Қонуни тиб

Ё аз пӯсти мис бо равғани зайтун, бехи савсан ва пӯсти сарв чаҳор бахшӣ ва аз замч як бахш, ё аз хокистари газ ва намак ба қадри баробар, ё аз шохи сӯхтаи гавазн ва намаки бо ангубин сиришта ва сӯхтаи кӯфта261 даҳ дирамӣ, аз мурр, заъфарон, мастако ва сунбул ду бахшӣ, аз судоби хушк, тутум ва гулнор се бахшӣ гирифта, аз ҳамаи онҳо хокаи дандон ва доруҳои часпониданӣ бисозанд. Инчунин доруҳои гирандаро омехта бо сабр, қалқатор ва иқлимиё [ба кор баранд].
Хокаи андар ин бобат ва ғайри он судманд: аз мушки замин, гул, сунбули хушбӯй, намаки андаронӣ, газмозак ва шохи сӯхтаи гавазн бахшҳои баробар гирифта, [хока бисозанд].
Ҳангоми [ҷунбидане], ки ба сабаби нуқсони [99] гӯшти миёни дандонҳо ба амал омадааст, замчи яманӣ, уди сӯхта, мушки замин, тутум ва гулнорро [ба кор баранд].
Фасли ҳаштум андар баёни мағок262 ва кирмхӯр шудани дандонҳо
Ҳамаи инҳо аз сабаби рутубати баде падид оянд, ки андар [дандонҳо] гандида бошад.
Илоҷ: Ғараз аз муолаҷа ҳангоми кирмхӯрӣ пеши афзоиши онро гирифтан аст ва ин аз тариқи пок сохтани гавҳари табаҳшудаи [дандон] ва ҳал кардани моддаи ба сӯи он оянда муяссар бигардад. Сипас, дандонро аз пазируфтани он модда боз доранд ва агар лозим ояд, он моддаро бо истифроғҳо ба сӯи дигар бигардонанд.
Доруҳои боздорандаи хӯрдашавӣ доруҳои хушкифизой буванд. Агар [кирмхӯрӣ] қавӣ бошад, эҳтиёҷ ба [доруи] қавии сахт хушкифизой ва гармиовар биафтад. Агар [хӯрдашавӣ] сабук бошад, барои он доруи дорои хусусияти хушкифизоӣ ва қабз аз қабили ҳузаз, мӯрд ва нордин кифоят бувад. Ин [доруҳоро] ба тамоми намудҳое, ки ёд шудаанд, ба кор баранд, вале аксар вақт ба намуди огандасозӣ бувад. Аз ҷумла [дандонро] бо сукк ва мушки замин ва ё танҳо бо сукки мушкзада оганда созанд.
Ин дар ҳақиқат хӯрдашавиро манъ кунад ва дардро ором созад. Ё мастако ва мушки замин, ё мурр, ё майъа, ё мозу ва ҳузаз, ё майъа ва афюн, ё борзад, гӯгирди зард ва ҳузаз, ё сақизи хинҷак ва мурч, ё сукк, сақизи хинҷак ва пудина, ё сиёҳдонаи кӯфтаи бо сирко ва ангубин сиришта, ё гӯгирд чи ба тариқи огандасозӣ ва чи ба тариқи тило, ё занҷабили бо ангубин ва сирко ҷӯшонида, ки ба ғоят судманд аст, ё ангужад бо қатрон, ё ангужад ва дермана, ё як худи ангужад, ки онро бо мум ҷӯшонида бошанд, то ҳал нагардад ва ин дардро бисёр хуб ором кунад, ё қири танҳо ва ё бо доруҳо якҷоя ва ё ҳузаз ва зогро [ба кор бибаранд]. Кофур барои оганда сохтани [даруни дандон] санҷидашуда аст ва он ба ғоят нофеъ буда, кирм хӯрданро зиёд шудан нагузорад ва дардро ором кунад.
[Инчунин] бояд аз чизҳое истифода бурд, ки андар боби дарди дандонҳо ёд шуданд. Гоҳе ҳангоми кирмхӯрӣ тилоҳоеро ба кор баранд, ки аз гунди бедастар, оқирқарҳо, афюн ва борзад ба таври баробар гирифта бошанд, ё аз мурч ва қоқула бо ангубин, ё аз оқирқарҳо ва мурр бо ангубин, ё аз сақиздона бо ангубин, ё аз гили хушбӯй, ки
бар вай сиркои ҷӯшон рехта бошанд, ё аз ҷигари чалпоса, ё аз гӯгирди зинда бо як чанди худаш аз ҳузаз, ё аз мурч бо шири исфидакшир, ё аз бура ва оқирқарҳо, ё аз борзад ва тухми банг ва ё аз майъа ва афюн гирифта бошанд. Як доруи хубест, ки [сифаташ чунин] бошад: аз бура ва банг ду бахшӣ, аз оқирқарҳо ва мурч як бахшӣ ва аз афюн се бахш гирифта бар маҳалли [дард] биниҳанд. Инчунин аз майъату-р-руммон, мурч ва абҳал як бахшӣ ва аз мавизак, тухми газна ва афюн ним бахшӣ гирифта [ба кор баранд].
Гоҳе доруи даруни дандон пуркунандаро бо тило якҷоя ба кор баранд. Гоҳе бар маҳалли дард [доруи зеринро] биниҳанд: аз фалдафиюни қавӣ, ё суринҷон ва ё оҳак ду бахш, аз навшодир, замч, мурр, мозу, ақоқиё ва бехи савсани осмонгун як бахшӣ ва ё саътари сӯхта ва кафки дарёро бигиранд. (191) Гоҳе андар инҳо борзад биафзоянд.
Аз миёни доруҳои мазмазашавандае, ки андар даҳон бигиранд, доруи зерин суди азим дорад: бехи кабарро бо сирко то ним шудани сирко биҷӯшонанд ва андар даҳон бидоранд. Гоҳе андар худи маҳалли кирмхӯрда доруҳои чакониданиро бичаконанд. Масалан, зирнихро андар равғани зайтун гудохта, биҷӯшонанд ва андар ҷои кирмхӯрда бичаконанд. Яке аз доруҳои судманде, ки бояд андар бари дандони кирмхӯрда бичаконанд, равғани бодом аст.
Фасли нуҳум андар баёни азҳам рехтан ва шикастани дандон
Сабаби ҳамаи инҳо аксар вақт гардидани мизоҷ ба сӯи тарист ва гоҳе [аз сабаби] сахт хушкидан бувад. Ин ду ҳолат аз тариқи пажмурдагии [дандон] ва зидди он аз ҳам фарқ кунанд. Агар андар ин ҳол далели гардидани ранг ва ё кирмхӯрӣ ҷой дошта бошад, ин бар мизоҷи тари дорои модда гувоҳӣ диҳад.
[Илоҷ:] Салоҳи бахши якум боз доштани модда ва қавӣ гардонидани дандон бо доруҳои қабзкунандаи қавиест, ки ёд шуданд. Замч ва навшодир андар ин кор таъсири қавӣ доранд. Агар ба изофаи он [дандон] гарм гардида бошад, ҷуз ба мисли харбақи сиёҳи бо ангубин сиришта бениёзӣ нест. Аммо агар [беморӣ] аз хушкӣ хеста бошад, илоҷаш илоҷи ёдшудаи хушкист.
Фасли даҳум андар баёни гардидани ранги дандонҳо
Гоҳе ин ба сабаби гардидани ранги минои дандон, ки бар болои он кашида шудааст, ба амал омада, бар асари он шух падид ояд. Баъзан ин [шух] андар буни дандон чунон санг бигардад, ки кандани он душвор бошад.
Гоҳе мумкин аст модда бад буда, ба гавҳари дандон нуфуз кунад ва андар он дигаргунӣ ба амал оварда, аз ғайри падид омадани шух рангашро ба сӯи ранги бодинҷонӣ ва монанди он бигардонад.
Илоҷ: Бахши якумро бо чизе илоҷ кунанд, ки зудоишоваранда ва ё поксозанда аст, масалан, кафки дарё, намак, сафоли суда, хокистари садаф, хокистари бехи най, зарованди гирд, саътари суда ва намаки андарониро баробар бигиранд ва агар бихоҳӣ, андар он садафи лесакро ба шакли суда биафзой. Ё аз санги похори сӯхта ва намаки андаронӣ бахшҳои баробар бигиранд ва ё аз санги похори сӯхта як бахш, аз мурч як бахш, аз ҳамомо се бахш, аз созаҷ ду бахш ва аз гачи сӯхта даҳ бахш гирифта, ҳамаро бисованд ва ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор