Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин сахт судманд бувад. Агар ҳоҷати [хомӯш кардани гармӣ] шиддат ёбад, аз табошир, сандали зард ва гул як бахшӣ ва аз кофур чаҳоряки як бахш бигиранд. Як ошомиданӣ аз инҳо ба қадри ду дирам бувад.
Нусхаи дигар: се [дирамӣ] аз нашоста, каҳрабо, марворид, бодрангбӯя, палангмушк ва замчи ямании бирён ва панҷ дирамӣ аз гили арманӣ ва кашниз бигиранд. Як ошомидании он як мисқол ва бо оби бодрангбӯя бувад.
Агар ҳол ба ифрот бирасад ва афрӯхтагӣ боло гирифта, бими оғоз ёфтани омос ба миён ояд, мумкин аст эҳтиёҷ водор ба ошомидани тухми луффоҳ ва афюн кунад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки ба бемор то чаҳор дирам тухми луффоҳ ва [ё] ним донг афюн омехта бо доруи атрии аз мушк, уди хом, кофур ва заъфарон сохта ба ҳасби қувват ва ҳоҷат дода шавад.
Илоҷи хафақони сард: Агар андар ин ҳол моддае вуҷуд дошта бошад, истифроғро ба тариқе ба кор бибар, ки бароят баён кардем. Яке аз чизҳое, ки барои хафақони балғамии тари аз ҷумла барои чи андар ноҳияи дил ва чи андар меъда ҷойдошта санҷидашуда аст, ин аст, ки ним дирамсанг ғориқун, [140] як донг дилаи ҳанзал, як дирам турбид, як донг муқл, як тассуҷӣ аз мушк ва заъфарон, як донг уди ҳиндӣ ва аз намаки нафтӣ чаҳоряк дирамсанг бигиранд. Ҳамаи инҳо як ошомидании пурра бувад. Яке аз доруҳои барои хафақони савдовӣ санҷидашуда ин аст, ки як дирамӣ аз ҳалилаи сиёҳ ва кобулӣ, ним дирам афитимун, чаҳоряк дирам санги арманӣ ва се дирам доруи талхи мушкро гирифта, бо шароби райҳонӣ ба андозае, ки инҳо андар он гудохта бигарданд, ба бемор бидиҳанд. Гоҳе ба пайваста истеъмол кардани ёраи фиқро кифоят кунанд ва ба миқдори як мисқол аз онро бо як донг афитимун ва ҳамроҳи сикангубин [ба бемор] бидиҳанд ва инро пайваста давом диҳанд.
Доруҳои дигарсозандаи мизоҷ инҳост: тарёк, масрудитус, доруи ширини мушк ва талхи он, доруи Қайсар, шалисо, гувориши анбар, доруи Қубод, хуррамдоруи бузург, маъҷуни «фирӯзибахш» (272) ва қурсҳои мушк.
Ҳар гоҳ сардӣ авҷ гирад, эҳтиёҷ ба мисли анақардиё биафтад ва аз он ба бемор бидиҳанд. Гоҳе ба бемор додани ба қадри як нахӯд қафторғон338 бо сӣ мисқол тилое, ки андар он забони гов тар карда бошанд, аз барои [сардӣ] судманд бувад. Ба бемор аз оби нахӯд, гӯштҳои гунҷишк, чӯҷа, кабӯтар ва чаковак ғизо бидиҳанд.
Яке аз доруҳои дигари мураккаб, ки санҷидашуда аст, чунин бувад: як дирам забони гов ва як дирамӣ зурунбод ва даруна. Як ошомидании он як дирам буда, андар аввал, миёна ва охири моҳ ва бояд бо шароби райҳонӣ ошомида шавад.
Доруи дигар: Як бахшӣ аз каҳрабо ва гунди бедастар ва ним бахшӣ аз пӯсти хушки турунҷ ва тухми палангмушк, [ё] ки як дирамӣ аз каҳрабо ва буссад ва як дирамӣ аз палангмушк, мехак ва сукк бигиранд. Як ошомидании он ним дирам буда, онро бо фишурдаи пӯсти турунҷи нополида ва ноҷӯшонида биошоманд. Андар ин ҷо доруҳои дигари хубест, ки ба ғоят ва муддати дароз таъсир кунанд ва нусхаҳои онҳо андар Қарободин ёд шудаанд.

Фасли дуввум
андар баёни намудҳои беҳушӣ, сабабҳои
онҳо ва сабабҳои марги ногаҳонӣ

Беҳушӣ ба сабаби нотавонии дил аз кор мондани қисми зиёди қувваҳои ҳаракатдиҳандаву ҳискунанда ва ҷамъ шуда рӯ ба сӯи [дил] ниҳодани ҳамаи рӯҳ бувад. Ин аз он сабаб аст, ки ягон сабабе рӯҳро ба андарун ҳаракат диҳад, ё ягон сабабе ӯро андарун банд бисозад ва ӯ василаи нафас гирифтан наёбад ва ё ба сабаби камӣ ва тунукии худ аз миқдори андар маъдан буда зиёдатӣ накунад.
Ту аз он чи ки то ҳол таҳқиқ кардаӣ, хоҳӣ донист, ки сабабҳои ҳамаи ин берун аз ин нест: ё пурии моддае ҷой дорад, ки бо бисёрии худ дамгир кунад, ё судда аст, ё истифроғест, ки рӯҳро ба таҳлил нест кунад ва ё набудани бадали чизи ба таҳлил нест шуда ва гуруснагии сахт бувад. Касони аз ҳама камтар бар гуруснагӣ тоқат дошта онҳоеанд, ки на ба беморӣ ва на ба тандурустӣ нисбат надоранд ва эшон мисли кӯдакон, касони ба инҳо наздик, пирон ва нав аз беморӣ бархостагон буванд. Аммо касони андар синн ба ҷое расида мумкин аст таҳаммули гуруснагӣ кунанд. Ба гуруснагӣ бардошт кардан андар зимистон бештар аз тобистон бувад. [Сабаби беҳушӣ] ё мумкин аст бадмизоҷие бошад, ки устувор шуда бошад ва ё ба миқдори бузург якбора падид омада бошад, ё мумкин аст дарди сахт, ё нотавонии қувваҳои сарчашмаҳои сарвар, хусусан дил, сипас мағз ва баъд ҷигар бошад, ё мумкин аст нотавоние бошад, ки ба анбозии, масалан, даҳони меъда бо дил ба амал омада бошад ва ё нотавонии тан, лоғариву харобии он бошад. [Беҳушӣ мумкин аст ба сабаби] одамро фаро гирифтани ягон оризаи нафсонӣ ба амал ояд, чунонки андар ҷойҳои дигар бароят ёд шуд.
Бештари инҳо пирон, касони камқувват ва нав аз беморӣ бархостагонро рӯй диҳад. [Беҳушӣ мумкин аст] аз расидани қуввае ба дил ва рӯҳ ба амал ояд, ки гавҳараш зидди мизоҷи онҳо бошад. Мисоли ин ба бинӣ расидани бадбӯии чоҳҳо, ҳавоҳои вабоӣ, чунонки андар поёни табҳо ва ҳангоми табҳои вабоӣ ҳамин гуна бошад, бӯи бади мурда ва ба таври қавӣ ба сӯи дил нуфуз кардани боди самум мебошад. Гоҳе мумкин аст ба анбозии шараён ба амал ояд. Аз ҷумла беҳушие бошад, ки ба сабаби кирмҳо ва ба сӯи даҳони меъда баромадани онҳо ориз гардад.
Акнун бояд инҳоро тафсили бештаре диҳем. Мо бигӯем: моддаҳо 1) ё аз он сабаб беҳушӣ оваранд, ки бисёр буда, маҷроҳои рӯҳро бибанданд, ҳамаи рӯҳро андар дил ҳабс созанд ва қариб онро дамгир кунанд (аз ҳамин қабил рехтани хилтҳои бисёр ва ё хуни зиёд ба сӯи меъда, ё сина ва монанди инҳост ва ё якбора гузаштани моддаи омоси хуноқ, барсом ва омоси шуш ба ноҳияи дил мебошад), ё аз он сабаб беҳушӣ оваранд, ки онҳо аз андоза зиёд андар масомҳо даромада, маҷроҳо ва хусусан [маҷроҳои] андомҳои нафасгириро бибанданд ва гоҳе мумкин аст ин бандшавӣ тамоми рагҳои танро фаро бигирад, ҳарчанд ки ин ба сабаби бисёрии [модда] нест; 2) ва ё [моддаҳо] мумкин аст аз он сабаб беҳушӣ оваранд, ки бо кайфияти ниҳоят сард, ниҳоят газанда ва ё ниҳоят сӯзонандаи худ сӯзиши сахт оваранд. Беҳушие, ки ҳангоми оғоз ёфтани навбатҳои табҳо ба амал ояд, аз ҳамин қабил аст ва сабабаш хилтҳои ситабри часпак, ё газанда ва ё сӯзанда бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ