуд, сабабҳои коҳиш ёфтани ширро донистӣ. Асоси ҳамаи онҳо ҳар чизе аст, ки аз тариқи кашидани рутубат, ниҳоят ҳалкунандагӣ ва ё гармиоварӣ сахт хушкӣ оварад. Ҳамаи он чи ки сардӣ оварад, низ аз ҳамин қабил бувад. Чизҳои сахт тариоварандаи обӣ низ хуни занони балғамимизоҷро бикоҳанд. Ҳамаи доруҳои маниро коҳанда ширро низ бикоҳанд. Аз ҷумла чизҳои сард, масалан, инҳост: тухми коҳу; наск; тафшилаи бо сирко; ва аз тилоҳо фишурдаи растании аспғул ва луоби он; коҳу ва монанди он; ва орди боқилӣ бо равғани гул ва сирко. Аммо гарми онҳо, масалан, судоб ва тухми он, хусусан судоби кӯҳӣ ва панҷангушт ва тухми он мебошад, ки як ошомидании аз ҳама зиёди он то ду дирам бувад. Оид ба бодруҷ дурусташ ин аст, ки ҳарчанд бархе онро афзояндаи шир гуфтаанд, вале камсозандаи шир аст. Зира ва хусусан кӯҳии он низ ширро бихушконад.
Агар онро бо сирко тило кунанд, низ чунин бувад. Яке аз тилоҳои гарм уша аст, ки онро бо шароб тило кунанд.
Тилои хуб: бехи каранбро гирифта, бикӯбанд ва сиришта зимод кунанд. Ё орди наск, боқилӣ, заъфарон, гавзгандум ва намакро бо оби сард тило созанд. Низ фишурдаи шанбалит, лок ва мурдосанг ва ё равғани гулро тило кунанд. Яке аз чизҳое, ки ба равиши хосият амал кунанд, ин аст, ки пистонро бо харчанги дарёии суда ва ё бо харчанги сӯхтаи рудӣ тило созанд.
Фасли чаҳорум андар баёни шире, ки андар пистон панир бигардад
Шир андар пистон ба сабаби гармии хушккунанда ва гоҳе мумкин аст аз сабаби сардии фишурдакунанда панир бигардад. Инро ту аз нишонаҳои ҳар ду ҳолат, ки пеш аз ин бароят ёд шудаанд, метавонӣ бидонӣ. Доруҳое, ки пеши панир шудани шир бигиранд, бо мум ва бархе аз равғанҳои латифе аз қабили равғани хайрӣ, равғани наъно ва ғайра тило кардани [пистон] аст. [Низ] бо наънои кӯфтаи хамир гардонида тило кунанд. Ҳангоми аз гармӣ [панир гаштани шир] мумравғанро бо луобҳои сард ва равғанҳои сард тило кунанд. Муми [145] равшанкарда, кашнизи тар ва хурфаро агар зимод кунанд, сахт судманд бувад.
Яке аз доруҳои ҳалкунанда ҳангоми паниршавии гарм ин аст, ки сиркои хамриро бо равғани гул шикаста ва ҳар дуро гарм намуда, тило кунанд. Ё барги рӯбоҳразакро ба шакли кӯфта зимод кунанд. Ё барги кокана, барги рӯбоҳразак, барги каранб ва ё фишурдаҳои инҳоро хусусан агар бо мурр ва заъфарон биомезанд, [хуб аст]. Низ хамр, сирко, равғани бунафша ва андаке шанбалитро гирифта, аз онҳо тило созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор