Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни дувоздаҳум
АНДАР БАЁНИ
ПИСТОН ВА ҲОЛАТҲОИ ОН,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА

Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи пистон

Пистон андомест, ки барои таквин ёфтани шир офарида шудааст, то ки навзод баробари зодан то ҳангоми мустаҳкам шудану болиш ёфтани қувват ва барои гуворидани ғизои қавию ситабр созгор гардидани он аз [шир] ғизо
бигирад. Он ҷисмест, ки аз рагҳо, шараёнҳо ва асабҳо
таркиб ёфтааст ва миёни онҳо бо гӯшти ғуддаии беҳисси
сафед оганда бувад. Аз сабаби сафедии он хуни ғизодиҳандаи сина аз барои ҳамрангӣ пайдо кардан бо вай
сафед гардида ва чизи аз он ба тариқи шир ҷудошаванда
низ сафед шудааст. Қиёси ин ба шири аз хун падидоянда
чун қиёси ҷигар ба хуни аз кимус падидоянда андар он
аст, ки ҳар як [аз ин ду андом] рутубатро аз ҷиҳати табъу
ранг ба сони худ бигардонанд. Бинобар он ҷигар кимуси
сафедро ҳамчун хун сурх ва пистон хуни сурхро ҳамчун
шир сафед бигардонанд.340 Рагҳо, шараёнҳо ва асабҳои
андар гавҳари пистон паҳнгардида ба бахшҳои лифӣ панҷа зада, бахш шудаанд ва андар он печу хамҳои зиёде ба
амал овардаанд. Анбозии пистон бо заҳдон ба тавассути
рагҳое, ки миёни онҳо бофта шудаанд, масъалаест, ки
ҳангоми ташреҳи рагҳо аз он огоҳӣ пайдо кардӣ.341
Фасли дуввум
андар баёни ҷудо шудани шир

Бидон, ки шир баробари афзоиши хуни хуб афзоиш ёбад. Агар шир бикоҳад, пас, сабабаш яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани хун ва ё нест шудани хубии он бувад. Сабаби камхунӣ ё аз сӯи модда аст ва ё аз сӯи мизоҷ. Агар ба сабаби модда бошад, пас, ё ғизо кам аст, ё [ғизо] ба сабаби хушкӣ ва ё сардии беандозае мухолифи он аст, ки аз ӯ хун зода шавад ва ё [модда] [144] аз сабаби ягон хунравӣ, ё омос ва ё ғайри он ба дигар сӯй ронда шудааст.
[Камхунии] аз сӯи мизоҷ бад-ин гуна бошад, ки мумкин аст мизоҷи тан ва ё пистон хушккунандаи тарӣ бошад, ё мумкин аст нармсозандаи он буда, аз сабаби беандоза обакӣ гардидани тарӣ аз вай хун ба амал наояд, ё аз эътидоле берун омада бошад, ки созгори падид омадани хун аст ва ё мумкин аст ба сабабҳои дигаре вобаста бошад.

Аммо сабабе, ки ҳангоми он хубии хун биравад, чизи аз хун падидоянда табаҳ бигардад ва бар асари он хун барои ба амал омадани хуни шир созгор набошад, зеро шир танҳо аз хуни хуб зода шавад, ғолиб омадани яке аз се хилт – сафро, балғам ва савдо бувад. Сафро аз зардии ранги шир ва тунукию тезии он, балғам аз сафедию обакӣ будани шир ва бӯю таъми турушмаза доштани он ва савдо аз ситабрию камии шир ва зиёдии қуввати он шинохта шаванд. Шубҳае нест, ки хун ба сабаби шиддати бисёрии худ аз таъсири табиат рӯй гардонида, аз он мунфаил нагардад ва табиат ба сабаби нотавонии хеш онро дигаргун кардан натавонад. Ин яке аз он чизҳоест, ки нишонаҳояш пӯшида набошанд. Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки ширу манӣ аз сабаби хушкӣ мисли ришта берун оянд. Ин хунро, агарчи зиёд бошад ҳам, носутудагавҳар бисозад ва он аз барои зода шудани шири фаровон созгор нахоҳад буд ва шире, ки аз он падид ояд, низ носутуда бувад. Чун сабабро донистӣ, аз тариқаи қатъ сохтани он низ бохабар хоҳӣ шуд.
Бидон, ки ҳар чи ки аз қабили ду намуди тударӣ, тухми хашхош, пистони бузу гӯспанд ва ғайра маниро биафзояд, андар бештари танҳо ширро ҳам афзоиш диҳад, ҳамчунон ки ҳар чи ки мисли шаҳдона маниро бикоҳад, ширро низ бикоҳад ва падид омадан нагузорад. Агар сабаби камии шир камии ғизо бошад, ғизоро афзоиш дода, фаровон бисоз ва аз ҷинси ғизоҳои гарми тар ва хубкимус ғизо бидеҳ. Агар сабаб фасоди ғизо бошад, онро ислоҳ сохта, ба ҷинси ёдшуда боз ор. Агар сабаб бисёрии (280) варзиш бошад, онро коҳиш деҳ ва худованди онро осуда бигзор. Агар сабаб коҳиш ёфтани хун ба иллати хунравӣ ва ғайра бошад, онро бибанд ва агар аз бахшҳои фурӯсӯ бирезад, онро ба сӯи барсӯ ва агар аз бахшҳои барсӯ бирезад, ба фурӯсӯ бигардон.
Агар сабабаш фасоди мизоҷи сода бошад, ғизоҳои муқобили он мизоҷ бидеҳ ва ба изофаи он бояд онҳо фаровонкимус бошанд. Агар сабаб хилти табоҳшудаи ғолиб бошад, онро аз тариқе берун бисоз, ки барои ҳар як хилт лозим аст ва ғизои занони сафровимизоҷро аз чизе бисоз, ки моил ба сардию рутубат бошад. Яке аз чизҳое, ки эшонро суд бахшад, оби ҷав бо гулоб ва низ аз тариқи ҳуқна ба кор бурдани тухми бодранг ва тухми хиёри дароз бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ