Қонуни тиб

Ҳар гоҳ таом андар баробари маҷрои сурхной қарор бигирад, даҳони нои шуш ва ҳанҷара аз забар бо ком бичаспанд ва ягон миқдор аз чизи андар сурхной расида андар онҳо даромадан натавонад. Бинобар ин таому шароб аз онҳо бидуни он ки чизе аз онҳо андар нои шуш биравад, бигузаранд, вале гоҳ-гоҳе чунин рӯй диҳад, ки даҳон пеш аз ба анҷом расидани ин амалиёт ба фурӯ бурдан бишитобад ва ё таомро чунин ҳаракате ба сӯи сурхной падид ояд, ки боиси ошуфтагӣ бигардад. Андар ин ҳолат табиат пайваста бо ёрии сурфа андар бартараф кардани он бикӯшад. Мо ташреҳи куркуракҳои ҳанҷара ва мушакҳои онро андар Китоби нахустин ёд кардем.283 Шуш аз бахшҳое таълиф ёфтааст, ки яке аз онҳо шохаҳои ной, дуввумӣ шохаҳои шараёни варидӣ ва севвуми онҳо шохаҳои вариди шараёнист. Онҳоро ночор гӯшти ковоки сӯрох-сӯрохи бодие ба ҳам ҷамъ сохтааст, ки аз тунуктарин ва латифтарин бахши хун офарида шудааст284 ва ин дар айни ҳол ғизои ӯ низ бувад. Ин [гӯшт] гузаргоҳҳои зиёд дошта, рангаш хусусан андар шушҳои ҳайвонҳои ба сурати пурра офаридашуда ба сафедӣ бигарояд. Вай аз баҳри он сӯрох-сӯрох офарида шудааст, ки то ҳаво андар он ҷой гирифта бипазад ва фазлаҳояш ронда шаванд, чунонки ҷигар ба қиёси ғизо ҳамин гуна бувад.
Шуш ду бахш аст, яке ба рост ва дигаре ба чап. Бахши чап ду шоха ва бахши рост се шоха доранд. Манфаати шуш умуман аз кашидани насим иборат аст ва манфаати насим кашидан ин аст, ки беш аз андозаи барои як тапиш лозим барои дил ҳаво омода сохта шавад. Манфаати ин омодабошӣ аз он иборат аст, ки то ҳар гоҳ ҷонвар андар об фурӯ биравад, ё ҳар гоҳ овози пайваставу дароз барорад, ки ин кор ӯро аз нафас гирифтан боз дорад ва ё ҳар гоҳ ба иллати ҳолатҳову сабабҳое аз қабили бадбӯии ҳаво ва ғайра аз кашидани насим худдорӣ кунад, ӯро ҳавое бошад, ки аз барои дил пешакӣ омода шудааст. Манфаати ин ҳавои омодакардашуда ин аст, ки бо вазидани хеш гармии дилро муътадил созад ва рӯҳро бо гавҳаре мадад кунад, (210) ки андар мизоҷи вай бештар ғолибият дорад, зеро як худи ҳаво танҳо ба рӯҳ табдил намеёбад, чунонки бархеҳо пиндоранд ва ҳамчунин як худи об танҳо нест, то андомро ғизо бидиҳад. Балки ҳар кадоми ин ду ё бахше аз ғизост, ё чизи гузаронандае, ки [дигар чизҳоро] бигузаронад. Аммо об аз барои ғизои тан ва бод аз барои ғизои рӯҳ аст ва ҳар як аз ғизои тану рӯҳ ҷисми мураккаб аст, на сода.285 Манфаати берун кардани фазлаҳои сӯхтаи рӯҳ, ки онҳо дудиянд, аз он иборат аст, ки шуш аз барои даромадани ҳавои сард холӣ бишавад, зеро ҳавои пеш кашидашуда ночор гарм гардида, барои мӯътадил гардонидани рӯҳ дигар суде надорад.
Аммо панҷа задани рагҳо ва нои шуш бад-ин гуна аст, ки нои шуш ва шараёни варидӣ ҳар ду андар ба амал овардани нафасгирӣ ба ҳам анбозанд, вале шараёни варидию вариди шараёнӣ андар ғизо додани шуш бо хуни пухтаи софе ба ҳам анбоз буванд, ки аз сӯи дил бирасад. Манфаати гӯшт ин аст, ки ковокиҳоро пур кунад ва шохаҳоро фароҳам бидорад. Сӯрох-сӯрох будани он аз баҳри он аст, ки то аз барои кашидани насим созгор бувад, зеро ҳаво на танҳо андар ной нуфуз кунад, балки аз он раҳо хӯрда, ба ҷирми шуш низ бигузарад. [Сӯрох-сӯрох будани гӯшти шуш] барои бисёр ҳаво кашидан мувофақат кунад ва низ барои фишурда шудан ҳангоми рондани ҳаво ёрӣ диҳад ва бо ҳамин барои ҳар ду намуди ҳаракат омода бувад. Бинобар он шуш бо дамидан бидамад. Сафедияш аз барои он аст, ки ҳаво бар чизи мавриди ғизо қароргирифта ғолибият дорад ва андар он бисёр омадушуд кунад.
Бар ду бахш гардидани шуш аз баҳри он аст, ки то ҳангоми расидани ягон осебе ба яке аз ду пораи он нафасгирӣ бекор нагардад. Ҳар як шоха низ бар ду шоха панҷа занад. Аммо шохаи панҷуме, ки андар паҳлуи рост ҷой дорад, ҳамчун фарши нарм аз барои раге хидмат кунад, ки «дарунтиҳӣ» ном дорад ва аз барои нафасгирӣ чандон суде надорад. Азбаски дил [109] андаке моилтар ба сӯи чап ҷой гирифта, фазои паҳлуи чапи сина ишғолшуда аст ва андар паҳлуи рост чунин чизе нест, бинобар он хуб аст, ки андар тарафи рости шуш фузуние ба сифати пойгоҳи рагҳо вуҷуд дорад, зеро бад-он эҳтиёҷ бошад.
Шушро пардаи асабие печидааст,286 то ки ӯро, чунонки ҳамедонӣ, ба навъе ҳис бошад ва чун андаруни он нест, то гирдогирди онро печида бошад, вале худи шуш бо нармӣ ва паноҳандагии худ такягоҳи хубе барои дил бувад.
Сина ба ду тиҳигоҳ бахш шудааст ва миёни онҳо пардае аз ҳам ҷудо созад, ки аз баробари устухони сари сина оғоз ёбад ва аз як тиҳигоҳ ба тиҳигоҳи дигар ягон гузаргоҳе нест287. Ин парда ба ростӣ аз ду парда иборат аст.
Вай аз пушт ба сутунмуҳра ва аз боло ба маҳалле пайвастааст, ки андар он ҷой ду бахши чанбари гардан ба ҳам дучор омадаанд. Мурод аз офаридани ин ду [парда] он аст, ки сина аз ду шикам иборат бошад ва ҳар гоҳ яке аз онҳоро осебе бирасад, дигарӣ корҳои нафасгирӣ ва ғаразҳои онро анҷом бидиҳад. Яке аз манфаатҳои онҳо ин аст, ки сурхной, шуш ва андомҳои синаро бо якдигар баста бидоранд.
Ҳиҷоб: мо сурат ва манфаати онро зимни ташреҳи мушакҳо ёд кардем288 ва он, ба ростӣ яке аз мушакҳост. Вай аз се табақа иборат аст. Миёнгини онҳо ба ҳақиқат ватарест, ки бо ёрии он кори [ҳиҷоб] тамомият ёбад. Табақаи бар фарози он буда ҳамчун асос ва пойгоҳи он пардаҳоест, ки синаро аз дарун пӯшидаанд. Табақаи зерин низ мисли он [ҳамчун пойгоҳи] пардаҳои сифоқ хидмат кунад. Андар ҳиҷоб ду шикофтагист – бузурги онҳо гузаргоҳи сурхной ва шараёни бузург буда,289 хурди он гузаргоҳи раги варидиест, ки «абҳар» ном дорад290 ва ба [ҳиҷоб] сахт овехтаву часпидааст.
Фасли дуввум андар баёни мизоҷҳои шуш, роҳҳои [шинохтани онҳо ва] нишонаҳои ҳолатҳои онҳо
Мо бигӯем: Бар мизоҷи гарм фарохии сина, бузургии
нафас, ки гоҳе ду чандон бигардад, бузургии дамидан, овоз ва гаронии он ва аз ҳавои сард камтару аз ҳавои гарм бештар зиён дидан гувоҳӣ диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор