Қонуни тиб

Фанни нуҳум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ГУЛӮ,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА
Фасли нахустин
андар ташреҳи андомҳои гулӯ
Мо гулӯ гуфта, фазоеро бихоҳем, ки андар он гузаргоҳи боду ғизо ҷой дорад ва дорои фузуниҳое бувад, ки онҳо аз забонча, бодомакҳо ва ғалсама иборатанд. Ташреҳи сурхной ва ташреҳи ҳанҷараро донистӣ. Аммо забонча гавҳари гӯштии бар болои ком266 ҳамчун парда овезон аст. Манфааташ ин аст, ки ҳаворо ба тадриҷ бигузаронад, то ки сардии он якборагӣ ба шуш наафтад ва низ аз барои он аст, ки дуд ва ғуборро бигардонад ва садо ба вай бархӯрда, қавитар ва бузургтар шавад. (197) Вай гӯё дарест бар баромадгоҳи овоз, ки ба андозаи он пӯшида шавад. Бинобар он бурида шудани он овозро зиён дошта, шушро барои пазируфтани сардӣ, ранҷ ва сурфа омода созад.
Бодомакҳо гӯштҳоеанд, ки андар бехи забон аз сӯи боло растаанд ва гӯӣ чун гӯшакҳои хурдеанд. Онҳо ду пора гӯшти асабии ғуддамонанданд, то ки ҳар чи бештар қавӣ бошанд. Онҳо аз як ҷиҳат ҳамчун ду асл барои гӯшҳоянд ва роҳи сурхной аз миёни онҳо бигузарад. Манфаати бодомакҳо ин аст, ки онҳо ҳамчун ганҷина андар сари нои шуш ҳаворо кундтар ҳамесозанд, то ҳангоми бод гирифтани дил ҳаво ба якборагӣ зада, ҷонварро дамгир насозад.
Гулӯпӯшак гӯшти пардагиест, ки аз зери забонча бо ком часпидааст ва аз болои сари нои [шуш] овезон буда, онро бипӯшонад. Бар фарози гулӯпӯшак фоиқ ҷой гирифтааст. Ин устухони чаҳоршоха буда, ду аз забар ва ду аз зер бувад.
Нои [шуш] ва сурхнойро баъд, ҳангоми ташреҳи онҳо ёд хоҳем кард.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои андомҳои гулӯ
Ҳар як аз ин [андомҳоро ] бемориҳои мизоҷӣ, омосҳо ва азҳам боз шудани ягонагӣ ориз бигарданд.
Фасли севвум
андар баёни таоме, ки
андар гулӯ бимонад ва монанди он
Ҳар гоҳ чизе дорои ҳаҷм андар гулӯ бимонад, бояд нахуст миёни ду китф аз паси гардан пайдарпай бикӯбанд. Агар ин суде набахшад, бо қай овардан ёварӣ кунанд. Гоҳе андар ин хатар бувад.
Фасли чаҳорум андар баёни хор ва он чи ки ба равиши ӯст
Аммо ҳангоми [дар мондани] хор, пораҳои чӯб, устухон ва монанди он бояд нигарист, ки агар онро дидан мумкин бошад ва агар бо пар, ё чангаки най, ё зеҳи дуқабатаи камон бад-он тавон расид, аз ин роҳ вайро ё биронанд ва ё бикашанд. Агар афзори хоркашӣ ба он бирасад, беҳтар он аст, ки бо вай берунаш оранд, чунонки баъд тавсиф хоҳем кард. Агар аз ҳисси [биноӣ] ғоиб бошад, бояд аз болои он ошомҳои лағжонанда дам кашид.
Агар ин суд набахшад, бо ангушт, пар ва дору ҳукак ва қай биангезанд.
Яке аз василаҳои санҷидашуда ин аст, ки ҳар рӯз як дирам сафоли сударо бо оби гарм ошомида қай кунанд.
Ин чизи дармондаро бигардонад. Беҳтар он аст, ки баъд аз пурӣ таом хӯрдан қай оваранд. Гоҳе пораи гӯштро бо риштаи боқувват сахт баста фурӯ баранд ва сипас чун онро бикашанд, чизи дармонда берун ояд. Агар анҷири хушкро бо ришта баста, андаке бихоянд ва сипас фурӯ баранд, низ чунин бошад. Гоҳе бо рубби ангӯре ғарғара кунанд, ки андар он анҷир ҷӯшонида бошанд ва ин чизи дармондаро аз ҷояш ҷудо кунад. Низ гулӯро аз берун зимодҳое бимоланд, ки қобилияти пазонандагӣ ва кушояндагии сабук доранд, то ки маҳалли [чизи дармонда] кушодатар бигардад ва хор ва ё он чи ки ба равиши он аст, худ ба худ берун шавад. Мисоли ин зимодест, ки аз орди ҷав бо равғани зайтун ва оби ширгарм сохта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор