Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо испурч хеле фурӯтар аз дил аст ва андар фурӯтар ҷойгир шудани он манфаатест, ки баъд ёд хоҳем кард. Ин ҳол аз баҳри он аст, ки макони фарохтар додани дил барои ҷигар муҳимтар аз фарохӣ додан ба испурч аст, зеро ҷигар шарифтар бувад. Яке аз мақсадҳои дуртар ҷой гирифтани дил аз ҷигар ин аст, ки (262) то ҳамаи гармӣ андар як ним ҷамъ нашуда бошад; то ки бари чап муътадил бигардад, зеро испурч ба нафси худ чандон гарм нест ва то ки ба раги дарунтиҳии ба сӯяш оянда камтар тангӣ оварад ва барои он як миқдор маконе бошад. Бархе ҷонварон аз қабили харгӯшҳо ва гавазнҳо дили бузург доранду вале рамандаву тарсончаканд. Сабабаш ин аст, ки [дили онҳо] гармии кам дошта, ин [гармӣ] андар чизи зиёд паҳн бигардад ва онро пурра гарм кардан натавонад. Аммо онҳое, ки дили хурд дошта, бо вуҷуди он нотарсанд, аз баҳри он чунинанд, ки гармӣ андар [дили онҳо] зиёд аст ва он ҷамъ гардида, шиддат биёбад. Лекин бештари [ҷонвароне], ки нотарсанд, дили бузург доранд.
Дил таҳаммули ҳеҷ гуна дарду омосро надорад. Бинобар он ҳанӯз ҷонвареро накуштаанд, ки андар дили он офатҳои андар дигар андомҳо падидояндаро ёфта бошанд.
Гоҳе андар дили бархе аз ҷонварони бузургҷусса, хусусан андар [дили] барзаговон, устухон пайдо кунанд. Ин устухон бештар куркуракнамост. Аз ҳама бузургтару азимтар ва бештар сахти онро андар дили фил пайдо кунанд.
Гоҳе дили бархе аз маймунҳоро дусара дарёфтаанд. Аз нишонаи қавӣ будани зиндагии дил ин аст, ки ҳар гоҳ онро аз ҷонвар ҷудо кунанд, то муддате аз тапидан боз намонад. Хато кардааст касе, ки дилро мушак пиндоштааст. Ҳарчанд, ки аз ҳамаи чизҳо бештар ба он монанд аст, вале ҳаракати он ғайри иродист.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои дил

Дилро хосияташ ин аст, ки мумкин аст ҳамаи намудҳои бемории аз қабили намудҳои бадмизоҷӣ андар он падид оянд. [Бадмизоҷӣ] гоҳе бо модда ва гоҳе сода бувад. Модда ва хусусан рутубат мумкин аст андар рагҳои дил ва ё андар миёни ҷирму ғилофи он ҷой дошта бошад. Бисёр бошад, ки андар ин ҷойгоҳ рутубатҳо падид оянд ва пайдост, ки агар онҳо зиёд шаванд, дилро фишор оварда, аз ҳам боз шудан нагузоранд. Дилро гоҳе омосҳову суддаҳо падид оянд. Гоҳе ӯро бемориҳои ниҳод низ ориз бигарданд ва масалан, ӯро чунин рӯй диҳад, ки андар рутубати тангиоваранда дамгир шуда, он [рутубат] ӯро аз ҳам боз шудан нагузорад ва [бемор] бимирад. Ё ӯро аз ҳам боз шудани ягонагӣ падид омада, он ё андар худи дил ва ё андар ғилофи он ориз бигардад.
Агар бадмизоҷӣ андар дил устувор гардад, илоҷ нахоҳад пазируфт, вале агар устувор нашуда бошад, ба осонӣ илоҷ напазирад. Омоси сарди сахт ва ё ковок андар дил кам ва ба нудрат падид ояд, балки бештар андар ғилофи дил рӯй бидиҳад. Агар чунин иттифоқ афтад, ки андар худи [дил] падид ояд, ин [омос] зудтар аз омоси гарм нахоҳад кушт, лекин бо вуҷуди он кушанда аст. Гоҳе [омоси сарди] андар ғилоф аз хилти ситабр падидомада ва ё ғайри сахти аз хилти обӣ падидомада мумкин аст

[беморро] то муддате накушад ва обила карда рим кунад.
Ин мисли ҳолати омоси андар ғилофи дили маймуне падидомада аст, ки онро Ҷолинус ҳикоят кардааст. Он маймун як чанд муддат зинда мондааст ва чун баъди марг ӯро шикофтааст, сабаби ҳолати ҳангоми зиндагияш рӯйдода барои [Ҷолинус] маълум гардидааст ва барои чӣ лоғару заиф гардида будааст. Модом, ки худи дил таҳаммули омосиданро надорад, пас чӣ гуна мумкин аст, ки ҷамъ шудани моддаву рим гардидани омосро таҳаммул кунад.
Ҳар гоҳ андар он решҳои табишмонанде падид оянд, ки қобили таҳаммул бошанд, онҳо, чунонки гуфтаанд, баъди омадани хуни сиёҳе аз бинӣ [беморро] бикушанд.
Гоҳе андар рагҳои дил суддаҳое падид оянд, ки ба феълҳои он зиён бирасонанд. Бемории гусастагии ягонагӣ барои дил беш аз омос таҳаммулнопазир аст. Агар ин [намуди беморӣ] ҷирми дилро ориз гардида, ба сӯи шикамҳо нуфуз кунад, дарҳол [беморро] ба ҳалокат хоҳад расонд.
Агар нуфуз накунад, мумкин аст маргаш то ба рӯзи дуввум дер бикашад.
Гоҳе дилро бемориҳои ба анбозии ғилоф, ба анбозии мағз ва ба анбозии бар, шуш, ҷигар, рӯда, дигар андомҳои дарунӣ ва хусусан меъда рӯй диҳанд. Гоҳе мумкин аст ба анбозии андомҳои дигар ва тамоми тан [бемор шавад], чунонки ҳангоми табҳо ба сабаби навбатҳо ва бухорҷудокунии онҳо [дилро] хафақон рӯй диҳад. Анбозии дил бо дигар андомҳо гоҳе ба сабаби қатъ шудани чизе аз сӯи онҳо бошад, ин мисли анбозӣ бо ҷигар ҳангомест, ки вай ғизои лозимаро фиристодан натавонад ва бо мағз ҳангомест, ки он заиф шуда боиси нафас кашидан натавонистани мушакҳои нафаскашӣ бигардад. Ё мумкин аст ба сабаби расидани чизе аз онҳо бувад: амм [анбозӣ бо] мағз бадин тариқ бувад, ки ҳар гоҳ андар вай хилти савдовӣ фузун шавад ва андар гавҳари мағз гузашта, аз тариқи шараёнҳо ба сӯи дил ояд, ин ба изофаи дигар шӯрандагон аз қабили бадандешию андӯҳ, боиси хафақон ва ё афтидани қуввати [дил] бигардад. Ё масалан, аз [мағз] хилти тар ба ҳамин роҳ ба сӯи [дил] омада, боиси кундӣ, ланҷӣ ва афтидани зиндадилӣ шавад. Аммо ҷигар (263) [бад-ин гуна анбозӣ кунад], ки хуни бади гарм, ё сард ва ё ситабр [ба сӯи дил] бифиристад. Гоҳе мумкин аст [бемории дил] ба сабаби анбозӣ намудан андар сӯзише падид ояд, ки аз тариқи ҳамҷаворӣ расида бошад, чунонки ӯро омоси гарм ва ё сарде ба сӯзиш оварад, ки хусусан андар ғилофи ӯро иҳота карда ва умуман андар дигар андомҳои андарунӣ падид оянд.
Ё ба сабаби сӯзиши даҳони меъда ва худи меъда аз хилти часпаке, ё сӯзандае, ё аз кирм ва кирми «кадудона» ва ё аз қаи сӯзанда ба сӯхтан дарояд ва аз ин сабаб ӯро хафақон падид ояд. Гоҳе мумкин аст ба сабаби анбозӣ андар дарде [бемор бигардад], ки шиддат ёфта, то бад-он рафта бирасад ва бисёр бошад, ки боиси ҳалокат гардад. Ё мумкин аст ба сабаби аз ҷое ба ҷое рафтани модда [бемор бигардад], чунонки ҳангоми хуноқ, ё барсом ва ё омоси шуш модда ба сӯи дил майл намуда, боиси хуноқ бигардад ва [беморро] бикушад. Анбозиҳое, ки миёни дилу ғилоф биафтад, воҷиб нест, ки [беморро] то ба ҳадди ҳалокат бирасонанд, вале агар ин омосе бошад, агарчи гарм набошад ҳам, ҳатман қаттол хоҳад буд. Гоҳе андар худи даҳони меъда паридане ба амал ояд, ки гумон кунанд аз дил аст.332

пешина
аз 1215
навбатӣ