Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фарқи миёни омоси ҳанҷара ва омоси сурхной ин аст, ки агар фурӯ бурдан мумкин ва нафас гирифтан номумкин бошад, пас, омос андар ҳанҷара ҷой дорад, вале агар баръакс бошад, пас, варам андар сурхной аст. Гоҳе [омоси] ҳанҷара ба ҳадде бузург шавад, ки фурӯ бурдан нагузорад. Гоҳе [омоси] сурхной ба ҳадде гардад, ки нафас гирифтан нагузорад. Ба ҳақиқат тангии нафас аз он омосҳои сурхнойе падид ояд, ки андар бахши барини он ҷой доранд, аммо онҳое, ки андар фурӯсӯви он ҷойгиранд, ҳарчанд душворӣ ва ё тангии нафас падид оранд ҳам, вале боиси боздоштани нафас нахоҳанд шуд, зеро онҳо ба андозае намерасанд, ки нои шуш ва сари онро фишор дода, ҳаворо, албатта, гузаштан намонанд. Агар омос андар сурхной ва мушакҳои андарунӣ ҷой дошта бошад, ба ҳис андар наояд ва забонро ба ком сахт пахш кунад.
Фарқ миёни омоси бади беҳнашаванда ва омосе, ки на бад-он андоза бад буда, андар охири мушаки сурхной ҷой дорад, вале дида намешавад, ин аст, ки ҳангоми он нафас ҷуз ба вақти фурӯ бурдан танг нагардад. Намуди бади омос онест, ки андаруни ҳанҷара падид омада, [104] ягон чизе аз он на аз берун ва на аз дарун ба ҳангоми тааммул кардани гулӯ ба ҳис зоҳир нагардад, балки он сахт фурӯрафта бувад. Сипас он [омосе бад аст], ки аз дарун дида нашавад, вале аз берун дида шавад.
Хуноқи бад зуд нафасгириро боз дорад ва агар худованди он бар пушт бихобад, нафасаш тамоман гирифта шавад, вале агар бар пушт нахобад ҳам, нафасаш ба душворӣ ояд. Вай барои илоҷи нафасгирӣ пайдо кардан ҳамеша гарданашро бароварад, ба ҳар сӯй биҷунбад ва рост истоданро дӯст дошта, бар паҳлу хобидан натавонад. Ҳар гоҳ тангии нафас ва эҳтиёҷ ба берун овардани бухори дудӣ ба ҳадде бирасад, ки қувваи нафасгиранда ҳангоми нафасбарорӣ рутубатҳоро ба берун барорад ва кафк падид ояд, онро умеди шифо ёфтан нест ва набояд муолаҷа кард. Вале мумкнн аст чунин ориз бигардад, ки шахси ба хуноқ гирифтор гоҳ-гоҳе аз даҳон кафк барорад ва сипас шифо ёбад. Ин ҳангоме бувад, ки ҳанӯз қувват ва иштиҳои ғизо ҷой дошта бошанд. Аммо ҳар гоҳ рӯяш сабз ва ҳалқаи чашмонаш сиёҳ гарданд, пас, ӯ ба ҳоли мурдан бошад. Агар набз хурд, дасту пой сард ва забон ситабр бигарданд, низ чунин бувад. Сиёҳ шудани забон яке аз нишонаҳои бад аст.
Агар баробари хуноқҳои бад таби сахт ба амал ояд, марг қариб аст, зеро таб эҳтиёҷ ба нафасгирии зиёд дорад. Андар баёни нишонаҳои марги зуд оянда чунин гуфтаанд, ки ҳар киро хуноқ аст ва ранги бахши пасини гарданаш аз сурхии муқаррарӣ гардида, ба сӯи сафедӣ ва ё сабзӣ бигарояд ва зери бағалу пайғулаҳои ронаш арақи сард кунанд, андар миёни ду рӯз бимирад. Аммо нишонаҳои умедворӣ ин аст, ки сурхӣ ба сӯи берун бигузарад ва бисёр бошад, ки [беморон] чашмонашонро кушода, ба ҳуш оянд. Агар нафасашон дигаргун шуда, ба нафасгирии кӯтоҳ оғоз кунанд, низ чунин бувад. Аз баҳри он ки эшон андар ҳолати шиддат ба дароз кашидани нафас кӯшиш кунанд, то ки ҳаво кам-кам ба андарун бидарояд (201) ва чун кӯтоҳ нафас гиранд, пас, пайдост, ки сабаби тақозокунандаи дароз кашидани нафас аз байн рафтааст ва андомҳо ба ҳолати табиӣ боз омадаанд. Ҳамчунин агар андар паҳлуи муқобил омос падид ояд, ба сабаби бароят маълум умед аст, ки беморӣ [баробари] он [омос] кушода бигардад.
Нишонаҳои [ба дигар бемориҳо] гузаштани хуноқ ин аст, ки андар омос аз ғайри ба берун сар овардан пажмурда шудану ҳалшавӣ ва баробари он осудагӣ мушоҳада карда шавад. Сипас бояд набзро тааммул кард: агар он мавҷии бузург гардида бошад ва баробари он агар сурфа падид омада бошад, пас, [хуноқ] ба омоси шуш табдил шудан дорад. Агар набз бо ташаннуҷ бошад, пас, хуноқ ба ташаннуҷ хоҳад гузашт. Агар набз ниҳоят заиф, хурд ва ноҳамвор бувад, хафақон падид омада, [гармии] модарзодӣ ҳал гардида бошад ва беҳушӣ рӯй бидиҳад, пас, модда ба сӯи дил рехтан дорад. Агар андар меъда дард ва маниши гаштан падид ояд, пас, модда ба сӯи меъда рехтааст. Нишонаи фароҳамоии [рим] ин аст, ки баъд аз гузаштани чаҳор рӯз андаке нармӣ дарёфта шавад. Гоҳе хуноқеро, ки сурхии он андар гардан ва ноҳияи сина падид ояд, чунин ориз бигардад, ки сурхияш нопадид шавад ва ин бар ду рӯй бувад: ё модда ба сӯи андарун рафта бошад ва ё ба сабаби истифроғи модда чунин ҳолат рӯй дода бошад. Агар ба сабаби истифроғ бошад, маҳалли умедворист ва баробари он нафасгирӣ сабук бигардад. Аммо ҳолати дигарӣ бад аст.
Бархе аз нишонаҳои омоси хунӣ нишонаҳои маълуми хун, сурхии забон, рӯй ва чашм, таъми хун дарёфтан, яъне ё ширинӣ ва ё таъме чун таъми шароби қавӣ дарёфтан, дарди сахти тамаддудӣ ва тангнафасии сахт ба шумор раванд. Нишонаҳои омоси сафровӣ инҳост: афрӯхтагӣ; гармӣ; андӯҳи зиёд; ташнагии қавӣ; дарди ниҳоят сахт ва сӯзон; талхӣ; хушкӣ ва бехобӣ. Вале тангии нафас ба андозаи он тангие нахоҳад расид, ки аз хун падид ояд. Гоҳе ранги забон, сӯзиши маҳалли [омос] ва тезии он аз [омоси сафровӣ] гувоҳӣ диҳанд ва андар маҳалли он чизи тези газандае ҳис карда шавад. Дарди омоси сафровӣ камтар аз омоси хунист. Нишонаҳои омоси балғамӣ ба изофаи гармию часпакӣ шӯрӣ ва ё [таъми] бурагӣ дарёфтан аст, аз баҳри он ки ин балғам табаҳ ва гандида бувад. Гоҳе сафедии ранги забону рӯй, камии ташнагӣ ва камафрӯхтагӣ аз он гувоҳӣ диҳанд. Гоҳе забон ба иллати сустӣ берун ояд. Кам биафтад, ки ҳангоми [хуноқи балғамӣ] омос андар ғуддаҳо ба амал ояд. Баробари он дард андак ва ё тамоман нопайдо бошад ва таб падид наояд. Муддати он то чиҳил рӯз бикашад. Агар худованди он бикӯшад, ғизоро ба осонӣ фурӯ бурдан битавонад, зеро чизи фурӯбурда аз миёни бахши сусти [омос] бигузарад. Нишонаҳои омоси савдовӣ сахтӣ, таъми тунд ва туруш ва оҳиста-оҳиста ба амал омадан аст.
Вай гоҳе ба тариқи гузариш мумкин аст аз омоси гарм падид ояд Нишонаҳои [хуноқи] аз хушкии андомҳои нафасгирӣ баамаломада (кадом андоме набошад, фарқ надорад) ин аст, ки рутубати даҳон кам бувад ва аз оби гарм зуд фоида дида шавад, чаро ки он тарӣ оварда, гармӣ биафзояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ