Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар решҳо андар синаву шуш куҳан бигарданд, ба бемор саҳару бегоҳ лесонидани як кафчаи хурд аз қатрон ё танҳо, ё бо ангубин ва ё бо қадре майъаи тар ва ангубин нофеъ аст. Агар ҳарорат ҷой дошта бошад ва аз истеъмоли доруҳои поккунандаи гарм бим дошта бошӣ ва доруҳои сард фоидае надошта бошанд, шуши рӯбоҳ, тухми бодиён, рубби ширинбаёни полида ва фишурдаи пари сиёвушонро гирифта, ҳамаро бо оби шакари ситабриоваранда ҷамъ соз ва ин ба ғоят [судманд аст]. Ҳангоми ин иллат гоҳе ҷинсҳои гуногуни (259) бахурҳоеро ба кор баранд, ки хушкӣ оварда, пок бисозанд ва онҳоро бо ёрии кулоҳак бахур кунанд. Аз ҷумлаи инҳо зирних ва мурч аст, ки аз онҳо бо сафедии хоя фундуқҳо бисозанд. Дигар аз ин ҷумла барги зайтуни ширин, саргини гови кӯҳӣ, пиҳи гурдаи нарбуз, зирних ва саргини харгӯш аст, ки аз ҳамаи инҳо бахшҳои баробар бигиранд. Дигар, пӯсти хояи мурғ, зирних ва пиҳи гурдаи нарбуз, дигар, зирних ва равғани зарди гӯспанд ва дигар, зирних, зарованд ва пӯсти бехи кабар буда, аз ҳамаи онҳо бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин ва равғани зард ҷамъ созанд. Низ санавбар, борзад ва дурди қатрон ва ё зирнихи зардро бо равғани кунҷид бигиранд. Ҳар гоҳ мизоҷи бемор берун аз андоза гарм шавад, онро якчанд рӯз бо қурси кофур муолаҷа кунанд ва баъди он боз сардиовариро аз сар бигиранд.
Аз ғизоҳо [ба бемор гӯшти] дурроҷе бидиҳанд, ки бо дегафзорҳову хушбӯиҳо хушбӯй карда бошанд. Андар оғози беморӣ аз ошомидани шароби сафеди холис боз надоранд, ба бемор пайваста хушбӯиҳо бибӯёнанд, хобидан, осудаву ором будан, тарки хашму бетоқатӣ карданро барои ӯ лозим бидоранд ва ба ӯ хабарҳои андӯҳангезро нарасонанд Яке аз чизҳое, ки чандин бор андар баданҳои гуногун ва андар кишварҳои мухталиф санҷидашуда аст, ин аст, ки бояд худованди иллат ба қадри тавоноӣ ҳар рӯз пайваста гулангубини шакарии тоза бихӯрад. Агар ба қадри бисёр ва бо нон бихӯрад боке надорад. Сипас бояд ҳолати ӯро зери назар гирифт. Агар нафаси ӯ аз хушкифизоии гул танг шавад, ба ӯ ба қадри ҳоҷат шароби зуфо бидиҳанд ва агар табаш афрӯхта гардад, ба ӯ қурсҳои кофур бидиҳанд. Агар ин илоҷ андар вай ҳеҷ тағйире наоварад, шифо хоҳад ёфт.
Агар бими дурӯғгӯй бароварданам намебуд, андар ин маънӣ ҳикояти аҷиберо нақл ҳамекардам ва он миқдор аз ин доруро, ки як зани ба бемории сил гирифторбуда истеъмол намудааст, меовардам. Ҳоли ин зан ба ҷое расида буд, ки иллаташ дер кашида, ӯро аз пой афтонда буд ва касони омодасозандаи ҷиҳози маргро ба наздаш даъват карда буданд. Бародараш бар болои сараш истода, ӯро бо ин илоҷ муддати дароз муолаҷа кард ва он зинда монда, саломат шуд ва фарбеҳ гардид. Вале ман наметавонам бигӯям, ки он зан чи миқдор аз гулангубинро тановул намуд327.
Гоҳе хушкӣ ва пажмурдагӣ ба истеъмоли ширу дӯғ маҷбур кунад ва андар инҳо сифати ғизобахшӣ, тариоварӣ ва муътадил сохтани хилти табаҳ буда, онҳо бо бахши панирии худ решро часпакӣ бахшанд ва бо ёрии зудояндагии оби худ зардоб ва хунобаро пок созанд. Балки бисёр бошад, ки ин тадбир решҳои бади шушро, агарчи мақсад аз тадбири онҳо сахтӣ овардан набошад, беҳ

кунад. Созгортарин шир шири занон аст, ки аз пистон макида шавад, сипас шири хар ва шири буз биистанд.
Хусусан шири буз ба сабаби қабзкунандагияш [хуб бувад]. Шири модиён низ яке аз чизҳои поккунанда буда, балғам омаданро осон бигардонад, лекин андар он, чунонки пиндоранд, хусусияти часпакиоварӣ нест. Аммо шири гов ва гӯспанд ситабрӣ доранд, вале агар имконият бошад, ки аз пистон макида шавад, бештар созгор хоҳад буд. Бояд ба ҳайвоне, ки аз он шир бигиранд, гиёҳҳое дода шавад, ки ба таъсири онҳо эҳтиёҷ аст. Гиёҳи решро фароҳамоваранда, масалан, садпайванд, авсаҷ, «ресмони бенавоён» ва монанди инҳост. Доруҳои поккунандаи балғамоваранда, масалан, ҳошо, луъбати магаси ангубин,328 девсипист, балки исфидакшир низ буванд. Ҳар кӣ ба ошомидани шир машғул шавад, бояд боқимондаи тадбири ғизои худро риоя кунад, зеро агар андар чизе аз он хато биравад, мумкин аст ин бар сараш бало бигардад.
Бархе аз касони андар пизишкӣ донишманд чӣ гуна ошомидани ширро тавсиф кардааст, ки мазмуни он гуфтаи ӯ бо ислоҳоти даровардаи мо чунин бувад: бояд аз харҳо онеашро ихтиёр кард, ки чаҳор-панҷ моҳ пеш зоида бошад. Сипас хумраро гирифта, бо об бишӯянд. Агар пеш аз ин андар он шир дӯшида бошанд, бояд онро бо оби гарм бишӯянд ва пури оби гарм карда бигузоранд, то ҳар чизе, ки андар он бошад, андар об ҳал шавад. Сипас онро бо оби гарм ва баъд бо оби сард бишӯянд. Баъд хумраро андар оби гарм гузошта андар он ним сукарраҷа шир бидӯшанд ва ин он андозаест, ки андар рӯзи [134] якум биошоманд ва ба шартест, ки иллат329 беосеб бошад. Вагарна ба андозаи тахмину ченаки худ метавонӣ беш аз он бигирӣ. Андар рӯзи дуввум ду чанди ин миқдор ба тариқи мазкур дӯшида, [ба бемор] бидеҳ. Агар табиат андар рӯзи якум сахт шуда бошад, андар шире, ки рӯзи дуввум биошоманд, андаке шакар ҳамроҳ кунанд.
Рӯзи севвум ҳамон кореро кун, ки ба рӯзи якум кардӣ.
Агар андар рӯзи севвум табиат нарм нагардад, ду сукарраҷа ширро бо ду донг намаки ҳиндӣ ва ба миқдори аз ним то яку ним дирам нашоста бидеҳ.
Пайваста [ба бемор] шир дода, миқдори онро ҳар рӯз ним сукарраҷа биафзоянд. Агар рӯзи шашум бирасад ва табиат ҳеҷ нарм нагардад, се сукарраҷа ширро гирифта, бо он шакар ва ё намак, равғани бодом (260) ва нашоста омехта бидеҳ. Агар табиат ба қадри се бор берун рафтан нарм гардад, баъд аз он бо шир чизе омехта насоз ва миқдори ширро коҳиш бидеҳ. Умуман бояд табиат андар як шабу як рӯз на беш аз се ва на камтар аз ду бор нашиканад. Агар аз ин [бемор] фоида бинад, се ҳафта ба ӯ шир додан гир.
Яке аз бохабарон гуфтааст, ки аз ҳама беҳтар ҳангоми ошомидани шири хар ва ё ғайри он ин аст, ки шир андар ҷогаҳи чӯбин бошад. Беҳтарини ин ширҳо шири чаҳорпоест, ки андар ҷойҳои дорои гиёҳҳои латифиоваранда, поксозанда ва қабзу хушкӣ бахшояндае аз қабили афсинтин ва ғайра ва [низ] дермана, қайсум, гесугуна ва марвиҷон чаро карда бошад.
Ҳангоми истеъмоли шири буз беҳтар он аст, ки бо вай андаке об ҳамроҳ карда шавад ва сангчаро як чанд бор сурх карда андар он афкананд, то ин ки бипазад ва бахши обияш биравад.

пешина
аз 1215
навбатӣ