Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бояд эҳтиёт шуд, ки чизе аз инҳо ва аз доруҳои карахткунанда ба андарун наравад.
Бисёр вақт эҳтиёҷ бад-он афтад, ки дандонро бо пармаи борик сӯрох кунанд, то аз он моддаи ранҷовар берун ояд ва то ки доруҳо ба қаъри дандон бидароянд. Сирко бо вуҷуди ба дандонҳо зиён доштанаш андар таркиби доруҳои ҳам сардиоваранда ва ҳам гармифизояндаи дандонҳо бидарояд: андар доруҳои сардиоваранда барои он бидарояд, ки он [97] бо гавҳари хеш сардӣ оварад ва низ аз барои он ки ба андаруни дандон бигузарад; ва андар доруҳои гармифизой аз барои он бидарояд, ки ба [андаруни дандон] бигузарад ва низ аз барои он ки бо бурандагии худ бар ҳал кардан ёрӣ диҳад. Аммо зиёни он бошад, бо ёрии доруҳои дандон, ки бо вай омехтаанд, шикаста хоҳад шуд.
Фасли чаҳорум андар баёни дардҳои дандон

Бидон, ки дандонҳо мумкин аст ба сабаби дардоварандае ба дард оянд, ки андар гавҳари онҳо ҷой дорад, чунонки пеш аз ин мо хабар дода будем, ё мумкин аст ба сабаби дардоварандае ба дард оянд, ки андар решаи онҳо ҷой дорад ва ё мумкин аст ба сабаби дардоварандае дардманд бигарданд, ки андар вора ҷой дорад. Яъне вора ба сабаби омос ва гӯшти зиёдатии андар ӯ рӯида моддаро бипазирад ва ё ба иллати истирхо ва ковок шуданаш моддаҳои бадро ба худ бипазирад ва он моддаҳо андар он гандида, дандонҳоро ранҷур ва низ ҷунбон кунанд. Бисёр касони ба дарди дандон гирифторро муайян кардани он ки кадом дандон дард ҳамекунад, душвор бошад.
Навъҳои муолаҷаҳо ҳар гунаанд. Сабабҳои дандондард ё бадмизоҷии содае аз қабили сардӣ, ё гармӣ ва ё хушкие бошад, ки ба набудани ғизо вобаста аст, чунонки андар пирон ҳамин гуна бувад, лекин тариро, ба тавре ки андар ҷои худаш нишон дода шуд, чунин нест. Ё [бадмизоҷии] бо модда ва ё бод бувад. Модда ё бо бисёрӣ, ё бо ситабрӣ ва ё бо тезии худ боиси дард бигардад.
Гоҳе модда андар худи дандон омос ба амал оварад, гоҳе дандонро бихӯрад ва гоҳе кирм падид орад. Саргаҳи модда ё аз меъда, ё аз сар ва ё аз ҳар ду ҷой бувад. Агар тамоми тан аз модда пур бошад, маҷрои [модда] аз тан ба сӯи дандонҳо аз ин ду роҳ бувад. Гоҳе дандонҳо ҳангоми табҳои тез ба тариқи анбозӣ андар бадмизоҷӣ ба дард оянд. Агар андар зери дандони кирмхӯрда дард ва дилзанӣ ҷой дошта бошад, пас, андар решаи он фазлае бувад, ки нопухта аст. Он гоҳ нахуст омос ва дардро муолаҷа кунанд, сипас дандонро бикананд.
Нишонаҳо: Бояд тааммул намуд ва нигарист, ки оё ҳамроҳи дарди дандон андар вора ва ё ноҳияҳои он омосе ҳаст, ё не. Агар андар вора омос дарёфтӣ, чунин ҳадс зада, ҳукм бикун, ки сабаб мумкин аст андар худи дандон ҷой надорад. Агар бар худи вора фишор додан муҷиби дард бигардад, низ чунин бувад.
Агар андар вора омос наёфтӣ, пас сабаб ё андар худи дандон аст ва ё андар асабе, ки андар бехи он ҷой дорад.
Агар андар дандон омосе ва ё хӯрдашавие ҳис кардӣ, пас, сабаб андар гавҳари дандон бувад. Агар дарде дарёбӣ,

ки бар дарозои дандон биравад, низ чунин бошад. Агар (187) андар умқи [дандон] дард ҳис карда нашавад ва хусусан агар андар гӯшти миёни дандонҳо ва ё манаҳ дарди сахт ҳис кунӣ ва чизе мисли кундӣ дарёбӣ, пас, андар асабе бувад, ки андар решаи дандон ҷой дорад.
Бар мизоҷҳои гарм ва сард ту метавонӣ бо ёрии он чизе огоҳӣ пайдо кунӣ, ки худ ҳамедонӣ, вале бар мизоҷи хушк аз пажмурдагии дандон ва ҷунбон будани он огоҳӣ хоҳӣ ёфт. Бар бод аз як ҷой ба ҷои дигар гузаштани дарди азҳамкашанда, бар хилти ситабр устувории дард аз ғайри гармӣ ва сардии ниҳоят маълум ва бар хилти тези хунӣ ва сафровӣ зуд озурда шудан аз чизи дардовар, дарди сихзананда, ҳамранги хилт шудани [вора] ва ҳис кардани гармии сахт ҳангоми ламс гувоҳӣ диҳанд.
Аз мағз ва ё аз меъда будани сарчашмаи хилтро бад-ин гуна муайян кунанд, ки агар андар яке ва ё ҳар дуи онҳо пурӣ дарёбанд.
Агар сабаби дард андар вора бувад, кандани дандон суде надорад ва бад-он зарурат нест, вале агар дард андар дандон бошад, бо кандан биравад. Агар сабаб андар асаб бошад, бо кандани дандон гоҳе биравад ва гоҳе не.
Дард танҳо ҳангоме бимонад, ки агар моддае, ки табиат ва ё дору онро ҳал кардан ҳамехоҳанд, макони васее пайдо кунад ва баъд аз гирифтор ва банд гардидан андар дандон бад-он сӯй биравад.
Илоҷ: Агар дард ба анбозии андоми дигар падид омада бошад, нахуст ба пок сохтани андоми анбоз пардохта, раг бизан, бо мисли ёраҳо, дилаи ҳанзал, ё маҳмуда ва ё бо мисли доруҳои таркарда исҳол овар ва ё агар сабаб андар сар бошад, доруҳои ғарғаравии поккунандаи сарро ба кор бар.
Агар омоси ҳисшавандае андар вора ва гӯшти миёни дандонҳо ҷой дошта бошад, бояд ба ҳасби тавоноӣ ва риояи шартҳо аз раг задан ва шикам овардан оғоз кард ва бояд [бемор] ба оғози ҳама ҳолатҳо чизҳои сардиовареро аз қабили фишурдаҳо, чизҳои ҷӯшонидагӣ ва монанди инҳо, ки бо кофур қавӣ гардонида, шудаанд, вале андар гирандагӣ ба дараҷаи ифрот намерасанд, андар даҳон бигиранд. Бисёр бошад, ки танҳо ба кор бурдани равғани гул ва мастако, ё равғани зайтуни норасид ва ё мисли равғани мӯрд кифоят бошад.
Аз барои ин ғараз чунин дору судманд аст: набизи куҳани мавиз ва равғани хоми гулро гирифта, набизи мавизро андар он нек биҷӯшонанд ва андар даҳон бигиранд.
Сипас баъди ин кор тадриҷан ба истеъмоли доруҳои ҳалкунандаи пазонанда гузаранд. Бояд эҳтиёт шуд, ки чизе аз қавии онҳо ба андарун наравад. Низ тадриҷан аз худи андом бад-ин гуна истифроғ оваранд, ки бар буни дандонҳо девча гузоранд, ё раги зери забонро боз кунанд ва ё андар зери риш миҳҷамаи бо буриш бигузоранд. Агар дард шиддат ёбад, бояд бар бехи дандон оқирқарҳоро бо кофур бичаспонанд ва ҳар бор, ки онҳо ҳал шаванд, дигарашро ниҳанд. Агар шиддати дард афзоиш ёбад, бисёр вақт ба истеъмоли афюн бо равғани гул эҳтиёҷ биафтад, вале ҳар гоҳ ки имконияти истифода накардани он ёфт шавад, тарки он беҳтар бувад, балки бояд ба пазонидани [модда] машғул шуд.
Агар сабаб андар худи дандон ва ё андар асаб ҷой дошта, вале на модда, балки бадмизоҷӣ бошад, бо он қисм аз доруҳои маълуми дандон бояд муолаҷа кард, ки зидди он аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ