Қонуни тиб

Гоҳе пеш аз ин кор бар ҷойҳои гирду атрофи [дандон] мум, ё хамир ва ё чизи дигар биниҳанд, ки то миёни ин дандон ва дандонҳои гирду пеши он ва гӯштҳои миёни дандонҳо ҳоил бошад. Агар модда андар худи дандон ҷой дошта бошад, манфаати ин кор хеле зиёд хоҳад буд. Гоҳе андар найчаи [ёдшуда] баъд аз эҳтиёткории мазкурро риоя кардан равғани ҷӯшон низ бичаконанд, вале равғани зайтун созгортар аз дигар равғанҳост. Гоҳе ҳангоми ба кор бурдани василаҳои доғниҳӣ (189) эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки дандонро бо пармаи борик сӯрох кунанд, то ки қувваи доғкунанда андар он нуфуз бикунад. Агар ин гуна муолаҷаҳо суд набахшад, дандонро бо ҷуволдӯзи сурхкарда як чанд бор доғ монанд ва баъд аз муболағаи зиёд андар доғмонӣ дард бимонад ва дандон аз ҳам бирезад.
Аз ҷумла доруҳои даллокишавандаеанд, ки аз чизҳои андар боло ёдшуда бисозанд. Занҷабил бо ангубин даллокишавандаи хубест. Низ сирко ва намак, инчунин сирко бо дилаи ҳанзал ва оқирқарҳо [хубанд].
Навъи дигар бахурҳост ва беҳтарини онҳо ин аст, ки бо ёрии кулоҳак кашида шаванд. Гоҳе онҳоро аз доруҳои ҳалкунандаи зерин бигиранд, масалан, решаҳо ва ё донаи ҳанзал, ё донаи хардал, ё суми хар ва ё тухми пиёз, ки инҳо хусусан барои кирм [судманданд. Инчунин] аз барги мӯрд, ё гесугуна, ё барги судоб ва ё оқирқарҳо [бахур кунанд].
Навъи дигар доруҳои андар бинӣ афкандании ҳалкунанда ва масалан, [доруҳои зерин] аст: оби хиёри даштӣ, ё фишурдаи бехи чугундар ва бедаи тар ва ё оби марзангӯш.
Гурӯҳи дигар доруҳоеанд, ки андар гӯши бари ба дандондард гирифтор бичаконанд. Масалан, доруҳои андар бинӣ афкандании ёдшударо ҳамчун чакониданӣ ба кор бибаранд ва ё фишурдаи кабари тарро бичаконанд.
Навъи дигари доруҳо ин аст, ки агар сабаби дард кирмхӯрдагӣ бошад, андаруни онро [бо дору] пур кунанд, вале бояд ба оҳистагӣ амал намуд ва сахту бо шиддат пур накард, ки ин боиси афзоиши дард хоҳад шуд. Мисоли инҳо сукк бо мушки замин ва ё бо мастакост, вале аз ин ҳам қавитар ангужад бо кабикаҷ, ё сиёҳдонаи бо равғани зайтун, ё мурч ё дурди сӯхта, ё фурбиюн ва ё оқирқарҳо мебошад. Ё ин ки [андаруни дандони кирмхӯрдаро] бо доруи мағзи260 шафтолу ва мурчи мазкур пур кунанд.
Гузашта аз ин [дандони] гармро бо чизҳои сард ва сардро бо чизҳои гарм пур хоҳанд кард.
Навъи дигар василаҳои кандан аст, ки мо барои онҳо боби ҷудогонае хоҳем овард. Ба кор бурдани он танҳо вақте равост, ки дард андар худи дандон, на ғайри он, ҷой дошта бошад.
Фасли шашум андар баёни доруҳои карахткунанда
Инҳоро гоҳе бар намудҳое ба кор баранд, ки андар баёни ҳалкунандагӣ ёд шуданд, лекин аз ҳама беҳтар он аст,
ки ба шакли олуданӣ, ё часпониданӣ ва ё андаруни дандон ниҳодан ба кор бурда шаванд, вале гоҳе онҳоро ҳамчун доруи мазмаза ва бахур ба кор баранд. Яке аз онҳо
[доруи] зерин аст: аз тухми банг, афюн, майъа ва борзад ду
дирамӣ ва аз мурч ва ангужади шомӣ як дирамӣ гирифта, аз онҳо бо ширинии ангур шиёф созанд ва бар дандони дардманд биниҳанд. Ё аз афюн ва гунди бедастар баробар гирифта, як ва ё ду ҳаббаи онро бо равғани гул андар гӯши бари дардманд бичаконанд. Ё аз бехи ябруҳ доруи часпониданӣ сохта, андар даҳон бигиранд. Ё донаи банг, ё ҷӯшонидаи бехи ябруҳро танҳо ва ё бо банг ва шароб ба тавре бахур кунанд, ки андар тавсифи бахурҳо баён ёфтааст. [Низ инҳоро] андар даҳон бигиранд. Гоҳе доруҳои карахткунанда, масалан, филуниёро [ба бемор] биошомонанд. Онро каси аз дандондард шикояткунанда агар биошомад ва бахше аз онро андар даҳон гирифта, бихобад, бо ҳамин беморияш пухта, дардаш ором бигирад. Яке аз чизҳое, ки бидуни ранҷ карахтӣ оварад, оби бо барф ба ғоят сардгардонида аст ва онро думодум то карахт шудани дандон ва ором ёфтани дард андар даҳон бигиранд, вале андар оғоз [дард] мумкин аст афзоиш ёбад.
Фасли ҳафтум андар баёни дандони ҷунбанда
Дандон гоҳе ба сабаби берунае аз қабили афтидан ва ё кӯфт хӯрдан ва гоҳе аз сабаби рутубате ҷунбон бигардад, ки асаби сахт нигоҳдорандаи дандонро суст сохта бошад, вале дандон бо вуҷуди он фарбеҳи пурра буда, ханӯз нашикаста бошад. Гоҳе [ҷунбандагӣ] ба сабаби хӯрае биафтад, ки растагоҳҳои дандонҳоро ориз шуда, онҳоро фарох карда бошад, ё дандон ба иллати коҳишдиҳандае борик шуда бошад ва ё дарзҳо рахна шуда бошанд. Гоҳе мумкин аст [ҷунбандагӣ] ба сабаби пажмурдагии дандонҳо, ки ба иллати хушкии зиёд ориз шудааст, ба амал ояд, чунонки касони аз беморӣ бархеста, пирон ва касонеро чунин ҳол ориз бигардад, ки муддати дароз гурусна монда, онҳоро ғизо нарасида бошад. Гоҳе ба сабаби камии гӯшти миёни дандонҳо [низ] ба амал ояд.
Илоҷ: Бояд аз хоидан бо он дандон парҳез карда шавад, кам сухан гуфта шавад ва бо даст ва забон ӯро набояд ҷунбонид. Умуман, агар имконият бошад, бояд хоиданиҳоро ба дамкашиданиҳо иваз кард. Агар сабаб хӯрдашавӣ бошад, хӯрдашавиро муолаҷа кунанд ва аз миёни доруҳо доруҳои қабзкунандаи мустаҳкамкунандаро ба шакли мазмаза, молиш додан ва ғайра ба кор баранд. Агар сабаб пажмурдагии [дандон] бошад, бо ғизоҳо чорабинӣ кунанд, вале ин аз қабили корҳоест, ки ба душворӣ [ҷунбишро] бартараф кунад. Сипас, бо доруҳои тариоваре аз қабили равғани гул ва бед ва фишурдаи барги ангури сагак ба тариқи часпонидан, молиш додан ва андар гӯш чаконидан муолаҷа кунанд. Балки гузашта аз ин бо доруҳои қабзкунанда [муолаҷа бояд кард].
Агар пажмурдагии дандонро ғизоҳо суд набахшанд, зеро онҳо мумкин аст зуд фарбеҳӣ наоваранд, (190) бояд бо доруҳои қабзкунандаи сард муолаҷа карда шавад. Агар аз кӯфтагӣ падид омада бошад, низ чунин кунанд. Агар [ҷунбандагӣ] аз рутубати ковоккунанда хеста бошад, бояд бо доруҳои гирандаи гармиовар муолаҷа намуд. Масалан, бо обе, ки андар он судоб ва ё барги сарв ҷӯшонида бошанд, ё бо набизи мавизе, ки андар он замч ва ба қадри ним бахши он намак ҷӯшонида бошанд ва ё бо обе, ки андар он сакбина ҷӯшонида бошанд, мазмаза кунанд. Аз ҷум лаи доруҳои часпониданӣ ду дирам замч ва як дирам намакро бар бехи [дандон] биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор