Қонуни тиб

Фасли панҷум
андар баёни девча (шулук)
Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки бархе аз обҳо девчаҳои хурди ба назар ноаёне дошта, ин ноаёнӣ боиси беэҳтиётӣ бигардад ва [девча] фурӯ бурда шавад. Девча гоҳе андар беруни гулӯ ва гоҳе андаруни сурхной бичаспад ва гоҳе мумкин аст ба меъда рафта расад. Гоҳе девча хурд буда, ҳангоми хӯрдани он каси нигаранда онро мушоҳада кардан натавонад ва чун муддати муайяне бигузарад ва он ба андозаи кофӣ хун бимакад, ҷисми диданӣ ва ҳаҷми намудор ҳосил кунад.
Нишонаҳо: Нишонаҳояш ин аст, ки ҳар кӣ девча хӯрда бошад, ӯро андӯҳ, тоса ва хунпартоӣ ориз бигарданд.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки каси тандуруст хуни тунук партояд ва ё гоҳ-гоҳе хун қай кунад, ҳолати гулӯи ӯро тааммул кун, шояд андар он девча бувад.
Муолаҷаҳо: Девчаи ба чашм намоёнро гоҳе бо гирифтану кашидан ба гунае, ки баъд тавсиф хоҳем кард, муолаҷа кунанд. Гоҳе агар ба наздики гулӯ овехта бошад, бо доруҳои ғарғаравӣ, агар моил ба сӯи бинӣ бошад, бо бахурҳо ва доруҳои андар бинӣ афканданӣ ва агар фурӯтар ва ё андар меъда рафта бошад, бо доруҳои қайоваранда, доруҳои исҳоловарандаи кирм ва монанди он муолаҷа кунанд. Гоҳе аз барои он ҳилаҳои дигаре ба кор баранд.
Аз ҷумла шахс андар оби гарм ва ё андар гармобаи гарм, хусусан баъд аз хӯрдани сир нишинад. Сипас як чанд бор гоҳ-гоҳе оби бо барф сард гардонида ба даҳон бигирад, (198) то ки девча аз гармӣ гурехта, ҷои овехтаашро тарк кунад ва рӯ ба сӯи сардӣ оварад. Агар эҳтиёҷ бадон афтад, ки то бими беҳушӣ фаро расидан бар гармӣ сабр карда шавад, чунин кунанд, зеро ин аз барои муолаҷаи девча тадбири ниҳоят хубест. Бисёр бошад, ки танҳо хӯрдани сир ва даҳонро андар баробари оби бо барф сардкарда боз дошта андар офтоб нишастан суд бахшад.
Бархеҳо худованди девчаро шабгаз ва навъе аз пашшаи сурхи хуние биошомонанд, ки ба канаи тунукпӯст монанд буда, гоҳе баробари даст расондан, ҳатто агар оҳиста бошад ҳам, бикафанд. Онро бо сирко ва ё шароб бидиҳанд ва ё онро бо ёрии кулоҳак ба гулӯ бахур кунанд. Шояд ин ҳамон [ҷонварест], ки андар ватани мо «анҷал»-аш хонанд. Агар як худи сиркоро хусусан бо намак дам кашанд, мумкин аст [девчаро] аз гулӯ берун орад.
Аз ҷумлаи василаҳои ғарғара инҳост: бо сирко ва ангужади танҳо ва ё ҳамроҳи намак ғарғара кунанд; бо хардал ва ду чанди он бура ва ё бо хардал ва як чанди он навшодир ғарғара кунанд; ё бо дермана ва ним баробари он гӯгирд, ё бо афсинтин ва як чанди он сиёҳдона ва ё бо сиркои хамрие ғарғара кунанд, ки андар он сир, дермана, боқилии мисрӣ, ҳанзал ва сарахс ҷӯшонида бошанд.
Ё ба миқдори ду уқия сиркои хамриро гирифта, андар он се дирам бура ва ду дандонаи сир биафкананд. Бо фишурдаи барги ғарб (маҷнунбед) ғарғара кардан аз барои берун кардани девча хосияти хуб дорад. Ғарғара кардан бо сирко ва ангужад, ё бо қалқатор ва об низ ҳамчунин аст.
Агар девча андар меъда бошад, бояд доруи зерин ошомонида шавад: аз дермана, қайсум, афсинтин, сиёҳдона, боқилии мисрӣ, қуст, дилаи баранги кобулӣ ва сарахс ду дирамӣ гирифта, бо сирко биомезанд. Инчунин худован
ди девчаро сир, пиёз, ё каранб, ё пудинаи рӯдии тар ва хардали хушбӯй ва ҳар гуна чизи тезу тунд задашуда бидиҳанд. Сипас баъди ин кор агар қай кардан битавонад, қай оваранд. Агар ба осонӣ қай кардан натавонад, чизи шӯри тез бидиҳанд. Агар девча андар бинӣ овехта бошад, бояд сирко, сиёҳдона, фишурдаи хиёри даштӣ ва харбақ андар бинӣ афкананд. Агар канда шудан ориз бигардад, худованди он бояд аз дод задан ва сухан гуфтан эҳтиёт кунад. Агар ӯро хун ҷорӣ шавад, ё гардондан ва ё исҳол ориз гардад, ҳар кадомро бо чизе муолаҷа кун, ки андар боби он ҳамедонӣ. [103] Суринҷонро барои бартараф кардани он хосияти махсус аст.
Чигунагии бо колбад гирифтани он бад-ин гуна аст, ки каси девча хӯрдаро андар офтоб нишонда, даҳонашро боз кунанд, забонашро бо сари миле, ки чун кафлез аст, ба поин бифишоранд. Чун девча намудор гардад, колбадро андар буни гардани он биниҳанд, то ки канда нашавад. Ин колбад ҳамон колбадест, ки бо он бавосирро бикашанд.
Фасли шашум андар баёни хуноқҳо ва зубҳа
Хуноқ аз гузаштан ба сӯи шуш ва дил боз мондани нафас бувад. Ин бемориест, ки аз сабабҳои зиёд, масалан, аз ошомидани доруи хуноқовар ва доруи заҳрӣ ва ё аз баста гардидани хун андар бархе аз андомҳои андарунӣ падид ояд, вале гуфтори мо ҳоло андар баёни он хуноқест, ки ба ягон сабабе аз қабили омос, ё пӯшида шудан ва ё ҳаракат карда натавонистани афзорҳои нафасгирӣ вобаста буда, он андар худи афзори нафасгирии ба ҳанҷара наздик рӯй дода бошад. Ту худ ҳамедонӣ, ки омос судда биоварад ва агар андоми андар ҳамсоягӣ бударо фишор диҳад, гузаргоҳҳои ҳамсояи дигарашро низ судда хоҳад овард. Низ ҳамедонӣ, ки мушакҳои ҳаракатдиҳандаи андомҳо, ки ҳаракати ба сӯи [андомҳо] кашидани ҳаворо ба амал биоваранд, яъне мушакҳои ҳанҷара, чунонки мо онҳоро андар боби нафасгирӣ ёд хоҳем кард, ҳар гоҳ ба сабаби хушкии бар онҳо ва атрофиёни онҳо ғолибомада, ё ба сабаби суст шудан, ё ташаннуҷ ва ё ба сабаби офати дигаре аз ҳаракат додани он [афзорҳо] оҷиз оянд, ҷонвар бо вуҷуди он ки роҳи нафасаш баста нест, нафас гирифтан натавонад.
Пӯшида шудане, ки ба фишори [андоми] андар ҳамсоягӣ буда вобастааст, гоҳе бад-ин сабаб ба амал ояд, ки муҳраҳои аввали гардан ба иллати кӯфт хӯрдан ва ё афтидан ба сӯи андарун бираванд ва инро ҳеҷ илоҷе нест. Ё ба тариқи анбозӣ ба сабаби омоси мушакҳо ва пайвандакҳои ҳанҷара267 ва ё мушакҳо ва пайвандакҳои сурхной, ё ба иллати ягон сабабе, ки [ҳанҷараро] ба сӯи андарун кашида бошад, ё ба сабаби ташаннуҷе, ки ӯро ориз шуда, низ [ба сӯи андарун] кашида бошад ва бадтарини ин ташаннуҷи хушк аст ва ё ба сабаби офати дигаре аз қабили офатҳои асаб, ки ӯро барои [хуноқ] омода сохта бошад, [хуноқ] падид ояд. Бештари он чи ки аз ин ориз бигардад, кӯдаконро ориз бигардад, аз баҳри он ки зардпайҳои эшон нарманд. Аз ҳама хатари бузург он навъерост, ки андар муҳраи дуввум ва он чи ки бар фарози вай аст, падид ояд, вале агар (199) андар фурӯсӯви он биафтад, бехатартар хоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор