Қонуни тиб

Фанни ҳаштум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ВОРА ВА ҲАР ДУ ЛАБ,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА
Фасли нахустин
андар баёни бемориҳои вора
Вораро ба сабаби моддае, ки аксар вақт аз сӯи сар ба сӯи он фурӯд омада бошад, омосҳо ориз бигарданд, вале ин гоҳе ба анбозии меъда низ падид ояд. [Вораро] гоҳе мумкин аст ҳангоми оғоз ёфтани истисқо ва падид омадани бадгуворӣ ба сабаби бархостани бухорҳои табаҳкор омосҳо ба амал оянд. Бар ҷинси модда аз тариқи ранг ва чигунагии ба ламс дарёфтани он огоҳӣ пайдо кунанд. Бахше аз онҳо рӯяк ҷойгир буда, зуд илоҷпазир аст ва бархе андарун ҷойгир буда, илоҷро дер бипазирад. Гоҳе мумкин аст бо таб зуҳур кунанд.
Илоҷ: Агар модда фазлаи гарм бошад, истифроғ ва боз кардани чаҳоррагро ба кор бар ва андар оғоз бо доруҳои сард ва қабзкунандаи зерин мазмаза кардан фармой, масалан: оби гул, шири туруш, оби мӯрд, обҳои баргҳои [растаниҳои] қабзкунандаи сард, ҷӯшонидаи гулнор, оби «забони барра», оби таркардаи булут ва фишурдаи хурфа. Сипас, баъди ин кор бояд бо равғани зайтуни норасида, равғани дарахти мастако ва равғани мӯрд мазмаза кунанд. Андар як уқия [равғани мурд] се дирам мастако бигиранд. Ё равғани гулеро [ба кор баранд], [101] ки андар он сунбул, гули хушк ва мастако ҷӯшонида бошанд. Равғани дарахти мастако аз барои ором сохтани дарди омосҳои вора ниҳоят қавист. Хусусан нави он [дардро] фурӯ нишонад, вале дуруштӣ наоварад ва аз ҳама беш ҳангоми вуҷуд доштани дард судманд бувад. Сипас баъди ин кор, масалан, фишурдаи решаи тари савсани осмонгун ба кор баранд, зеро он хунро равон карда, осудагӣ бахшад. Ё фишурдаи барги зайтун, ё дурди хамр, ё фишурдаи судоб, ё равғани хинҷак бо обе, ки андар он барги хинҷак ҷӯшонида бошанд ва ё ҷӯшонидаи заровандро [ба кор баранд].
Агар омоси гарм сахт андарун бошад, ки онро «борулис» номанд, бо доруҳо ҳал нахоҳад шуд, балки рим хоҳад кард. Вай гоҳе зарурат ба муолаҷа бо оҳан дорад ва гоҳе гавҳари он боиси рӯидани гӯшти тоза бигардад. Агар [омос] рим кунад, бар вай зангор ва мозу, ё пӯсти миси бо сирко сударо як чанд рӯз ва ё зоги сурии сӯхтаро бо мозу биниҳанд. Агар вора пайваста дамида, варам кунад ва беҳ нашавад, эҳтиёҷ ба доғ ниҳодан биафтад. Беҳтарини доғ он бошад, ки равғани зайтуни ҷӯшонро бо паш
минаи бар мил печида гирифта, як чанд бор то пажмурдаю сафед гардидан [доғ биниҳанд]. Агар омос аз сабаби рутубати фазлавӣ бошад, ба оғоз воҷиб аст, ки бо равғанҳои гарм ва бо ангубину равғани зайтун мазмаза кунанд. Сипас доруҳои ҳалкунандаи қавиеро, ки ёд шуданд, бисёр ба кор баранд.
Фасли дуввум андар баёни вораҳои хуншор
Аз барои ин замчи сӯхтаи бо сирко хомӯшкарда, дучанди он намаки ошӣ ва якуним баробар зоги сурие суд бахшанд, ки бар вай пошида бошанд. Низ моҳии тарихи намаккардаро то мисли лахча гардидан бисӯзанд ва аз хокистари он як бахш ва аз гули хушк ду бахш бигиранд.
Инчунин аз мӯрд, наски сӯхта як ҷузъӣ, аз тутум ва зоги сурӣ ду бахшӣ ва аз шукуфаи гӯргиё се бахш гирифта, ҳамаро омехта ба кор баранд.
Фасли севвум андар баёни кафидагиҳои вора
Инҳоро ба равиши муолаҷаи кафидагиҳои лабон муолаҷа кунанд.
Фасли чаҳорум андар баёни решҳои вора, хӯра шудан ва носурҳои он
Решҳои вора бархе сода, бархе ба гандидан оғоз карда ва бархе ба хӯрашавӣ шурӯъ карда буванд.
Илоҷ: Аммо илоҷи решҳои сода чун илоҷи қулоъ бувад. Решҳои ба гандидан оғозкардаро бояд ба мисли абҳал ва хори хасак муолаҷа кунанд. Агар ин суд бахшад, хуб, агар не, як бахш мозу ва ним бахш мурро гирифта, бо равғани гул онҳоро ҷамъ созанд ва ба кор баранд. Яке аз мазмазаҳои судманд ин мазмаза кардан бо сиркои унсулӣ мебошад. [Инчунин] мазмаза бо шири хар ва мазмаза бо ҷӯшонидаи барги зайтун, ҷӯшонидаи гул, наск, мозу ва кулоҳакҳои анор [хуб аст].
Агар омоси хӯранда андар вора асоснок ҷойгир бошад, эҳтиёҷ бад-он дорад, ки бо фалдафиюни хосси он, ки андар Қарободин ёд шудааст, муолаҷа карда шавад.
Бо носурҳо низ чунин кунанд. Сипас аз болои он доруҳои қабзкунанда бипошанд. Яке аз чизҳои санҷидашуда доруи зерин аст: аз газмозу ва оқирқарҳо се дирамӣ, аз момирон як дирам, аз ҳалилаи зард (195) ва гули хушк ду дирамӣ, аз боқилӣ, навшодир, кабоба ва кафки дарё нимдирамӣ, аз гулнор ва заъфарон як дирамӣ ва аз кофур чаҳоряки як дирам гирифта, аз онҳо хокаи дандон бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор