Қонуни тиб

Агар андар меъда таом табаҳ шуда бошад, ҳамчунин бояд онро бо чизҳое чорабинӣ намуд, ки меъдаро барои гуворидани чизи табаҳшуда қавӣ бисозанд ва мо онҳоро андар боби меъда ёд хоҳем кард.
Баробари бо ин гуна чорабиниҳо қатъ сохтани сабаб бояд андоми зери таъсир монда, яъне дилро низ қавӣ бисозӣ, то таъсир напазирад. Набояд аз ғайри тақвияти андоми зери таъсирмонда танҳо ба қатъ сохтани сабаб пардохта шавад, (270) балки баробари он бояд бо доруҳои қалбӣ пайваста дилро машғул дошт. Яке аз чизҳое, ки ҳангоми хафақон суди бузург дорад, якчанд шаб ҳангоми хоб як мисқол забони гов ошомидан аст. Дигар чизи аз барои он санҷидашуда ин аст, ки ба миқдори як нувот аз мехаки нарро бо дувоздаҳ мисқол шири навдӯшида ношито биошоманд. Ё як мисқол марзангӯши хушкро, агар гармӣ ҷой дошта бошад, бо оби сард ва ё агар гармӣ набошад, бо шароб якчанд рӯз пайдарпай биошоманд.
Яке аз чизҳои барои худованди хафақон судманд ин аст, ки бояд ҳамеша андар бараш ягон хушбӯии аз ҷинси [барояш] созгор дошта бошад, бояд бо он пайваста бахур кунад ва аз бӯиданиҳои аз он сохташуда ба кор барад. Бояд барои каси хафақони гарм дошта бештари таркиби хӯшбӯиҳо аз гул, кофур, сандал ва равғанҳои сард иборат буда, бо андаке аз доруҳои дигари латифи гарме, масалан, бо каме аз мушк, заъфарон ва мехак омехта бошанд, вале агар ин ҳолатро бад мекарда бошад, танҳо бо доруҳои сард басанда кунанд. Агар [беморро] мизоҷи сард бошад, мушк, анбар, равғани бон, равғани турунҷ, оби кофур, ғолия ва монанди инҳо ба кор баранд ва намудҳои гуногуни бахурҳо ва гаштаҳои (нудуд) ба ҳасби мизоҷ созгорро қарини ӯ созанд.
Мо андар баёни муътадил сохтани доруҳои қалбии гарму сард бароят сухани зиёд намегӯем ва ту ҳамаи инҳоро андар ҷадвали андомҳои нафаскашӣ зимни доруҳои сода навишта хоҳӣ ёфт. Умуман, ҳар гуна доруи хушбӯй доруи дил аст. Изофа ба ин мо он доруҳоеро, ки аз миёни ин доруҳо аз барои ин ғараз муқаддаманд, ёд кардем.
Илоҷи худованди хафақони бо маниши гаштан якҷоя, ки «хафақони ӯ бад аст», гуфтем, ин аст, ки хусусан агар боқимондаи таб ҷой дошта бошад, ба ӯ писти ҷаверо, ки нахуст бо оби гарм шуста, сипас сард гардонида бошанд, бо даҳ дирамсанг шакар бидиҳанд. Агар ин қай оварад ҳам, нофеъ бошад. Агар шакарро ба сабаби афзоиш додани маниши гаштан бад бинад, ба ҷои он донаи анор бидиҳанд, андар ин ҳангом пойҳои [беморро] баста, кофур ва дигар чизҳоро бо сирко бибӯёнанд ва бар синааш пораеро андар оби ҳар ду навъи сандал, кофур ва монанди он тар карда биниҳанд. Бисёр бошад, ки хафақон авҷ гирифта, сипас чизе ба фурӯсӯ ронда шуда, ба росту чап паҳн бигардад ва бо ҳамин хафақон ором бигирад.
Илоҷи хафақони гарм: Агар ин хафақон бо модда бошад ва агар онро истифроғ сохта бошӣ ва таъсираш боз боқӣ монда бошад ва ё агар хафақони гарми бе модда бошад, бояд худованди онро ғизоҳои андак ва судманде аз қабили нони андар оби гулу каме шароби райҳонӣ тар карда, ё нон бо шароби себ, шӯрбои себӣ бо дӯғи нав кашидашуда ва ё начандон туруш, каду, тараи яманӣ ва
меваҳои сард дода шавад. Агар таҳаммули гӯшт дошта бошад, ба ӯ қарис ва ҳуломи аз мурғчӯҷа ва хусусан кабк сохташуда бидиҳанд ва кабкро андар ин маънӣ ҳатто барои каси сардмизоҷ ҳам хосияти [хубест. Низ] анвоъи масусҳои аз онҳо сохташударо ба кор баранд. Ҳамаи инҳоро бо фишурдаҳои меваҳо, ғӯра, себи туруш, сиркои қавие, ки бар вай оби гул пошида бошанд ва бо оби бед [бихӯранд]. Агар турушаи турунҷ ва лиму мавҷуд бошад, ин беш аз ҳама судманд хоҳад буд.
Агар ҳолат ва афрӯхтагӣ шиддат ёбанд, ба бемор якқултӣ оби сард ва барфоби омехта бо оби гул бидеҳ. Низ бояд ба бемор як аз паси дигарӣ шароби меваҳо, шароби себи шомӣ ва дигар чизҳои бад-инҳо монанд бидиҳӣ. Агар туро эҳтиёҷ ба афкандани кофур андар онҳо биафтад, чунин бикун. Гоҳе мумкин аст туро чунин зарурат ба миён ояд, ки танҳо ба додани як-ду ратл оби дӯғ кифоят кунӣ.
Агар туро эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бояд онро бо андаке аз мағзи нон ва кок қавӣ созӣ, ҳамчунин бикун. Агар қувватро нотавон дарёбӣ ва туро бими хомӯш гардидани [гармии модарзодӣ] бошад, ночор бо инҳо ва он чи ки ба равиши онҳост, кабоба, қоқула, барги турунҷ, низ кашнизу кофур бо гул ва инчунин табошир биомез, то он муътадил бигардад. Аммо забони говро бо ҷуръат ба кор бибар, аз зиёни он парво накун ва онро андар ҳамаи шаробҳову таомҳое, ки ба бемор ҳамедиҳӣ, ҳамроҳ кун. (271) Ба бемор ошомондани он ва оби ба тақтир ҳосилкардаи он одат шудааст. Гоҳе аз барои ин [беморӣ] якчанд рӯз пайдарпай ба қадри як дирам ошомидани рованди чинӣ бо оби сард судманд аст. Бикӯш, ки ҳаво бағоят сардгардонида ва назуҳот ва бӯиданиҳои хушбӯи кофурию сандалӣ зери даст бошанд. Агар бар онҳо андаке аз шароб ба андозае пошида шавад, ки хушбӯии онҳоро ба сӯи дил бибарад, бад нахоҳад буд.
Яке аз тадбирҳое, ки барои худованди хафақони гарм судманд аст, аз ҳавои гарм ба ҳавои сард бурдани ӯ бувад, зеро ин кор тандурустии ӯро боз орад. Бояд аз молидани зимодҳои сардифизояндае бар дил ғофил намонд, ки аз сандал, оби гул, оби оҳангарон, кофур, гул, табошир ва наск бисозанд. Ин [зимодҳоро] хусусан ҳангоми табҳо бар дил биниҳанд.
Аз ҷумлаи доруҳои мураккаби ҳангоми хафақон судманд ин аст, ки қурсҳои кофури бо заъфарон бударо бо турушаи турунҷе, ки гоҳе андар он барги турунҷ низ афкананд, доруҳои ширини мушк ва хуррамдоруи сард ба бемор бидиҳанд.
Нусхаи аз барои хафақони начандон гарм санҷидашуда: чаҳор бахш табошир, як дирамӣ аз уди ҳиндӣ ва сукк, як дирамӣ аз қоқула ва мехак, ним дирам кофур ва се дирам касироро гирифта, бо оби тарангубин қурсҳои нимдирамӣ бисозанд.
Нусхаи дигар: як бахш даруна, чаҳоряки як бахш кофур, сеяки як бахш сандал, нимбахшӣ аз марворид, каҳрабо, буссад, уди ҳиндӣ, табошир ва гул ва ду бахш забони говро гирифта, бо оби себ сиришта, қурс созанд. Як ошомидании он аз як дирам то як мисқол бувад.
Доруи дигаре, ки андар хомӯш кардани гармӣ қавитар аз аввала бувад: тухми коҳу, тухми коснӣ, табошир, гул, сандал, тухми хурфа, забони гов, кашнизи хушк, буссад, каҳрабо ва марворидро гирифта, аз инҳо ба қадри ду дирам хока ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор