Қонуни тиб

Фанни даҳум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ШУШ ВА СИНА,
ки аз панҷ мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ОВОЗ ВА НАФАСГИРӢ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи ҳанҷара, нои шуш
ва шуш
Нои шуш андоми аз куркуракҳои бисёре таълифёфта аст, ки мисли ҳалқаҳо ва бахшҳои ҳалқа буда, бар якдигар чида шудаанд. Бахше аз он, ки ба гузаргоҳи аз паси худ будаи таом, яъне сурхной, дучор ҳамеояд, нопурра ва қариб ба шакли нимдоира сохта шудааст ва тарафи буридаи он ба сӯи сурхной гардонида шудааст. Вай бо сурхной ба тавассути ҷисми пардагӣ, на куркуракӣ, ҳамерасад, вале гавҳари куркуракии он аз сӯи пеш ҷой гирифтааст. Ин куркуракҳо бо пайвандҳои пардапӯшшуда ба ҳам ошно гардидаанд ва аз рӯи ҳамаи онҳо аз дарун ва инчунин аз берун ва бар сари аз сӯи даҳону ҳанҷара будаи он пардаиҳамвори каме ба хушкию сахтӣ гароянда кашида шудааст. Сари фурӯсӯви он бар ду бахш аст.
Сипас онҳо ба шохаҳое ҷудо шаванд, ки андар шуш даромада, ҳамҷавори шохаҳои рагҳои ҷаҳандаю ором гардидаанд. Панҷа задани онҳо ба даҳонаҳое поён ёбад, ки аз даҳонаҳои ҳамшакли хеш дида хеле тангтаранд ва баробари онҳо ҷой гирифтаанд.
Ной аз баҳри он аз куркурак офарида шудааст, ки то кушодагии ёдшуда ба ҷой бошад ва нармӣ боиси пӯшида шудани он нагардад, то ки ҳар гоҳ ба сӯи пеш ниҳода гардад, ӯро сахтию офият ҷой дошта бошад ва то ки сахтии он боиси падид омадани овоз бигардад ва ё онро ёварӣ кунад. Аз куркуракҳои бисёри бо парда ба ҳам баста таълиф ёфтанаш аз баҳри он аст, ки то ӯро ҳангоми ҳаво кашидану баровардан ёзидану андарҳам шудан мумкин бошад, ва аз бархӯриҳое, ки аз зеру забар ӯро ориз бигарданд ва аз кашидашавиҳое, (209) ки ӯро ба ду сӯй рӯй бидиҳанд, ранҷ набинад ва агар офате бирасад, густариш ёфта, ӯро пурра фаро нагирад. Аз баҳри он гирда офарида шудааст, ки то ҳар чи бештар ғунҷояндаву солимтар бошад. Бахши бо сурхной расандаи вай аз баҳри он ноқис аст, ки то луқмаи аз он ҷой гузарандаро заҳмат надиҳад, балки ҳар гоҳ сурхной аз барои фарох шудан кашида шавад, [нои шуш] аз сӯи он дур шавад ва гӯӣ тиҳигоҳи он ба сурхной ба орият гузошта шудааст,
зеро сурхной ба густариш пардохта, хусусан ки фурӯбарӣ бо нафасгирӣ тасодуф намеафтад, андар [нои шуш] бидарояд, зеро фурӯ бурдан эхтиёҷ бад-он дорад, ки бахши болоии маҷрои нои шуш пӯшида бигардад, то ки таоми аз сӯи боло оянда андар он наравад. Пӯшида гардидани он аз тариқи бар маҷро хам шудани куркураки хамида ва низ куркураки «беном» номидашаванда сурат бигирад. Модом ки фурӯ бурдану қай кардан ҳар ду эҳтиёҷ ба пӯшида шудани даҳони ин маҷроро доранд, пас, онҳо ба ҳангоми нафасгирӣ воқеъ нахоҳанд шуд.
Аз барои овоз баровардан чизе офарида шудааст, ки «забончаи най» ном дорад. Ба наздики он сари нои шуш танг бигардад, сипас ба наздики ҳанҷара кушод шуда, боз аз кушодӣ ба тангӣ бигарояд ва мисли най сипас ба кушодии васее ба охир расад. Аз барои овоз баровардан аз тангӣ овардани дамбандак чора нест ва ин ҷирми шабеҳ ба забончаи найро кораш ин аст, ки пӯшидаву кушода бигардад, то бо ёрии он захмаҳои овозҳо ба амал оянд.
Сахт офарида шудани пардае, ки нойро аз андарун пӯшидааст, аз баҳри он аст, ки то [нои шуш] бо тезии назлаҳо, хуну балғамҳои бад ва бухорҳои дудии аз сӯи дил ронда шуда кӯшидан битавонад ва то ки аз захмаи овозҳо суст нагардад.
Аммо нахуст ду бахш шуданаш аз баҳри он аст, ки шуш ду бахш аст. Баробари рагҳои ором панҷа заданаш аз барои он аст, ки то аз онҳо ғизо бигирад ва тангии даҳонаҳои он [шохаҳо] аз он аст, ки то ба андозаи насими андар онҳо нуфузкунандае бошад, ки ба сӯи шараёнҳои ба сӯи дил раванда бигузарад ва то ки хуни [шараёнҳо] андар онҳо гузаштан натавонад, зеро агар хун бигузарад, хунпартоӣ ба амал хоҳад омад. Ин буд сурати нои шуш.
Ҳанҷара афзорест, ки то овоз тамомият ёбад ва нафасро бастан мумкин шавад. Андаруни он ҷирмест, ки шабеҳ ба забончаи най бувад ва мо онро ёд кардем. Он бахш аз ком, ки андар муқобили он аст, мисли фузуниест, ки сари найро бо он баста бошанд ва бо ёрии он овоз пурра бигардад.282 Ҳанҷара бо нои шуш ба ёрии сурхной сахт баста аст. Ҳар гоҳ сурхной чизеро фурӯ бурдан хоста, аз барои кашидани луқма ба фурӯсӯ майл кунад, ҳанҷара пӯшида шуда, ба боло бардошта бигардад, пӯшида шудани куркуракҳо бар якдигар қавитар шуда, пардаҳову мушакҳо кашида шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор