Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин [моддаҳо] гоҳе андар наздики дил ва гоҳе андар андомҳои дигаре ҷой гиранд, ки чун мағз анбози диланд. Бинобар ин, ҳар гоҳ [мағзро] суддаи пурра рӯй дода, сакта ба амал ояд, ночор беҳушӣ падид ояд. Ин мумкин аст ба сабаби пешгузаштае ва ё нотавонии рӯйдодае вобаста бошад, ки андар меъда ҷой дошта бошад ва [меъда] ба ёрии онҳо қобили ба сӯи даҳони худ кашидани моддаҳои чи сард ва чи гарм бигардад. [Беҳушӣ] мумкин аст ба сабаби бисёрии суддаҳои рагҳои тан андар куҷое, ки набошанд, ба амал ояд. Ин моддаҳои қаттол аксар вақт аз хӯрдану (273) ошомидани ба ифрот ва ба сабаби бадгуворӣ думодум хом мондани таом ориз бигарданд ва аз он ҷой андар тан паҳн гардида, рагҳоро пур кунанд ва роҳҳои нафасро бибанданд.
Ин моддаҳои зиёд низ мумкин аст аз он ҷиҳат ба беҳушӣ ёварӣ кунанд, ки танро аз ғизо маҳрум созанд, чаро ки онҳо роҳи ғизои хубро бибанданд ва худ ба ғизо табдил наёбанд, зеро онҳо ба сабаби бисёрии худ бар табиат пирӯз шуда, аз он мунфаил нахоҳанд шуд. Ба изофаи ин мизоҷи тан ба ёрии онҳо табоҳ бигардад. Ин моддаҳо, ки бо бисёрии хеш ва ё бо бадии хеш беҳушӣ ба амал оваранд, айни моддаҳоеанд, ки агар андар меъда биафтанд, агарчи андак ва камтар бад бошанд хам, тосаву маниши гаштан ба амал оваранд.
Беҳушие, ки аз сабаби истифроғи беандоза падид ояд, аз баҳри он ба амал ояд, ки рӯҳ аз тариқи истифроғ [моддаи берунравандаро] пайравӣ карда, аксарияташ ба таҳлил биравад. Ин [ба сабабҳои зерин вобаста аст]: ба сабаби рафтани шикам ҳангоми зараб, ё пайдарпай исҳол овардан, ё лағжонак будани рӯдаҳову меъда ва ё реши рӯдаҳо; ё ба сабаби қаи зиёд; ё хуни бинӣ; ё рафтани хун аз ягон андоми дигаре чун даҳони рагҳои мақъад; ё ба сабаби ҷароҳат; ё рехтани оби истисқо; ё шикофтани кафгирак, ки аз он якбора моддаи зиёде бирезад; ё ба сабаби рафтани хуни ҳайзу нифос; ё ба сабаби варзиши бисёр; ё андар гармобаи гарми сахт арақовар [бисёр] истодан; ва ё ба ягон сабаби арақоварандаи беандоза қавие, ки мисли гармӣ ба зоти худ ориз шуда, ба зоти худ фоили арақ бувад ва ё чун ковок будани ба ифроти тан ва ё тунукии гавҳару табиати хилтҳо ёвари арақоӣ бувад. Ҳар гоҳ аз сабаби истифроғи хилтҳо беҳушӣ ба амал ояд ва қувваи ҳайвонӣ ҳанӯз қавӣ бошад, ин ҳоло бимнок нест ва ин мисли беҳушиест, ки ҳангоми раг задан ба амал ояд.
Дард ба сабаби беандоза рӯҳро ҳал кардани худ беҳушӣ оварад, чунонки ҳангоми иловус ва қулинҷ, ҳангоми сӯзиши сахти андомҳои ҳассосе аз қабили даҳони меъда, рӯдаҳо ва монанди инҳо, ё масалан, ҳангоми дарди ҷароҳатҳои асабҳо ва решҳои онҳо, газидани каждум ва ё занбӯр ва ҳангоми решҳои пайвандгоҳҳое, ки ба сабаби пайваста ба ҳам совидан моддаҳои ранҷовари андомҳои ҳамҷавор ба сӯи онҳо ҳамерезанд, чунин бувад. Низ, масалан, ҳангоми дард кардани решҳои хазанда [беҳушӣ ба амал ояд], ки ба сабаби тезӣ ва хӯрандагии худ дарди сахт падид оранд ва аз онҳо андомҳо табаҳ шуда, ҳатто ин боиси марг бигардад. Онҳо нахуст ба сабаби дард ва андар охир ба сабаби ниҳоят сахт сард сохтани дил ва ё ба сабаби ба сӯи дил фиристондани бухори заҳрноки фосидкунандаи он беҳушӣ оваранд. Ин [бухор] аз фосид шудани андом ва гардидани он ба мизоҷе, ки зидди мизоҷи муносиби инсон аст, ба амал ояд.
Андар баёни аразҳои нафс мо гуфта гузаштем ва сабаби ба дил зиён расондани онҳоро донистӣ. Аммо омос ё ба сабаби бузургияш, хоҳ андар берун бошад ва хоҳ андарун, беҳушӣ оварад. Вай ба миёнчии гузаронандагии шараёнҳо ва ё ба сабаби андоме, ки андар вай ҷой дорад, масалан, агар андар ғилофи дил бошад ва ё ба сабаби андоми наздик ба дил мизоҷи дилро табаҳ созад.
Агар ин омос ниҳоят бузург набошад, он албатта, мисли таъсири омоси бузурги дур таъсир хоҳад кард. Ё [омос] ба сабаби дарде беҳушӣ орад, ки агар ҳангоми он шиддат ёфта бошад.
Меъда [141] чӣ гуна сабаби беҳушӣ бигардад? Бидон, ки меъда андоми ба дил наздик ҷойгирифта аст. Вай ба изофаи ин сахт ҳассос ва илова ба он маъдани фароҳам омадани хилтҳои гуногун аст. Меъда ё аз он сабаб беҳушӣ орад, ки ё сахт сардӣ оварад, чунонки ҳангоми булимус чунин бошад, ё сахт гармӣ оварад ва ё дарди ниҳоят сахт ба амал оварад. Ё аз он сабаб беҳушӣ оварад, ки андар вай моддаи ситабри бад, сард ва ё газандаи тез, ё решҳо ва табишҳо андар даҳони он ҷой доранд.
Андомҳои дигар чӣ гуна сабаби беҳушӣ бошанд? Бидон, ки андомҳои дигар ё ба сабаби дарде, ки аз онҳо ба дил рафта расад ва ё ба сабаби бухори заҳрноке, ки ба сӯи дил фиристанд, боиси беҳушӣ хоҳанд шуд, чунонки мисли ин ҳангоми ихтиноқи заҳдон падид ояд ва ё ин ки онҳо ба иллати истифроғе сабаби беҳушӣ бигарданд, ки андар онҳо ба амал омада, баробари он рӯҳ аз дил ба таҳлил берун шавад, чунонки ҳангоми заъфи зиёди даҳони меъда ҷунин рӯй диҳад ва ё ба иллати суддаҳое [боиси беҳушӣ шаванд], ки муҷиби баста шудани маҷроҳои андар атрофи дил будаи рӯҳ гардидаанд. Ё ин ки [ин андомҳо] ба сабаби мизоҷҳои табаҳшудаи бади қавие [боиси беҳушӣ шаванд], ки бар онҳо ғолиб омада бошанд, чунонки ҳангоми табҳои сӯзон ва вабоӣ чунин рӯй диҳад. Ин яке аз [беҳушиҳоест], ки ба анбозии ҳамаи андомҳо ба амал ояд.
Бидон, ки беҳушии устуворшударо, хусусан агар то ба дараҷаи кабудии рӯй ва афкандагии гардан расида бошад ва агар гардан қариб бардошта намешуда бошад, хеҷ илоҷе нест. Ҳар киро ҳол бад-ин ҷой расида бошад, (274) баробари бардоштани сар бимирад. Бидон, ки ҳар киро ба миқдори лозимӣ хун бигиранд ва беҳуш шавад ва агар ин на ба рафтани хуни зиёд ва на ба одати шахси рагзадашуда вобаста набошад, пас ё андар тани ӯ бемориест ва ё андар меъдааш нотавонист, ки ё худ ба худ ва ё ба сабаби рехтани ягон чизе андар он падид омада бошад. Пири ба таб гирифторро ҳар гоҳ андар меъдааш моддаи [хом] бирезад, ин боиси беҳушӣ хоҳад шуд. Касе агар андар оғози раг задан беҳуш бигардад, ин ба сабаби ногаҳонӣ будани он ва ҳанӯз одат накардани ӯ бувад. Бисёр бошад, ки ҳангоми буҳронҳо ба сабаби ҷамъ шудани моддаи гарм андар меъда беҳушӣ ба амал ояд. Аксар вақт раг задан ба иллати сардиоварӣ боиси беҳушӣ бигардад.
Нишонаҳо: Нишонаҳое, ки ба сабабҳои беҳушӣ ва дардҳои он далолат кунанд, мувофиқи нишонаҳоеанд, ки аз барои хафақон ёд карда шуданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ