Қонуни тиб

Ин беҳтар аз оне гуворида гардад, ки бар болои оташ ҷӯшонида бошанд. Низ бояд нармии табиат риоя карда шавад, вале агар [бемор] дарунрав бошад, бояд андар [шир] таросис, агар сурфаи зиёд дошта бошад, андар он як дирамсанг касиро ва агар меъда заиф бошад, андар он зира ва каравиё афкананд. Агар бемори сил шири ҷӯшонидаро гуворида тавонад, ин барои ӯ ғизои кофӣ бувад. Агар ӯро таб оварад, бояд истеъмоли онро қатъ кард.
Ба дӯғ ҳангоми шиддат ёфтани таб ва ҳангоми исҳол эҳтиёҷ биафтад ва он чунин [беморонро] сахт судманд аст. Беҳтаринаш он аст, ки дӯғро баъд аз тамоман гирифтани маска як шаб андар ҷои муътадил бигузоранд. Сипас рӯзи дигар онро нек бизананд, то ниҳоят хуб ба ҳам омехта гардад. Баъд қурсҳои нони аз гандуми сафеди хуб пухташудаи парзадаеро бигиранд, ки ба форсӣ «барозада» ном дорад. Бар даҳ дирами онҳо сӣ дирам дӯғ рехта, бо кафча бихӯранд. Рӯзи дуввум дӯғро ба андозаи даҳ дирам афзоиш ва нонро як дирам бикоҳанд. Ин корро пайваста то ҳангоме давом диҳанд, ки дӯғ танҳо бимонад. Ҳар гоҳ бемор аз дӯғ бениёз бигардад, офият зоҳир гардад ва иллат паст шавад, ин қиссаро сарнагун соз ва пайваста то ҳангоме дӯғро бикоҳу нонро биафзой, ки дӯғ канда шавад. Агар ягон беморе дарунрав бигардад, аз як чанд бор оҳани тофтаро андар дӯғ задан боке нест. Андар ин ҳол мо бояд ба чизе муроҷаат кунем, ки андар Қарободин ёд карда шудааст.
Ғизоҳои чунин [беморон] чизҳои часпакиоварандае аз қабили нони сафед, оши ришта ва оши говарсист. Гуринҷ низ [решро] пок намуда, бисабзонад. Кашки ҷави хуб ҷӯшонидашуда часпакиоварандаи поксозанда буда, хусусан бо харчангҳои пойҳояшон чидашудаи якчанд
бор бо об ва хокистар шусташуда ҳангоми шиддати таб созгор аст. Хусусан бо тараҳои сард ва наск низ [хуб бувад]. Он чи ки бо нашоста, бодранг ва харбуза бисозанд, мумкин аст, ки омадани балғамро осон бигардонад. Агар таб сабук бошад, ҳеҷ чиз мисли каранб, морчӯба ва чизҳои поккунанда хуб нест. Агар моҳии шӯрро як ё ду бор бихӯранд, ҳангоми поксозӣ судманд бувад. Агар реш палид бошад, аз он ва аз ҳар гуна чизи шӯр беморро дур бидор. Ҳар гоҳ эшонро гӯшт доданӣ шавӣ, масалан, гӯшти тиҳу, мурғ, чаковак ва гунҷишк бидеҳ, вале бояд ҳамаи инҳо фарбеҳ набошанд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки бирён истеъмол шаванд, то ки ба таври қавӣ хушкӣ афзуда, сабзиш оваранд. Поча ба сабаби часпакияш ва ҳамчунин моҳии кабобкарда хубанд. Агар [беморон] оби шӯрбо бихоҳанд, бо ангубин омехта бидеҳ.
Агар андар ҷигарҳояшон судда набошад, равост, ки пеш аз ғизо ва баъди он ба гармоба бидароянд, зеро ин кор эшонро фарбеҳ ва боқувват хоҳад кард. Аммо обе, ки эшон биошоманд, бояд аз оби борон бошад. Худовандони силро, чунонки ёд карда шуд, аксар вақт хунпартоӣ ориз бигардад. Яке аз қурсҳои аз барои ин ғараз хубро нусхааш чунин аст: се дирам гили набишта, чаҳор дирамӣ нашоста, гили арманӣ ва гули сурх, шаш дирамӣ каҳрабо ва мурддона, даҳ дирамӣ аз харчанги сӯхта ва тухми хурфа,330 панҷ дирамӣ аз буссад ва касиро, ё табошир ва шодана ва ҳафт дирамӣ аз самғ, дурд ва фишурдаи савсан гирифта, бо оби хурфа ва ё оби гули тоза қурсҳо бисозанд ва бо оби хиёри дароз ва ё оби борон биошоманд. Бисёр вақт бемори сил ба афтидани забонча гирифтор шавад ва пеш аз ин ба фах-фаху хар-хар кардан бидарояд. Гоҳе эҳтиёҷ ба буридани он афтад331. Дурустии инро Худо ҳамедонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор