Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар [гардидани ранг] ба ифрот бошад, бояд зангорро бо ангубин ба кор бурд. Яке аз доруҳое, ки ҳолан [дандонро] сафед кунад, судаи ғазораҳои чинӣ ва ё судаи обгина, ё масҳақуниё, сунбода ва санги алмос бувад.
Бахши дуввумро бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки моддаро ҳал карда, берун кунанд ва якбора зудоиш ҳам оваранд.
Мисоли инҳо мурч, пудина, қуст, зарованди гирд ва ангужад аст, ки онҳоро бо доруҳои зудояндаи ёдшуда омехта кунанд. [Инчунин] мисоли онҳо хокаест, ки мо онро пеш аз ин боб ёд кардем Як хокаи хуб: як бахш бехи зарованд, ду бахш шохи сӯхтаи гавазн, се бахш мастако ва панҷ бахш равғани гулро гирифта, ҳамаро бисованд ва ба кор баранд.
[Хокаи хуби] дигар: аз санги похор, намаки бирён ва сиёҳдона чаҳор бахшӣ, аз мушки замин панҷ бахш, аз сунбул як бахш ва аз мурч шаш бахш бигиранд.
[Хокаи] дигар: се бахш намаке, ки то ба шакли лахча гардидан сӯхта бошанд, ду бахш сунбода263 ва як бахш сунбул. Низ, [дигар]: чаҳор бахш хокистари садаф, панҷ бахш гули хушк, се бахш мушки замин ва як бахш шукуфаи гӯргиё.
Фасли ёздаҳум андар баёни осон гардонидани рӯидани дандонҳо

Гоҳе кӯдаконро чунин рӯй диҳад, ки дандонҳояшон ба сахтӣ рӯида, боиси дард бигарданд ва гоҳе андар ин кор кушодагии табиат ёварӣ кунад. Бинобар ин, бояд [табиати эшон] бо молидани тилоҳо бар шикам ва [ба кор бурдани] фишурдаҳои аз барои бастани шикам меошомидагӣ муътадил гардонида шавад. Аз ин рӯ ба андудани шиёфҳое эҳтиёҷ аст, ки андар Китоби [умури] ҳамагонӣ ёд шудаанд.
Яке аз чизҳое, ки рӯидани дандонҳоро осон кунад, бо пиҳҳо ва мағзҳо, хусусан бо мағзи харгӯш, ки баъди пухтан аз сари ӯ берун оварда бошанд, молиш додани [маҳалли дандонҳост]. Ё ин ки ҳино, равғани зард ва равғани савсан [бимоланд]. Гуфтаанд, ки шири саг ба хосият андар ин бобат сахт судманд аст. Агар дард шиддат ёбад, бо фишурдаи ангури сагак ва равғани гули тафсон тило кунанд. Бояд ба хоидани чизи қивомёфта роҳ надод. Балки ҳар гоҳ ба сабаби рӯидани дандонҳо дард оғоз ёбад, бояд доя ангушташро андар даҳони [кӯдак] бидарорад ва вораи ӯро чандоне ба шиддат молиш диҳад, ки аз тариқи вора рутубат равон бигардад. Сипас бад-он ҷой доруҳои ёдшударо бимолад. Ҳар гоҳ дандонҳо андаке намудор шаванд, (192) бояд сар, гардан ва ҳар ду манаҳро бо пашминае зимод ниҳанд, ки андар равған оғушта бошанд. Инчунин андар гӯшаш равған бичаконанд. Мо бахше аз ин бобро андар Китоби якум ёд кардем.

Фасли дувоздаҳум
андар тадбири кандани дандонҳо

Гоҳе кори дандони дардманд ба ҷое бирасад, ки албатта, илоҷе напазирад ва ё ҳар боре, ки офати озордиҳанда ором шавад, боз аз сари нав зуд оғоз ёбад. Сипас ҳамсоягии ин [дандон] бо дигар дандонҳо боиси чунин зиёне бигардад, ки дарди андар он буда ба онҳо бигузарад. Бинобар он барои ислоҳи он ягон василае нест ва илоҷаш кандан бувад.
Дандонро гоҳе баъд аз боз кардани [гӯшти] гирдогирди решаи он бо анбӯр бикананд. Пеш аз кандан бояд тааммул кард ва нигарист, ки оё иллат андар худи дандон ҳаст ё не. Агар набошад, кандан лозим нест, яъне агар сабаб андар вора ва ё андар асабе бошад, ки андар зери дандон аст. [Кандани дандон] ҳарчанд дардро андаке сабук мекунад, [100] вале тамоман бекор намесозад, балки он боз аз нав оғоз хоҳад ёфт. Сабукӣ аз он ҷиҳат оварад, ки моддаро дарҳол ҳал кунад ва доруҳо бад-он ҷой имконияти расидан ёбанд.
Бисёр вақт кандани дандоне, ки намеҷунбад, хатарнок аст ва мумкин аст манаҳро боз кунад, боиси гандидани бархе аз гавҳари он бигардад ва дарди сахтеро ба амал оварад. Гоҳе мумкин аст боиси падид омадани дарди чашм ва таб бигардад. Агар бидонӣ, ки кандан душвор аст ва ё бемор тоби онро надорад, дуруст нест, ки [дандонро] ба шиддат биҷунбонӣ, зеро ин яке аз чизҳоест, ки дардро афзоиш бидиҳад. Вале гоҳо чунин иттифоқ биафтад, ки иллат андар дандон нест ва чун ҷунбонида шавад, моддаи зери он ҳал шуда, дард ором ёбад.
Гоҳе [дандонро] бо доруҳо бикананд, вале беҳтар он аст, ки гирдогирди дандон бо нештар бурида ва бар вай дору ниҳода шавад. Аз ҷумла, пӯсти решаи тут ва оқирқарҳоро гирифта, онҳоро андар офтоб бо сиркои тез то мисли ангубин гардидан бисованд ва сипас бо он бехи дандонро рӯзе се бор тило кунанд. Ё оқирқарҳоро совида, андар сирко чиҳил рӯз офтоб диҳанд, сипас онро бар маҳалли буридаи [гирди дандон] чаконида, як-ду соат бимонанд, вале дандонҳои дурустро бо мум девор созанд. Баъд чун дандонро бикашанд, канда шавад. Ё ба ҷои окирқарҳо бехи хиёри даштӣ ниҳанд ва ё бо зирнихи бо сирко парварида тило кунанд, ки ин дандонро ковок кунад. Ё аз тухми газна ва борзад ба қадри баробар ва ё аз тухми газна [як чанд] ва аз кундур ду чанд гирифта, андар бехи курсӣ ниҳанд. Гоҳе [тухми газнаро] бо барги анҷир биҷӯшонанд, ки он дандонро ковок намуда, ба осонӣ аз ҷой бархезонад. Худи дурди сирко бисёр аҷиб аст. Ё пӯсти тут, пӯсти кабар, зирнихи зард, оқирқарҳо, зардчӯба, бехи ҳанзал ва шибрамро гирифта, бо оби шибит264 ва ё бо сиркои қавӣ сиришта, се рӯз нигоҳ доранд ва сипас тило кунанд. Ё аз зардчӯба ва пӯсти тут як бахшӣ ва аз зирнихи зард ду бахш бигиранд ва бо ангубин сиришта, муддате бар гирдогирди дандони курсӣ биниҳанд. Ин [дандонро] хоҳад канд. Ё аз бехи қайсум ва шири исфидакшир як бахшӣ ва аз бехи исфидакшир ду бахш бигиранд ва бо ангубин сиришта, бар [дандон] биниҳанд. Агар дандон суст бошад, мумро бо ангубин андар офтоб бигудозанд ва сипас бар вай равғани зайтун чаконда, беморро бифармоянд то онро бихояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ