Қонуни тиб

[Ҳангоми ин мизоҷ] бештар вақт ташнагии оризшуда аз ҳавои сард аз ғайри ошомидан шикаста шавад. Бисёр вақт ин [мизоҷро] афрӯхтагӣ ва сурфа ҳамроҳӣ кунанд. Бар мизоҷи сард хурдии сина, хурдии нафасу овоз ва тезии онҳо, зиён дидан аз ҳар гуна чизи сард ва бисёр падид омадани балғам далолат кунанд. Бисёр бошад, ки ҳангоми он нафас ду чандон шуда, онро дамкӯтоҳӣ ва сурфа ҳамроҳӣ кунанд.
Бар мизоҷи тар бисёрии фазлаҳо, хастагии овоз, хирхир кардан, хусусан агар ҳамроҳи модда буда, модда ба сӯи боло майл дошта бошад ва на ба сабаби сустии тан аз баланд кардани овоз оҷиз омадан гувоҳӣ диҳанд. Бар мизоҷи хушк (211) камии фазлаҳо, дуруштии овоз ва ба овози куланг монандӣ доштани он далолат кунанд. Гоҳе андар ин ҳол ба сабаби шиддати зичии [модда] дамкӯтоҳӣ падид ояд.
Ҳар як аз ин мизоҷҳо барои шуш гоҳе табиист ва гоҳе аразӣ. Ин ду гурӯҳ андар бархе аз нишонаҳо анбози ҳамдигаранд, вале андар бархе аз ҳам фарқ кунанд. Нишонаҳои муштарак нишонаҳои ёдшудаанд, вале ба истиснои он чи ки баъд оварда шавад. Аммо нишонаҳое, ки бо онҳо фарқ кунанд, ду чиз аст: якум ин ки мизоҷ ҳар гоҳ табиӣ бошад, нишона ҳам ба табъ воқеъ гардад ва агар аразӣ бошад, нишонаи ӯ низ аразӣ буда, ҳамроҳи ӯ падид омада бошад, вале мумкин аст нишона аз ҷинси чизе бошад, ки ҷуз ба табъ воқеъ нагардад. Пас, мисоли нишонаи мизоҷи табиӣ бузургӣ ва ё хурдии сина бувад.
Бидон, ки хостарин далелҳое, ки бар ҳолатҳои синаву шуш гувоҳӣ диҳанд, гармӣ, сардӣ, бузургӣ, хурдӣ, сабукӣ, душворӣ, бадбӯӣ, хушбӯӣ ва дигар ҳолатҳои нафас мебошанд. Андар мисли ин гуна ҳолат овоз ҳам далолаткунанда аст. Масалан, агар офат андар мушакҳо бошад, овози хуноқӣ далолат бад-он кунад, ки вай андар мушакҳои кушоянда ҷой дорад ва овози хаста гувоҳӣ аз он диҳад, ки офат андар мушакҳои фишуранда аст.
[Дигар нишонаҳо] сурфа, хунпартоӣ ва набз аст. Чигунагии далелҳои нафас, чигунагии далелҳои овоз, чигунагии далелҳои сурфа ва чигунагии далелҳои хунпартоӣ бароят баён карда шуданд. Аммо набз ва он чиро, ки ба ҳасби мизоҷҳову бемориҳо барои вай воҷиб меояд, низ донистӣ. Шуш ҳамҷавори дил аст ва аз тариқи ҳолатҳои дил аз ҳолатҳои он огоҳӣ пайдо кардан аз ҳама қавитар бувад. Набз беш аз ҳама бар [ҳолатҳои] он бахши шуш далолат кунад, ки аз паси шохаҳои ной ҳамеояд. Сурфа бар [ҳолатҳои] бахше беш аз ҳама далолат кунад, ки аз паси ной ва бахши гӯштии шуш ояд. Ҳис кардани гаронӣ ба таври махсус далолат бад-он кунад, ки модда андар шуш ҷой дорад. Эҳсоси сӯзишу хала далолати хосси он аст, ки модда андар пардаҳо ва мушакҳост.
Агар хунпартоӣ бо сурфаи сабук бошад, пас, модда ба бахши барсӯвини ной ва тобеоти он наздикӣ дорад. Агар ҷуз ба сурфаи зиёд хун наояд, пас,модда сахт амиқ ҷойгир шудааст. Гоҳе офатҳои андомҳои синаро нишонаҳои андомҳои дуре аз қабили гижа ҳангоми омосҳои ҳиҷоб ва сурхии рӯй ҳангоми омосҳои шуш ҳамроҳӣ кунанд.
Фасли севвум
андар бемориҳое, ки шушро ориз
бигарданд
Шушро бемориҳои хосси [андомҳои] ба бахшҳо яксон ва бемориҳои афзорӣ рӯй дода, хусусан андар рагҳо ва бахшҳои нои он ва хусусан андар рагҳои дурушт ва андар ковокиҳои ҷирмаш суддаҳо ба амал оянд. Инҳо гоҳе аз сабабҳое ба амал оянд, ки боиси ҳама гуна судда, ҳатто пурра пӯшидашавӣ буванд. [Шушро инчунин] бемориҳои анбозӣ ориз бигарданд.
Бемориҳои шуш мумкин аст ҳангоми зимистон ва хазон ба сабаби бисёрии назлаҳо, хусусан агар баъд аз тобистони шимолии хушк хазони серборон омада бошад, зиёд бигардад. Ҳавои сард шушро зиён дорад, вале аз гармии сахт низ озурда бигардад. Бисёр бошад, ки бемориҳои шуш ба бемориҳои ҷигар гузаранд, чунонки шиддати сардӣ ва шиддати гармии он боиси падид омадани истисқо бигардад. Ҳиҷоб ҳам ҳамчунин бувад.
Фасли чаҳорум андар баёни муолаҷаҳои шуш
Бояд он чизеро тааммул намуд, ки андар боби дамкӯтоҳӣ ва нафасгирӣ гуфта шудааст ва бояд [тааммулро инчунин] ба ғайри он ба он бемориҳое равона кард, ки аз ҷиҳати сабаб бо [дамкӯтоҳӣ] анбозанд. Гоҳе шушро бо мисли баланд овоз баровардан ва бод дамидан варзиш диҳанд, то ки аз ин роҳ фазлаҳои он латифтар бигарданд.
Аз барои истеъмоли доруҳои сина ҳайъати хоссест.
Аксар вақт ҳангоми истеъмоли ҳаббҳо ва доруҳои лесиданӣ бояд онҳоро андар даҳон дошта, ҳар чизи аз онҳо оҳиста-оҳиста ҳалшавандаро фурӯ бибаранд, то ки муддати гузаштани онҳо аз назди ной дер бикашад. Инро борҳо такрор бикунанд, то ки [дору] ба ной ва шуш бигузарад. Хусусан агар [бемор] бар пушт бихобад, ҳамаи мушакҳои ба шуш ва ной вобаста суст шаванд. Наздиктарин роҳи майл додани фазлаҳои шуш ин паҳлуест, ки аз паси сурхной ояд. Бинобар ин агар ягон монеае андар миён набошад, аксар вақт аз қай суд бигиранд.
Фасли панҷум андар баёни моддаҳое, ки андар шуш дармондаанд ва ҳукмҳо ва муолаҷаи онҳо
Моддаҳое, ки андар шуш ҳосил шаванд, гоҳе аз ҷинси
рутубат, гоҳе аз ҷинси рим ва гоҳе аз ҷинси хун ва моддаҳои гарми тунук буванд. (212) Моддаҳои андар шуш дармонда ё ба иллати ситабрию часпакие ба душворӣ берун
партофта шаванд, ки ҷудо нагарданд, ё ба иллати тунукияшон ба душворӣ берун партофта шаванд, зеро боди
онҳоро ба тариқи сурфа ронанда ҳамроҳӣ карда натавонад, балки рутубат аз бод ақиб монда, бод онро аз ғайри
кандан пора карда гузарад ва ё ба сабаби бисёриашон ба
душворӣ берун оянд. Агар хилтҳои сина ситабр бошанд,
андар хушконидани онҳо муболаға накунанд, балки ба
нарм сохтану буридан ва дар айни ҳол ҳал кардан бипардозанд. Муҳимтарини ин ду амр бароят бояд буридан
бошад, яъне ба буридан бештар аз ҳал кардан диққат
дода шавад. Андар зимни ҳамаи ин доруҳо оби ангубинро ба кор бибар, зеро он доруҳоро бигузаронад ва зудоишу нармӣ афзояд.291

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор