Қонуни тиб

Ғизои [беморро] аз поча ва хояи нимбиришт созанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни омосҳои лабон ва решҳои онҳо
Ба ҳангоми [омосҳову решҳои лаб] нахуст ба истифроғи хилти ғолиб бипардозанд ва сипас доруҳои хосси ин мавзеъро ба кор баранд. Аммо омосҳои [лаб] аз ҷиҳати ҳукм ба омосҳои вора наздикӣ доранд, вале ниёзмандии онҳо ба илоҷи қавитар андаке бештар аст. Доруҳои маҳаллии решҳоро аз [моддаҳои] гиранда, масалан, аз ҳалила, ҳузаз, тухми гул, гавзи сарв ва бехи куркум омода созанд. Гоҳе андар таркиби инҳо даҳана, нохуни сӯхтаи буз, мушки заминии сӯхта,265 дудаи фароҳамоварда ва ушна бидароянд. Аз равғанҳо ҳангоми [омоси лаб] равғани зардолу ва равғани гавзи ҳиндиро ба кор баранд.
Фасли дувоздаҳум
андар баёни бавосири [лабон]
Агар андар он бавосир ҷой дошта бошад, [доруи зерин] суд дорад: аз рими оҳан, мурдосанг, сафеда, заъфарон ва замч бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо бо мум ва равғани гавзи ҳиндӣ ва ё равғани бодом марҳам омода созанд.
Фасли сездаҳум андар баёни паридани лабҳо
Ин бештари вақт ба анбозии меъда ва хусусан ҳангоме ориз бигардад, ки андар меъда маниши гаштан ва ё майли чизеро аз тариқи қай бароварда партофтан ҷой дошта бошад. Ин хусусан ҳангоми бемориҳои тез ва ҳангоми буҳронҳо ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст ба анбозии асабе бошад, ки аз мағз ба сӯи лабон ояд ва [инчунин ба анбозии асабе] бошад, ки аз ҳароммағз ба мушоракати мағз ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор