Қонуни тиб

Аз доруҳои
содаи хунро боздоранда ва доруҳои олудании аз барои
ин ғараз короям, масалан, зогро гирифта, бимоланд ва ё
[хокаи] онро бар [ҷароҳат] бипошанд. Аз доруҳои билфеъл сардифизой мисли барфоб ва аз фишурдаҳои сарду гирандаи маъруф мисли фишурдаи ғӯра, навдаҳои
ток,281 чукурӣ ва ангури сагак ва оби биҳии турушро [ба
кор баранд]. Яке аз чизҳои санҷидашудае, ки андар ин
бобат ба хосият буда, бояд дарҳол ба кор бурда шавад,
доруест, ки [108] донишманде бо номи Диюҷонис маъруф аз он шаҳодат додааст ва он дору «кӯҳсорак» мебошад. Агар фишурдаи «забони барра»-ро хусусан бо қурсҳои каҳрабо ва гили набишта ба кор баранд, низ чунин бувад. Вале набояд ягон чизе аз инҳо гарм ба кор бурда шавад, балки онҳоро билфеъл сард ба кор баранд, зеро гармӣ бо хусусияти кашандагии худ таъсири доруро бекор бисозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор