Қонуни тиб

Низ хокаҳоеро, ки андар таркиби онҳо зарованд, қалқатор, туполҳо ва зирнихҳо бидароянд, [ба кор баранд]. Агар [омоси хӯранда] миёна бувад, аз оқирқарҳо ва бехи савсан як бахшӣ ва аз тутум, мозуи сӯрохнокарда, гулнор ва замч ду дирамӣ гирифта, бисованд ва аз онҳо хокаи дандон сохта, аз барои хӯраи миёна ва носурҳо ба кор баранд. Инчунин гулнор ва рими оҳанро гирифта, бар вора зер кунанд. Сипас бо сиркои унсулӣ ва ё сиркое мазмаза кунанд, ки андар он барги зайтун ҷӯшонида бошанд. Низ бар маҳалли омосхӯрда филуниё, ки хеле хуб аст, [маъҷуни] пудинагӣ ва маъҷунҳое биниҳанд, ки гандагиро пешгирӣ кунанд ва қисми падидомадаи онро ҳал созанд. Яке аз онҳо маъҷуни испандӣ бувад. Агар инҳо суд набахшанд, аз истеъмоли фалдафиюн чора нест. Яке аз доруҳои ба он наздик низ доруи зерин аст: аз замч, оҳак, мозу ва ду навъи зирних баробар гирифта, як донги онро баъд аз хуб совидан [бар вора] нек бимоланд ва як соат сабр кунанд, сипас бо равғани гул мазмаза кунанд. Гоҳе андар он ақоқиё афкананд.
Агар аз он қурсҳо сохта, хушк кунанд ва барои зарурат омода созанд, хуб бувад. Гоҳе мумкин аст бар ду навъи зирних, оҳак ва ақоқиё кифоят намуда, аз онҳо қурс бисозанд.
Гоҳе доғниҳии ёдшударо ба кор бурдан мумкин аст суд бахшад ва ин яке аз василаҳое бошад, ки хӯраро резонда, гӯшти дуруст бирӯёнад. Сипас хокаи аз мозу сохтаро бо се [бахш] аз мурр ба кор баранд, ки ин гӯшт бирӯёнад ва вораро мустаҳкам созад. Боз кардани чаҳорраг андар ин бобат судманд аст.
Фасли панҷум андар баёни ганди вора
Илоҷ: Илоҷи ин андар боби ганди даҳон ёд шуд.
Фасли шашум андар баёни коҳиши гӯшти вора
Аз кундури нар, зарованди гирд, хуни сиёвушон, орди говдона ва бехи савсан бахшҳои баробар гирифта, онҳоро баъди совидан бо ангубин ва сиркои унсулӣ сиришта, ба тариқи молиш додан ба кор баранд. Гоҳе даҳ дирамсанг орди говдонаро бигиранд ва бо ангубин сиришта, қурс созанд ва бар хишт ва ё сафоли андар зери танӯр гузошта биниҳанд. Ё онро ба тариқи нон андар танӯр бибанданд ва то ба дараҷаи суда шудан бирасад ва бисӯзад. Вале онро ба сӯхтан нарасида гирифта,бисованд ва бар вай чаҳор [дирам] хуни сиёвушон, як чанди он кундури нар ва ду дирамӣ зарованди гирд ва бехи савсани осмонгун афканда, ҳамаи онҳоро ба намудҳои ёдшуда аз барои дандонҳо ба кор баранд.
Фасли ҳафтум андар баёни истирхои вора
Агар андак бошад, бо обе мазмаза кардан кифоят кунад, ки андар он ба ҳасби мизоҷ доруҳои қабзкунандаи гарм ва сард ҷӯшонида бошанд. Яке аз чизҳое, ки ба ҳангоми [истирхои вора] ниҳоят суд дорад, замчи андар сирко ҷӯшонида бувад.
Агар бисёр бошад, беҳтар он аст, ки нештар бизананд
ва бигузоранд, то хун биравад ва баробари он хуни ҷудошударо берун афкананд. Сипас, баъди ин кор ҷӯшонидаи чизҳои қабзкунандаро ба ваҷҳе мазмаза кунанд, ки қабл аз ин ёд шуд. Яке аз ҷӯшонидаҳои аз барои ин ғараз созгор ҷӯшонидаи зерин аст: се дирам газмозуи кӯфта, ду дирам барги ҳино ва як дирам заровандро гирифта, [биҷӯшонанд ва оби] нимгарми онро ба кор баранд. Ё аз гулнор ва пӯсти анор шаш [дирамӣ], аз ҳар ду навъи зирних ва замчи яманӣ се [дирамӣ], аз гул ва тутуми бағдодӣ ҳашт [дирамӣ] ва аз сунбули хушбӯй ва шукуфаи гӯргиё даҳ [дирамӣ] гирифта, аз он доруи олуданӣ ва часпонданӣ бисозанд. Задани чаҳорраг аз барои ин судманд аст.
Сифати доруи часпондание, ки аз барои ин ғараз дуруст буда, баъд аз мазмаза ба кор баранд: Аз гули бо кулоҳак ва мурч ҳафт [дирамӣ], аз ҷафти булут, гулнор ва донаи сабзи мурд чаҳор [дирамӣ], аз харнуби набатӣ, тутуми поккарда ва армок панҷ [дирамӣ] ва ё ба ҷои армок ҳашт [дирам] мӯрд бигиранд. Гоҳе ба ком ниҳодани ёраи хурд бо сиркои унсулӣ ва сиркои ҳанзал мазмаза кардан ва ба кор бурдани хокаҳои қавӣ суд бахшанд. (196) Фасли ҳаштум андар баёни гӯшти зиёдатии вора
Бар он қалқанд ва мурр биниҳанд. Инҳо [гӯшти зиёдатиро] нест кунанд ва бигудозанд.
Фасли нуҳум андар баёни лабҳо ва бемориҳои онҳо
Лабҳо ҳамчун сарпӯши даҳон ва дандонҳо ва нигоҳ доштани луоб офарида шудаанд. Онҳо мардумонро барои сухан рондан ёрӣ диҳанд ва [низ] барои зебоӣ буванд. Лабҳо аз гӯшт ва асабҳое офарида шудаанд, ки онҳо пораҳои мушакҳои гирди онҳоро гирифта буванд.
Фасли даҳум андар баёни кафидагиҳои лабҳо
Доруҳои ҳангоми муолаҷаи кафидагии лабҳо мавриди эҳтиёҷ он доруҳоеанд, ки ба изофаи қувваи қабзу хушкифизоӣ нармифизоӣ ҳам дошта бошанд. Яке аз доруҳои аз барои ин ғараз нофеъ касирост, ки онро андар даҳон гирифта, бо забон бигардонанд. Яке аз тадбирҳои судманд андар ин бобат равған кардани ноф ва мақъад аст. Аз болои он кафкеро тило кунанд, ки аз совидани ду пора хиёр ба якдигар падид омада бошад. Ё аз болои он оби сапистон, ё оби ҷав ва ё луоби тухми аспғул тило кунанд. Аз доруҳои равғанӣ маска ва мағзи устухон, аз пиҳҳо пиҳи гӯсола ва ғозро хусусан бо ангубин, ё равғани сақиздона, ё равғани гулро бо сафедии хояи мурғ ва орд, хусусан бо орди говдона ва [инчунин] мумравғанро бо равғани гул ба кор баранд. Гоҳе андар онҳо мурдосанг биафкананд.
Яке аз доруҳои санҷидашуда мозуи суда, сафедаи арзизӣ, нашоста ва касиро бо пиҳи мурғ ва ё мозуи бо сирко судашуда мебошад. Низ мастако, сақизи хинҷак, зуфо ва ангубинро гирифта, аз онҳо чизе марҳаммонанд бисозанд. Инчунин аз мурдосанг, шодана ва решаи куркум (заъфарон) ним бахшӣ, [102] аз даҳана як бахш, аз нохуни сӯхтаи буз ва заъфарон сеяки як бахшӣ ва аз кофур шашяки як бахш гирифта, бо шаш бахш аз мум ва шонздаҳ бахш равғани гул ба ҳам ҷамъ созанд. Низ чаҳоряк бахш анбари бо равғани баласон, ё равғани бон ва ё равғани турунҷ гудохтаро гирифта, ҳамчун мумравған ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор