Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шадидтаринаш онест, ки андар муҳраи якум бошад. Ин аз ҳама шадид ва тез бувад.
Яке аз хуноқҳои аз тариқи ҳамҷаворӣ падидоянда хуноқест, ки ба сабаби кирм ба амал ояд ва мо онро андар боби душвории фурӯ бурдан ёд кардаем.
Аммо омос ба ҳасби андомҳои ба омос гирифтор чаҳор намуд аст. Ё омос андар мушакҳое бошад, ки аз ҳанҷара берун баромада, ба пеш ва фурӯсӯ гароидаанд ва чунонанд, ки ҳатто омос бинамояд ва андар пешгоҳи гардан, ё сина ва ё сари сина сурхӣ дида шавад. Ё омос андар мушакҳои аз ҳанҷара берунояндае, ки ба сӯи пас рафтаанд ва андар мушакҳои сурхной ба тавре падид ояд, ки сурхӣ ва ранги он аз даруни даҳон бинамояд. Гоҳе мумкин аст аз тариқи анбозӣ то ба сутунмуҳра ва ҳароммағз рафта бирасад. Ё омос андар мушакҳои андарунии сурхной ва чизҳои бад-он пайваста падид омада, аз тариқи ҳамҷаворӣ нафасро тангӣ оварад ва ба ҳис андар наояд.
Ё андар мушакҳои андарунии ҳанҷара ва андар пардаи аз дарун рӯи онро гирифта падид ояд. Ин бадтарини чаҳор намуди омос аст ва низ ба ҳис андар наояд. Гоҳе аз намудҳои омосҳо якчанд – ду ё се намуд ба ҳам ҷамъ оянд.
Сабаби ҳамаи ин омосҳо айни сабаби дигар омосҳост.
Бархе ғизоҳо мисли девсипист хосияти падид овардани омос дорад ва гуфтаанд, ки коҳу ва ё коснӣ подзаҳри он бувад. Гоҳе сабаби пурии тамоми тан андар миён мавҷуд набошад, балки тан пок бошад, вале чун фазлаҳои андомҳои ҳамҷавори андомҳои гулӯ ҷудо бигарданд, омос ба амал оваранд. Ин гуна омосҳоро гоҳе ба намудҳо ҷудо карда гӯянд, ки бархеи он аз берун намудор аст, бархеи дигар агар тааммул карда шавад, аз андаруни гулӯ ба ҳис андарояд, бархе ба ҳис андар наояд, бархе андар сурхной бошад ва бархе андар дохили ҳанҷара. Инро аз тариқи зерин мушоҳада тавон кард: даҳонро васеъ кушода, забонро ба поин фишурда берун оранд.
Ин омосҳо гоҳе аз сабаби хун, гоҳе аз заҳраи зард ва гоҳе аз балғам ба амал оянд. Бештари хафагии нафас падид овардани онҳо аз тариқи мушакҳоро суст карда, пӯшонидани [роҳи нафас] ба амал ояд. Омоси балғамӣ солимтар аст ва зуд ва ба осонӣ беҳ шавад, вале гоҳе мумкин аст чиҳил рӯз бикашад. Бархе аз омоси балғамӣ аз балғами часпаки ситабри сард падид ояд ва бархе аз балғами тунуки гарм. Ин гуна балғам ҳар гоҳ аз сар фуруд ояд (он дар ҳақиқат ҳам аксар вақт аз он ҷой фуруд ҳамеояд), ӯ имконият дорад то ба мушакҳои зерини ҳанҷара бирасад. Аммо омосе, ки аз балғами ситабр хезад, ба сабаби гаронӣ ва кам нуфуз кардани он андар мушакҳои барини ҳанҷара ҷой хоҳад дошт. Кам бошад, ки аз савдо омос падид ояд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки тамоман ориз намегардад, аз баҳри он ки аз як андом ба андоми дигар якбора рехтани он кам рӯй бидиҳад. Вале ба нудрат ҳам бошад, аз эҳтимол дур нест, ки он якбора ва ё кам-кам падид ояд ва сипас боиси гирифтагии нафас бигардад. Гоҳе мумкин аст ба тариқи гузариш аз омоси гарм падид ояд. Ба ҳар ҳол ин бисёр бад аст. Ҳар як омосе, ки гирифтагии нафас оварад, ё бикушад, ё моддаи он ба ҷои дигар гузарад ва ё ҷамъ шуда, рим кунад. Гоҳе андаруни нои шуш варам кунад, вале он на ба андозае бирасад, ки боиси гирифтагии нафас гардад.

Хуноқеро, ки бад аст ва эҳтиёҷ ба пайваста кушода доштани даҳон ва баровардани забон дорад, «хуноқи сагӣ» номанд. Гоҳе хуноқи [аз омоси] мушакҳои андарунии ҳанҷара падидоянда, гоҳе хуноқи [аз омоси] ҳар ду намуди мушакҳо падидоянда ва гоҳе хуноқеро чунин гӯянд, ки аз беҷой шудани муҳраҳо падид ояд. Агар модда ба сӯи шуш бигузарад, мумкин аст хуноқ ба омоси шуш табдил ёбад ва агар модда ба сӯи асабҳо ронда шавад, хуноқ мумкин аст ба ташаннуҷ гузарад. Гоҳе модда ба ноҳияи дил гузашта, [беморро] бикушад ва гоҳе мумкин аст ба сӯи меъда бигузарад. Ҳар каси ба хуноқ гирифтор, ки бимирад, нахуст ӯро ташаннуҷ падид ояд.
Хуноқи сагӣ гоҳе миёни рӯзҳои якум ва чаҳорум бикушад. Хуноқҳо ва бемориҳои бад-онҳо монанд бештар вақт андар баҳори зимистонӣ падид оянд.
Ҳар гоҳ гирифтагии нафас шиддат ёбад, боиси ба бинӣ нафас гирифтан бигардад ва андар ин кор ҳаракати мушакҳои ду паҳлуи бинӣ ёрӣ диҳанд. Низ эҳтиёҷи бештар бад-он бошад, ки агар қувват ёварӣ кунад ва агар нафас баромадан натавонад, сина ва мушакҳои ду паҳули биниро ҳаракат дода, зуд-зуд ва думодум нафас бигиранд. Гоҳе хуноқ ҳангоми табҳои доимӣ падид ояд. Гоҳе ҳангоми табҳо аз обила огоҳӣ диҳад. Гулӯдард низ ҳангоми онҳо, агарчи хуноқ набошад ҳам, [аз обила огоҳӣ диҳад]. Падид омадани хуноқ ҳангоми табҳои тез ниҳоят бад аст, зеро ба ҳангоми [табҳои тез] эҳтиёҷ ба нафас гирифтан ниҳоят зиёд аст. (200) Агар андар рӯзи буҳрон падид ояд, бимнок ва кушанда бувад, зеро буҳрон ҳангоми омосҳои хуноқӣ ночор бикушад.
Нишонаҳо. Аразҳои барои ҳамаи намудҳои хуноқ умумӣ инҳост: тангии нафас; кушода мондани даҳон; ба ҳадде душвор будани фурӯбарӣ, ки ҳар гоҳ худованди он об ошомидан бихоҳад, аз бинияш боз ояд; ва ҷастани чашмон.
Ба ҳангоми намуди сахти хуноқ забон ба изофаи суст ҷунбидан берун ояд ва гоҳе ниҳоят ба берун баромада бигардад. Сухани инчунин [бемор] аз синфи он гуна сухангӯиҳое бошад, ки дар ҳаққи он гӯянд: «Ба бинияш сухан ҳамегӯяд». Вале ин, ба ҳақиқат, баръакс аст, зеро бинии чунин [беморе], ки мардумон одатан ба вай чунин сухангӯиро нисбат додаанд, баста аст ва ӯ ба ҳақиқат бо бинӣ сухан гуфтан натавонад. Аммо дард ҳангоми омоси балғамӣ ва сахт ғайри шадид ва ҳангоми омоси гарм шадид аст.
Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, мумкин аст тамоми гардан ва рӯй бидаманд ва забон ба пеш барояд. Беосебтарин зубҳа онест, ки баробари он нафасгирӣ душвор нагардад. Набзи худовандони хуноқ андар оғоз думодуми ноҳамвор буда, сипас хурд ва гуногун бигардад.
Ҳамаи хуноқҳои омосӣ бад-ин гуна умумият доранд, ки ё бо ҳисси биноӣ ва ё агар андомҳои сурхной ва ҳанҷара сахти дамида ҳис карда шаванд, бо басовандагӣ дарёфта шаванд. Худованди чунин [хуноқҳоро ] ҳолате шабеҳ ба қай хостан падид ояд.
Ҳангоми хуноқи аз беҷой шудани [муҳраҳои гардан падидомада] гардан ба андарун кашида шавад ва андар маҳалли беҷойшудаи муҳраҳо фурӯрафтагӣ падид ояд.
Агар он ҷойро ламс кунанд, дард кунад ва агар [бемор] бар пушт бихобад, чизи фурӯбурдашаванда аз [гулӯ] нагузарад. Фарқ миёни тангии нафаси аз сабаби зубҳа падидомада ва оне, ки аз сабаби омоси шуш падид омадааст, андар он аст, ки тангнафасии ба сабаби омоси шуш буда боиси ба якборагӣ гирифтагии нафас нагардад, вале дигарӣ мумкин аст боиси гирифтагии нафас бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ