Қонуни тиб

Бинобар ин, агар онҳо сабук бошанд, нишонаҳои хафақон, агар қавӣ бошанд, нишонаҳои беҳушӣ ва агар аз он ҳам қавитар бошанд, нишонаҳои марги ногаҳонӣ буванд. Набз беҳтарин далели он аст. Вай бо фишурдагии худ баробари ба ҷой будани қувват бар моддаи фишордиҳанда далолат кунад ва бо ноҳамвории зиёди худ баробари канда-кандагию хурдии бузург бар ҳал шудани қувват гувоҳӣ диҳад. Аммо дигар далелҳои [беҳуширо] бар дигар ҳолатҳо [пеш аз ин] донистӣ. Умуман, агар беҳушӣ якбора наафтад, ҳангоми он набз нахуст хурд шуда, сипас хун ба сӯи дарун ғайб задан гирад, ранг аз ҳоли худ бигардад, пилкҳо қариб бардошта нагарданд, андар чашм сустии ҳаракат падид ояд, ранг тағйир ёбад, андар пеши чашм хаёлҳои вуҷуднадоштае оянд, дасту пойҳо сард шаванд ва андар тан шабнами сард падид ояд. Гоҳе [баъди ин] беҳушӣ ориз гардад ва гоҳе тамоми тан сард шавад. Агар ягон чизе аз ин нишонаҳо баъди раг задан, ё исҳол овардан ва муддати дароз [таъсир расондани] ягон чизе ба амал ояд, ки ночор боиси дард бигардад, бояд аз ин кор худдорӣ намуда, сабаб бартараф карда шавад, зеро агар ин қатъ карда нашавад, мумкин аст беҳушӣ оварад.
Агар аз барои беҳушӣ ягон сабаби маълуми берунӣ ва ё гузаштае набошад, агар ҳамроҳ бо хафақони думодум бошад ва андар даҳони меъда ягон сабаби муҷиби [хафақон] набуда, вале он гашта, баргашта падид ояд, пас ин беҳушӣ беҳушии қалбист ва устувор шудааст.
Аммо он беҳушие, ки бо маниши гаштану тоса аст, гоҳе мумкин аст меъдавӣ бошад, Ҳар гоҳ беҳушӣ дароз кашида, шиддат ёбад ва ягон сабабе, ки муҷиби он аст, зоҳир набошад, балки ин беҳушии қалбӣ бошад, пас, худованди он ногаҳон бимирад.
Илоҷ: Беҳушии қавиро, ки аз бадмизоҷии устуворгардида падид омадааст, ҳеҷ илоҷе нест. Он беҳушие, ки чунин нест, балки сабуктар аст ва ё ба сабабҳои берун аз дил вобастагӣ дорад, муолаҷашаванда бувад. Худованди беҳушӣ гоҳе ба ҳоли беҳушӣ, гоҳе миёни беҳушию ҳушёрӣ ва гоҳе андар навбате сабуктар аз беҳушӣ бошад. Агар ба ҳоли беҳушӣ бувад, на ҳамеша моро имконият бошад, ки ба қатъи сабаб бипардозем, балки моро эҳтиёҷ ба он аст, ки арази оризшударо бо илоҷи лозими он бартараф кунем. Гоҳе мумкин аст ба ҳасби ду бахши гуногун моро ба ду ҳоҷати ба ҳам зидд эҳтиёҷ афтад:
яке ин, ки аз андомҳо хилтҳоро коҳиш дода, ба истифроғ берун кунем ва дигар рӯҳҳоро бо ғизоҳо афзоиш дода, зиндатар созем, зеро онҳоро ҳалшавӣ ориз шуда бошад.
Бештари беҳушие, ки ориз бигардад, ҳангоми он бояд нахуст ба ғизо додани рӯҳ бо хушбӯиҳо машғул шуд, магар ба ҳангоми ихтиноқи заҳдон ва беҳушии аз он падидомада, ки чунин накунанд, балки бояд ба зери бинии занон чизҳои бадбӯй, хусусан чизҳое гузошта шаванд, ки ба изофаи [бадбӯӣ] барои даҳони меъда созгор бошанд. Бӯидани бодранг андар ин ҳол дорои хосият буда, ҳусусан аз барои илоҷи беҳушии гарми сафровӣ санҷидашуда аст. Коҳу низ чунин бувад. Сипас ба ошомидан ва якқултӣ додани доруҳои қувватро бар пой доранда машғул шаванд.
Агар [беморро шикам] холӣ ва гурусна бошад, раво
нест, ки ба ӯ шароби холис бидиҳанд, балки бояд онро бо оби зиёди гӯшт ва ё бо об биомезанд. Вагарна мумкин аст аз он шӯридагии ақл ва ташаннуҷ ба амал ояд.
Яке аз тадбирҳое, ки ҳангоми бештари навъҳои беҳушӣ аз он чора нест, ин танро аз берун ғафс пӯшидан аст, то ки рӯҳи ҳалшуда боздошта ва фароҳам оварда шавад, ба шарте ки исҳоли ниҳоят қавӣ ҷой надошта бошад ва ё сардии шадиде сабабгор набошад. Агар андар миён сардии намоёни боздорандае набошад, пошидани оби сард, бод додан, ба бемор додани оби сард, хусусан оби гул, пӯшонидани ҷомаҳои бо сандал бахур карда ва баробари ин бӯёнидани хушбӯиҳои сард аксар вақт ӯро ба ҳуш орад. Агар беҳушӣ аз ин [тадбирҳо] қавитар бошад ва аз паси ягон ҳолати ҳалкунандаи ниҳоят гарм ба вуҷуд наомада бошад, бояд андар бинии [бемор] мушк бидаманд, (275) ғолия бибӯёнанд, ӯро бо гашта (надд) бахур кунанд ва агар имконият бошад, ба ӯ як ҷуръа доруи мушк бидиҳанд. Агар сабаб гармӣ бошад, ба кор бурдани атри сард ва бар рӯй пошидани оби сард беҳтар аст. Агар доруе, ки ба кор мебаранд, бештари таркиби он аз мисли кофур, сандал ва чизҳои андар сардифизоӣ қавӣ иборат бошад, аз омехтани андаке мушк бо он боке нест, то ки доруи сард андар баробари мизоҷи гарми озордиҳанда истодагӣ карда, мушк гармии модарзодиро тақвият диҳад. Бояд [бемор] оби сардро якқултӣ бихӯрад ва агар ҳолат бардошт кунад ва онро бо шароби сардкардашудаи тунуки латиф биомезанд, боз беҳтар бувад. Ба изофаи ин бояд думодум даҳони меъдаро молиш диҳанд ва бояд бистари ин [бемор] ва ҳамчунин бистарҳои ҳамаи худовандони беҳушие, ки аз сабаби сард нестанд ва хусусан худовандони диққ андар ҳавои сард ҷой дошта бошанд. Бояд бар дасту пойҳо ва ноҳияҳои андомҳои сарвари эшон пайваста оби гул ва фишурдаҳои сарди маъруф бирезанд. Агар ба эшон шароби сардкарда бидиҳанд, боке нест. Агар андар ин миён ҳукак ва маниши гаштане падид ояд, бояд гармии шахси беморро зиндатар кунанд ва аз тариқи бо пар хорхор кардани гулӯ табиати ӯро барои қай овардан ва рӯҳро барои ба берун ҳаракат кардан ёрӣ диҳанд. Бояд пайваста ӯро биҷунбонанд, ба гуфтор оранд, ҳар қадар, ки баландтар мумкин бошад, фарёд кунанд ва агарчи бо ёрии кундуша ҳам бошад, атса оваранд. Агар ин суд набахшад ва атса назанад, пас, бемор мурда бошад. Хусусан ҳангоми беҳушии истифроғӣ бояд ба бемор бӯйҳои таомҳои иштиҳооварро наздик доранд, вале ба худовандони маниши гаштан ва беҳушие, ки ба сабаби хилти андар даҳони меъда буда падид омадааст, чунин кор накунанд ва ин [бӯйҳоро] ба эшон наздик наоваранд. Бояд ба эшон шаробро ба ҳасби ду ҳолати маълум ё сард карда бидиҳанд ва якқултӣ биошомонанд ва ё гарм карда. Бояд шароб аз ҳама гузарандатар, тунуктар, таъмаш хуштар буда, андар он ҳанӯз бақияи қувваи қабзкунандагӣ боқӣ бошад ва он қувват андар тозагӣ ҳанӯз қавӣ бошад, то ки рӯҳро ҷамъ карда, кувват бахшидан битавонад. Бояд ин [шароб] талхии қавӣ надошта бошад, зеро табиат аз он рӯй хоҳад гардонид ва на ситабр бошад, зеро зуд нахоҳад гузашт.
Бояд рангаш ба зардӣ бигарояд. Вале агар беҳушӣ аз сабаби истифроғ ва хусусан аз сабаби ковокии масомҳо ва дигар чизҳо баамаломада бошад, [шароби] сиёҳранги ситабр дӯстдоштатар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор