Қонуни тиб

Агар сабаби бадмизоҷии дандон ва нотавонии он газидани ягон чизи гарм бошад, бо равғани сардмизоҷи нимгарм мазмаза кунанд ва сипас онро билфеъл сард бигардонанд. Агар сабаби бадмизоҷии он газидани ягон чизи сард бошад, ба ҷои он аз равғанҳои гарм, масалан, равғани нордин ва равғани бон ба кор баранд, сафедии хояи бирёнкрдаи гарм ва ё нони гармро бигазанд. Агар сабаби ҳамаи синфҳои [дандондард] ҳар ду бадмизоҷии мазкур бошад, тадбири [ғизо] онҳоро суд бахшидан битавонад.
Агар сабаби [дард] хушкии сода бошад, бо маска ва пиҳи мурғобӣ барин чизҳо молиш додани [дандон] аз барои он нофеъ аст. Вале агар [хушкии] бо модда бошад ва кадом моддае набошад, чи тез, чи ситабр ва чи бисёр, бояд истифроғе муносиби он ба амал оварда шавад ва бояд андар оғоз барои ҳамаи намудҳои модда аз истеъмоли он чизҳое шурӯъ кард, ки сардӣ оваранд ва моддаро пас бигардонанд, вале ин барои моддаи тез бештар ва барои моддаи ситабр камтар зарурат дорад. Яке аз чизҳои ба таври қавӣ пасгардонандаи модда, хусусан моддаи сард, ин замчи сӯхтаи бо сирко хомӯшкардаест, ки онро бо якчанди худ аз намак нек бисованд. Сипас онро ба кор бурда, баъд аз он бо хамр мазмаза кунанд. Яке аз чизҳои барои пас гардондани модда хуб ба кор бурдани мозу бо сиркост. Агар модда тез бошад, онро бо фишурдаҳои сардифизо муолаҷа созанд ва чораи ба иътидол овардани онро кунанд. Агар ин суд набахшад, ё чораи ҳал кардан ва ё карахт кардани онро бинанд. Агар (188) модда ситабр ва ё зиёд бошад, баъд аз муолаҷаи ибтидоии он, ки мо ёд кардем, низ ба таҳлил бипардоз. Беҳтар он аст, ки андар зимни мазмаза бо сирко равғани гул ҳам бидарояд, зеро гоҳе сирко баъд аз фазлаҳо рутубатҳои аслиро ҳам бикашад. Гоҳе туро чунин зарурат биафтад, ки ба доруҳои ҳалкунанда доруҳои гирандаро изофа кунӣ, аз баҳри он ки андом хушк аст. Агар сабаб бод бошад, илоҷи он доруҳои ҳалкунандаест, ки баъд ёд хоҳем кард ва онҳо хусусан сакбина, борзад ва тухми испанд буванд.
Фасли панҷум андар баёни доруҳои ҳалкунандае, ки ҳангоми дардҳои дандони ниёзманди таҳлил ба кор бурда шаванд
Аз ҷумла доруҳои мазмазавист, ки бояд ҳамаи онҳоро
андар даҳон ба муддати дароз бигиранд. Мисоли онҳо сиркоест, ки андар он пӯсти мор ҷӯшонида бошанд ва ё сиркоест, ки андар он ҳанзал ҷӯшонида бошанд. Ин қавӣ ва
сахт судманд аст. Агар сардӣ ошкоро бошад, онро бо шароб, ё зурунбод, ё оқирқарҳо, ё бо ангужад ва хардал, ё бо
пӯсти кабар, ё пӯсти санавбар, ё пудина, ё барги чинор ва
гесугуна ва ё бо пӯсти чинор якҷоя бо сирко ва ё об муолаҷа кунанд. Низ барги даҳмаст ва шайлам, инчунин пояҳои сир бо оқирқарҳо ва ё сиркоеро, ки андар он кундуша
афканда бошанд, андар даҳон бигиранд. Ё оқирқарҳо ва
газмозуро андар сирко карда, [ба кор баранд], ё марзангӯши хушк, ё бехи хиёри даштӣ ва ё фишурдаи онро бо сирко ба кор баранд, ё [хиёри даштиро] бо испанд андар сир
ко ҷӯшонида, [ба кор баранд] ва ё кабикаҷи андар сирко ҷӯшонидаро [ба кор баранд].
Аз барои дарди дилзананда ҷӯшонидаи мозуи норасида бо сирко, ё рӯбоҳразакро бо сирко, ё ҷӯшонидаи бангро бо сирко, ё шохи сӯхтаи гавазнро [98] андар сиркои унсулӣ ҷӯшонида ва судаи онро андар сикангубин афканда, [мазмаза кунанд].
Аз ҷумла доруҳои ғарғаравист, яъне айни он чиро, ки аз доруҳои мазмазавӣ ёд кардем, ғарғара кунанд. Яке аз онҳо ин аст, ки мавизи кӯҳӣ ва сирро андар об ҷӯшонида, ғарғара кунанд ва даҳонро кушода бидоранд, то ки луоби зиёде ҷорӣ шавад.
Дигар аз ин ҷумла доруҳои хоиданист, ки аз доруҳои ёдшуда ва амсоли онҳо бисозанд ва яке аз онҳо доруи зерин аст: пудинаи кӯҳӣ, оқирқарҳо, мурчи сафед ва мурро гирифта, бо дилаи мавиз бисириштанд, фундуқҳо бисозанд ва як дона-як дона аз он бихоянд.
Аз ҷумла доруҳои олуданӣ, тилоҳо, назуҳот ва зимодҳоеанд ки аз доруҳои ҳалкунандаи маъруф бигиранд ва бо чизҳои қивомдоре аз қабили ангубин, ё қатрон ва ё бо ягон чизи андар об ҳалкардае, ки қобили ҳалкунандагист, онҳоро ҷамъ созанд ва ё бо оби холис бисириштанд.
Ё каранбро бо ҳузаз гирифта, тило созанд ва ё аз барои дарди дилзананда хардали сударо гирифта, бар бехи дандон гузоранд.
Яке аз доруҳои санҷидашуда доруи зерин аст: мағзи донаи шафтолу ва ба андозаи ними он мурчро гирифта, ба қатрон бисириштанд ва бо он дандонро молиш диҳанд ва ё ба дандон бичаспонанд. Ё ин ки дандонро тарёки танҳо ва ё ангужади танҳо бимоланд, ё ин ки саҷазаниё, ё арастихон,258 ё сурастихон259 ва ё сиёҳдонаи бо равғани зайтун сириштаро бимоланд. Яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст аз мурр, мурч, оқирқарҳо, мавизак ва занҷабил як бахшӣ ва аз бураи арманӣ якуним бахш гирифта, онҳоро нарм бисованд ва бо он дандонҳову вораҳоро молиш диҳанд. Ин бисёр судманд бувад.
Гоҳе дандонхонаро, масалан, бо хитмӣ, бобуна, шибит, ҳулба, тухми катон якҷоя бо ҷӯшонидаи шибит ва равғани он зимод кунанд ва онҳоро ба кор баранд. Ҷолинус тасдиқ кардааст, ки агар ҷигари карбосаро бар дандони кирмхӯрдаи дардманд биниҳанд, дардашро ором ва худи онро аз ҳам бирезонад.
Аз ҷумла доруҳои барои гармибандист, ки онҳоро аз берун биниҳанд. Бояд онҳоро ё ду соат пеш аз таом ва ё чаҳор соат пас аз таом ба кор баранд. Аз барои шиддат ёфтани дард бад-ин гуна доруҳо эҳтиёҷ афтад: бо намаку говарс, ё бо равғани зайтуни тафсон ва ё бо муми гудохта гармибандӣ кунанд. Гоҳе дандонхонаро пайдарпай гармибандӣ кунанд, то ки модда ба сӯи он кашида шавад. Ҳар гоҳ дандонхона варам кунад ва хусусан агар андар он ҳангом дандонро бо равғани ҷӯшон бисӯзонанд, дард бимонад.
Бархе [доруҳо] доғниҳандаанд ва дандон гоҳе бо доғ ниҳодан беҳ шавад. Масалан, равғани зайтунро бо баъзе доруҳои ҳалкунандаи ёдшуда ва ё танҳо биҷӯшонанд. Сипас ҷуволдӯзро гирифта, сурх кунанд ва андар он равғани зайтун хаста, андар тиҳигии найчае бидароранд, ки бар дандони дардманд устокорона насб карда бошанд ва то дандон бирасонанд ва онро доғ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор