Қонуни тиб

Фасли сездаҳум
андар баёни азҳам резондани дандони
кирмхӯрда, ки он чун кандани бедард бувад
Ордро бо шири исфидакшир сиришта, як чанд соат бар болои [дандон] ниҳанд ва он аз ҳам бирезад.
[Инчунин] бояд бар вай барги печаки бузурги тез бигузоранд. Пиҳи ғуки дарахтӣ буранда ва резонанда аст ва он ғуки сабзи саҳроиест, ки андар растаниҳову дарахтҳо маъво дорад ва аз як дарахт бар дарахти дигар биҷаҳад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни кирми дандон
Аз тухми банг ва тухми гандано чаҳор [дирам] ва аз тухми пиёз дуним [дирам] гирифта, бо пиҳи буз аз тариқи кӯфтан омехта созанд ва аз он ҳаббҳои якдирамӣ созанд.
Сипас як ҳаббӣ аз он гирифта, беморро бо сари пӯшида аз тариқи кулоҳак бахур кунанд.
Фасли понздаҳум андар баёни дандон хоидан
Дандон хоидан андар хоб ба иллати нотавонии мушакҳои манаҳ аст, (193) чунонки гӯӣ турунҷида бошанд.
Ин бештар кӯдаконро ориз бигардад ва баробари [ба балоғат] расидан биравад. Ҳар гоҳ хоидани дандон ва ҷунбонидани онҳо андар хоб афзоиш ёбад, огоҳӣ аз сакта, саръ ва ё ташаннуҷ бидиҳад ва ё далолат бад-он кунад, ки андар шикам кирм аст. Он [хоидане], ки аз кирм ба амал ояд, аҳёнан бувад. Ҳар кӣ ба чунин [иллат] гирифтор аст, бояд сарашро пок кунанд ва гарданашро равғанҳои гарми муаттаре бимоланд, ки дорои қувваи қабзкунандаанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни дандоне, ки дароз бошад
Бояд онро бо ду ангушт ва ё бо афзори газанда бидоранд ва сипас бо сӯҳон сӯҳон кунанд. Баъд донаи даҳмаст, замч ва зарованди дарозро гирифта, бо хокаи онҳо дандонро бимоланд.
Фасли ҳафтдаҳум андар баёни кундии дандон
Кундӣ як андоза карахтиест, ки дандонро ба сабаби дуруштиоваре ориз бигардад ва он ё қабзкунанда бошад ва ё тунд. [Кундӣ] гоҳе аз чизе ба амал ояд, ки дандонро ё аз берун ва ё аз тариқи қай дучор ояд. Гоҳе аз чизе ба амал ояд, ки аз меъда бархостааст, яъне ҳангоме ки андар он хилти туруш ҷой дошта бошад. Гоҳе бар асари тасаввури хаёлии мушоҳадаи каси дигаре падид ояд, ки ӯ чизи ниҳоят турушро бепарво хоидан гирад.
Илоҷ: Аз барои он хоидани хурфа ниҳоят нофеъ аст.
[Низ хоидани] райҳони кӯҳӣ, ё тухми хурфаи кӯфтаи бо об тар карда, ё сақизи набатӣ, ё бодом, ё гавзи шоҳӣ ва хусусан норгил, ё фундуқ, ё равғани зайтуни норасида ба тариқи молиш додан ва ё дурди равғани зайтуне судманд бошанд, ки андар ҷогаҳи мисин гирифта, зери офтоб ва ё бар оташ мисли ангубин ситабр гардонидаанд.
Ё шири хар ва равғани нимгармро мазмаза кунанд. Ё қири хумҳои шароб, ё донаи даҳмаст, ё зарованди дароз, ё ангужад, ё шири исфидакшир ва ё пиёзи унсул [ба кор баранд]. Намак ба сабаби бо турушӣ зид будани худ аз кундӣ сахт судманд аст.
Фасли ҳаждаҳум андар баёни рафтани оби дандонҳо
Ин [беморӣ] чунон бошад, ки дандон тоби ягон чизи сард, ё гарм ва ё сахт надошта бошад ва аксар вақт аз сардӣ бошад. Ин сароғози дарди дандон бувад.
[Илоҷ:] Агар сабаби он сардӣ бошад, донаи даҳмаст, замч ва зарованди дарозро ба кор бибар ва пайваста бо зардии хояи мурғ гармибандӣ кун. Агар бо ин ором нагирад, бо ёраи фиқро молиш бидеҳ. Агар ин ҳам суд набахшад, тарёкро ба кор бибар. Равғани хардал ниҳоят нофеъ аст. Агар бо қатрони гармкарда як чанд бор пок карда шавад, ниҳоят суд бахшад.
Агар сабаб мизоҷи гарм бошад, вале ин хеле кам рӯй дода, ранги вора ва чигунагии ба ламс андарёфтани вораю дандонҳо аз он гувоҳӣ диҳанд, бояд ба дандон пайваста равғани гуле молида шавад, ки андар он кофур ва сандал суда бошанд. Баъди он луоби тухми аспғул бо оби гул ба кор баранд, хурфа ва ё хусусан тухми онро бихоянд.
Фасли нуздаҳум андар баёни нотавонии дандонҳо
Аз барои ин доруҳои қабзкунандаи ёдшуда, мозуи сӯхтаи бо сирко хомӯшкарда, донаи мурди сафед, намаки андаронии бирёнкардаи бо сирко хомӯшкарда, ромак ва хокаҳои қабзкунандаи дандон суд доранд.
Як хокаи хуб: се дирам мушки замин, панҷ дирам ҳалилаи зарди донааш гирифта, понздаҳ дирам қирфа, се дирам дорчинӣ, ду дирам замч, ҳафт дирам оқирқарҳо, як дирам навшодир, як дирамӣ дорфилфил, сукк ва заъфарон, панҷ дирам намак, ду [дирам] тутуми чармгарон, се [дирам] газмозу, чаҳор [дирам] қоқула, шонздаҳ [дирам] зурунбод ва чаҳор [дирам] гулнорро гирифта, ҳамаро бисованд ва омехта созанд.
Хокаи хуби [дигар]: панҷ дирамӣ сандали сурх, фуфил ва кабоба, панҷ дирам қирфа, ду дирам дорчиниро бо чаҳор [дирам] дорпарниён гирифта, ҳамаро бо нашостаи гандумӣ бисириштанд.
Хокаи аз барои ин ғараз хуб: кашки ҷавро гирифта, шикананд ва бо ангубин ва каме қатрони шомӣ омехта, қурс созанд ва андар қиртос печида, бар ғишти андар буни танӯр буда бигузоранд. Ҳар гоҳ рангаш сиёҳ бигардад, берун оранд ва аз он як бахш ва як бахшӣ аз пораҳои уд, гулнор, мушки замин, пӯсти анор ва намак гирифта, ҳамаро бисованд ва хокаи дандон созанд. Гоҳе аз ҷави сӯхтаи совида бист бахш, ё аз мушки замин, фуфил ва газмозак чаҳор бахшӣ ва аз занҷабил як бахш гирифта, аз онҳо хокаи дандон бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор