Қонуни тиб

Фанни ёздаҳум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ДИЛ,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи якум
АНДАР БАЁНИ МАБДАЪҲО ВА АСЛҲОИ ОН
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи дил
Дил аз гӯшти қавие офарида шудааст, то ки аз офатҳо дур бошад. Андар он намудҳои гуногуни лифҳои қавие ба ҳам бофта шудаанд, ки аз ҳамдигар сахт фарқ доранд:
яке дарози кашанда, яке паҳни ронанда ва дигаре вуреби нигоҳ дорандаанд, то дилро намудҳои гуногуни ҳаракатҳо ҷой дошта бошанд. Андозаи он ба қадри кифоят таъйин шудааст, то ки [беш аз ҳоҷат] фузуну гарон набошад. Онро бузургист, зеро вай растагоҳи шараёнҳо ва овезишгоҳи пайвандҳост ва паҳноист, то ки растагоҳ чизи аз худ растаро устувор нигоҳ доштан битавонад.
Ин бахши дил бартари ду бахш ниҳода шудааст, то ки аз такя кардан бар устухонҳои сина дур бошад ва аз расидани онҳо газанде наёбад. Сари дигари он борик гардонида шудааст мисли ин, ки ба як нуқта ҷамъ шуда бошад, то ки он чи аз он ба сабаби совидани устухонҳо гирифтори осеб бигардад, камтарини бахшҳои он бошад. Ин бахш аз дил аз баҳри он беш аз андоза сахт гардонида шудааст, ки то ҷузви ба чунин бархӯриҳо гирифтороянда устувортар бошад. Шакли дил тадриҷан санавбарӣ гардонида шудааст, то зеру забари он хуб ҷойгирифта ва андар вай фузуние набошад. Дил андар ғилофи ниҳоят сахте ҷой дорад ва ин ҳарчанд ки аз ҷинси парда аст, вале ҳеҷ парда андар сахтӣ бад-он баробар шудан натавонад, то барои он пӯшиш ва паногоҳе бошад.
Ҷирми он аз ин ғилоф ба андозае дур буда, вале ба наздики бун ва он ҷое, ки растагоҳи шараёнҳост, [бо вай ҳамерасад], то ки андаруни он аз ғайри тангӣ ҳис кардан фарох бигардад. Ба наздики буни дил андоме чун пойгоҳ ва андаке ба куркурак монанд ҷой дорад, то ки барои ӯ аз пас пойгоҳи устуворе бошад.
Дил се шикам дорад: ду бузург ва яке мисли миёнчӣ.
Ҷолинус [севвумиро] даҳлез ва гузаргоҳ ҳисобидааст, на шикам. Ин аз баҳри он аст, ки то хазинаи ғизое бошад, ки [дил] аз он ғизо бигирад ва фишурдаю қавӣ буда, ҳамшакли гавҳари дил ва маъдани рӯҳест, ки андар [дил] аз хуни латиф зода шудааст. Миёни ду [шикам] маҷорест,
ки ҳангоми паҳн гардидани дил густариш ёфта, ҳангоми фишурда шудани он дароз бигардад. Пойгоҳи шиками чап баландтар ва пойгоҳи шиками рост хеле пасттар аст. Рагҳои ҷаҳанда, яъне шараёнҳо, ба ҷуз яке дигар ҳама аз ду парда сохта шудаанд. Сахттари ин ду остар аст, зеро он бо заниш ва ҳаракати қавии гавҳари рӯҳе рӯбарӯст, ки нигоҳ доштан, эҳтиёт кардан ва қавӣ сохтани он мақсади [асосӣ] аст. Шараёнҳо аз тиҳигоҳи чапи ду тиҳигоҳи дил растаанд, аз баҳри он ки тиҳигоҳи рост ба ҷигар наздиктар буда, бояд ба кашидани ғизо ва истеъмоли он машғул бошад. Азбаски шиками рости дил [моддаи] ситабри гарон ва шиками чап [моддаи] тунуки сабук андар хеш доранд, ҳар ду сӯй бад-ин гуна баробар гардонида шудаанд, ки шикаме, ки моддаи ситабр дорад ва хусусан, ки он аз сабаби ситабрии модда аз таровидану [135] паҳн шуда рафтани он андар амон аст, тунуктар сохта шудааст ва шикаме, ки [моддаи] тунук андар хеш дорад ва хусусан, ки аз таровида паҳн шудани [модда] эмин нест, мувофиқи тунукии [модда] тангтар сохта шудааст. Хуни аз ҳама муътадил андар [тиҳигоҳи] миёна аст.
Дилро ду фузуниест чун ду гӯш, ки бар фарози даҳонаҳои даромадгоҳи ду модда–хуну насим ба сӯи дил ҷой гирифтаанд. Ҳар ду серасаб буда, ҳангоми фишурдагии дил чин зада, суст бигарданд ва чун дил аз ҳам боз шавад, онҳо кашида шуда, барои танг сохта ба андарун овардани чизи фарогирандаи он ёварӣ кунанд. Онҳо чун ду хизонаеанд, ки [моддаро] аз рагҳо пазируфта, сипас ба андозаи муайян ба сӯи дил бифиристанд. Онҳо тунук гардонида шудаанд, то ки бештар фарогиранда бошанд ва ба фишурда шудан хубтар дода шаванд ва ҳар ду сахт офарида шудаанд, то ки ҳар чи бештар таъсирпазир набошанд.
Дил ҳамроҳи қувваҳои табиии хеш аз тариқи аз ҳам боз шудан ғизо бигирад ва бинобар он хунро ба андаруни хеш чунон бикашад, ки ҳаворо бикашанд. Дил андар миёнҷои сина ҷой дода шудааст, зеро ин муътадилтарин ҷой бувад ва андаке моил ба сӯи чап аст, то ки аз ҷигар дур бошад ва аз баҳри он ки то ҷигарро макони фарох бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор