Қонуни тиб

Бидон, ки гоҳе одамро дарде ориз бигардад, ки як ва ё ду сол андар гулӯяш давом кунад. Ин гувоҳӣ аз он дорад, ки андар ноҳияҳои гулӯ фазлаҳо сахт шуда мондаанд.
Фасли ҳафтум гуфтори ҳамагонӣ оид ба муолаҷаҳои омосҳое, ки андар ноҳияҳои гулӯ, ҳанҷара, андар ғуддаҳои гирди онҳоро гирифта ва андар забонча, гулӯпӯшак ва бодомакҳо падид оянд
Нахуст бояд бархе аз моддаи баамаловарандаи онро бо ёрии раг задан ва ё исҳол берун кунанд, моддаро агарчи ба тариқи миҳҷама ниҳодан бошад ҳам, ба ҷиҳати мухолиф кашида, бар ҷойҳои дур ва муқобили [маҳалли модда] миҳҷама гузоранд, дасту пойро ба таври дардовар бибанданд ва аз болои он ба молидани доруҳои қабзкунандае бипардозанд, ки бо чизҳое аз қабили ангубин ҳалкунандаву зудоянда омехта бошанд. Аз ҳама беҳтари онҳо пӯсти гавз ва сипас рубби тут бувад. Бидон, ки баробари оғоз ёфтани дарди забонча ва ё хуноқ агар зуд ба ғарғара кардан бо сирко пардохта шавад, ин яке аз василаҳое бошад, ки [пеши онро] бигирад, [моддаро] пас бигардонад, рутубати зиёд бикашад ва баробари ин онеро боз дорад, ки қариб пайдо шуданист. Аз ин қабил доруҳо, масалан, замч, мозу, гулнор ва ҳар ду навъи анорест, ки онро то ҳал шудан ҷӯшонида бошанд. Аз ҳамаи инҳо доруи лесиданӣ омода кунанд. Яке аз василаҳои аз барои ин ғараз нофеъ тарошидани [мӯи] нармаи сар ва бо фишурдаи ақоқиё тило кардани он бувад. Ҳамаи ин андар оғоз буд. Сипас ба тадриҷ ба истеъмоли доруҳои пазонанда гузашта, аз он ба доруҳои кушояндаи қавӣ бигузаранд ва ҳатто ба тадриҷ то ба навшодир, оқирқарҳо ва он чизе бирасанд, ки баъд ёд хоҳем кард. Яке аз роҳҳои аз барои [хуноқ] судманд андар бинӣ афкандани, масалан, кундуша, қуст, барги харзаҳра ва марзангӯш бувад.
Яке аз чизҳои санҷидашудае, (202) ки бо хосияти хеш ҳангоми омосҳои хуноқҳо, забонча, бодомакҳо ва умуман аз барои андомҳои гулӯ суди азим дорад, ин аст, ки риштаҳо ва хусусан бо арғавони дарёӣ ранг кардаи онҳоро гирифта, бо онҳо афъиро дамгир карда, бикушанд ва сипас онҳоро бар гардани касе бибанданд, ки гирифтори ин омосҳост. Ин кор ӯро суди ниҳоят зиёд, хеле аҷиб ва берун аз андозаи чашмдошт бахшад. Шир чи ба оғоз ва чи ба анҷоми [омос] яке аз доруҳои гиромист, аз баҳри он ки [омосро] бигардонад ва нарм созад ва дардро фурӯ нишонад. Бояд ҳангоми ба кор бурдани доруҳои гиранда ё ҳалкунанда ва ё пазонанда ба ҳолатҳои нармӣ ва сахтии тан эътибор дод, то ба ҳангоми сахтӣ қувваи доруро қавӣ ва ба ҳангоми нармӣ сабук сохт. Ҳамчунин бояд синну сол, мизоҷ, фасли сол ва хӯй риоя карда шаванд. Гоҳе ҳангоми омос ва истирхои забонча ва бодомакҳо ба таври махсус буриданро ба кор баранд, ки мо барои он боби алоҳидае хоҳем овард.
Яке аз намудҳои муолаҷа пахш кардани маҳалли [беморист],268 ки андар се ҳолат биафтад: якум ҳангоми аз ҷой рафтани муҳра, дуввум ҳангоми омосҳои забонча ва бодомакҳо, ки эҳтиёҷ ба бардоштан доранд, то ки наафтанд ва севвум ҳангоми омосҳои балғамӣ, ки ҳар ду гузаргоҳро фишурда бошанд. Бинобар он бо ёрии пахш кардан онҳоро пок карда латиф созанд.
Илоҷи зубҳа, хуноқҳо ва ҳар гуна ихтиноқе, ки аз ҳар гуна сабаб падид омада бошад: Ҳангоми [омоси] гарм боистӣ аз раг задан оғоз кард, вале хусусан агар қувват ба сустӣ рӯй ниҳода бошад, набояд ба якборагӣ хуни зиёд гирифт, балки то рӯзи севвум ҳар як соат баҳра-баҳра ва пайдарпай даҳ [дирамӣ] хун бигиранд. Вале агар қувват рӯ ба сустӣ наоварда бошад, хунро бигузоранд, то ба ҳадди фаро расидани беҳушии қувваҳо бирезад. Ҳангоми баҳра-баҳра хун гирифтан бояд барои нигоҳ доштани қувват кӯшид ва ба беҳушӣ роҳ надод, зеро агар беҳушӣ рӯй диҳад, қуввати [беморон] биафтад ва душвории нафаскашӣ бо афтодагии қувват якҷоя шавад. Хусусан агар онҳо ё ихтиёран ва ё ба зарурат кам хӯрдани ғизоро пеш гирифта бошанд ва хусусан агар андар ин ҳангом таб ҷой дошта бошад, [ин кор ҳеҷ раво нест]. Гоҳе ба ҳангоми раг задан чизи дигареро боистӣ ба эътибор гирифт, яъне мумкин аст ки сабаби ғалабаи хун ҳангоми хуноқҳо баста шудани хусусан хуни одатӣ, масалан, хуни ҳайз ва хуни бавосир бошад. Андар ин гуна ҳолат бояд аз сӯе раг бизад, ки хун ба ҷиҳати маҳалли воқеъшудаи бастагӣ кашида шавад. Масалан, андар [ҳолатҳои ёдшуда] задани софин ва ҳиҷомат кардани соқи пой воҷиб аст.
Ҳар гоҳ хун гирифта шавад, гоҳе [бемории] оризшуда [105] худи ҳамон соат ором ёбад ва гоҳе рӯзи дигар ба дубора хун гирифтан эҳтиёҷ падид ояд. Ба ростӣ, агар ҳолат то ба ҳангоми пухтани [модда] баҳра-баҳра хун гирифтанро таҳаммул кунад, ин беҳтар аст, аз баҳри он ки то қуввати тан боқӣ монда, истифроғ аз худи моддаи беморӣ ба амал ояд ва як чанд рӯз бар хунгирии думодумии даҳ ва панҷ [дирамӣ] кифоят кунанд. Ин нафасгириро сабук хоҳад кард. Ҳамчунин агар пурӣ ҷой дошта бошад ва агар ғарғара кардан боиси дард мешуда бошад, аз бими кашида шудани [модда] ғарғара карданро ҳам ба таъхир андозанд, балки онро баъд аз поксозӣ ба кор хоҳанд бурд.
Як намуде аз зубҳа андар дуртарин бахши гулӯпӯшак падид ояд. Агар пеш аз паст шудани иллат хун гирифта шавад, он [омос] ба маҳалли хуноқ фуруд хоҳад омад. Аксар вақт марҳалаҳои ибтидо, афзоиш, анҷом ва паст шудани хуноқро аз рӯи ҳолатҳои гуногуни фурӯбарӣ, аз қабили афзоиши душвории он, ё як хел будани он ва ё паст шудани душвории он муайян кунанд. То даме ки [беморӣ] рӯ ба афзоиш аст ва ягон зиёне нест, ба андозаи расо хун нагиранд, балки ба қадре кифоят кунанд, ки ёд кардем.
Ҳар гоҳ агар хуноқ на ба анбозии пурии тамоми тан ба амал ояд, балки фазла фақат андар ноҳияи гулӯ вуҷуд дошта, ҳар гуна дамидагие ҳис карда нашавад, раг задан раво нест, балки аз чунин тан сабабҳои ҳалкунандагӣ ва ба бадали зиёд эҳтиёҷ пайдокунандаро дур бидоранд. [Инчунин] ғизоро аз ӯ боз доранд, то ки тан аз барои ғизогирӣ хуни худро ба кор барад ва онро аз сӯи омос ба тавре бигардонад, ки гӯӣ хунро аз он кашида мегирифта бошад. Сипас [омос] ба ҳал шудан ва пухтан оғоз кунад. Агар раг зада шавад, мумкин аст [бемор] та ҳаммули он кардан натавонад ва ночор ғизо бихӯрад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор