Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

(185) Гоҳе ба намуди мураккаби ҳар ду эҳтиёҷ биафтад. Беҳтар он аст, ки агар сардӣ ҷой дошта бошад, нахуст ангубин ва агар моил ба сардӣ ва ё андаке гармӣ ҷой дошта бошад, шакар бимоланд. Ҳар як аз ин чизҳо хосиятҳои сутудаеро андар хеш ҷамъ кардаанд: зудудан, часпондан, гармӣ овардан ва пок сохтан. Шакар андар ҳамаи ин корҳо пасттар аз ангубин биистад. Агар табарзадро бисованд ва бо ангубин сиришта, ба кор баранд, дандонҳоро зудуда, пок созад ва вораро сахт кунад. Сипас бояд равған ба кор бурд.
Яке аз тадбирҳои дандонҳоро муҳофазаткунанда ин аст, ки бояд ҳар моҳ ду бор бо шаробе мазмаза карда шавад, ки андар он бехи исфидакшир ҷӯшонида бошанд ва ин ба ғоят хуб буда, худованди чунин тадбир ҳеҷ ба дарди дандон гирифтор наояд. Агар бо сӯхтаи сари харгӯш дандонро пок кунанд, низ чунин бувад. Ба кор бурдани намаки бо ангубин сиришта, ки хоҳ сӯхта бошад ва хоҳ носӯхта, ҳамчунин аст, вале сӯхтагии он беҳтар бувад.
Бояд аз он ба қадри як бундуқа гирифта, андар порае биниҳанд ва бо он дандонҳоро бимоланд. Бо боқилии мисрӣ молиш додан низ хуб аст. Инчунин замчи яманиро бо андаке аз мурр ва хусусан замчи сӯхтаро бо сирко [ба кор баранд]. Ҳар гоҳ дандонҳо бо ин гуна доруҳо дибоғат ёбанд, бояд баъди онҳо ангубин ба кор баранд ва дандонҳоро бо он ва ё бо шакар молиш бидиҳанд. Сипас ба молиш додан бо равғанҳо ба наҳве, ки тавсиф кардем, бипардозанд. Агар дандонҳоро назлаҳо ориз шуда бошад, бояд андар даҳон ҷӯшонидаи чизҳои гирандаро ба муддати дароз бигиранд ва пайваста бар онҳо хокаи замчи сӯхта ва намаки сӯхта бипошанд.
Фасли севвум гуфтори ҳамагонӣ андар илоҷи дандонҳо ва доруҳои дандон

Бархе аз доруҳои дандон аз барои нигоҳдорӣ ва бархе аз барои муолаҷаанд. Азбаски гавҳари дандонҳо хушк аст, бинобар он доруҳои аз барои нигоҳдории тандурустии дандонҳо ва бештари доруҳои барои ба фаъолияти табиӣ боз овардани онҳо созгор доруҳои хушкифизой буванд. Ба доруҳои гарм ва сард ҳангоме эҳтиёҷ биафтад, ки яке аз ин ду кайфият [андар дандон] ориз шуда, мизоҷи табиии онро аз иътидол хеле дур карда бошад. Пас доруи аз ҳама муносиб барои дандонҳо доруи хушкифизой ва андар ду кайфияти дигар муътадил бувад.
Ҳар як доруи дандон хушкиоваранда аст, вале доруе, ки барои дандон нест, на аз барои дандон, балки аз барон оризае [ба кор баранд], ки ӯро рӯй дода бошад. Сипас доруҳои хушкифизой сарди хушк ва гарми хушк буванд. Беҳтарин дору барои дандонҳо онест, ки ба изофаи хушкӣ овардан ва кашидани рутубат зудоиш оварад, фазлаҳоеро, ки агар андар дандон андаромада бошанд, ба иътидол ҳал кунад ва моддаҳоро ба сӯи дандонҳо кашида шудан нагузорад. Доруҳои хушкиоварандаи сард, доруҳое, ки ба сардӣ бигароянд ва доруҳое, ки на чун ғӯра ва турушии турунҷ бо турушӣ ва ё тундии худ кундӣ оваранд, доруҳои зерин мебошанд: сукк, кофур, сандал, гул ва тухми он, гулнор, хуни сиёвушон, газмозу, мо

зу, каҳрабо, марворид, фуфил, орди ҷав, лифи дарахти тут, барги газ ва бехи туруша.
Гармии бархе аз доруҳои гарм ва моил ба гармӣ ба гавҳар ва гармии бархе дигар касбшуда бувад. Бахше, ки гармияш ба гавҳар аст, доруҳои зерин буванд: намаки сӯхта; дерманаи сӯхта; мушки замин чи зинда ва чи сӯхта; дорчинӣ; зуфо; шукуфаи гӯргиё; самари кабар ва аз ҳамаи инҳо қавитар пӯсти бехи он бувад; уд; мушк; пари сиёвушони чи зинда ва чи сӯхта; барги сарв; абҳал; созаҷ; шохи сӯхта ва носӯхтаи гавазн; пудина ва хокистари он; мастако; обгинаи сӯхта; хокистари бура; зарованди гирд; хокистари пӯсти ток; хокистари сари харгӯш ва хурмои сӯхта. Доруҳое, ки гармиро ба қувва касб кардаанд, инҳост:
хокистари мозу, ки агар бо сирко хомӯш карда бошанд, ба муътадилӣ наздик ояд; хокистари шохаҳои ток; хокистари най ва монанди инҳо.
Аммо доруҳои муътадил, масалан, инҳост: шохи сӯхтаи гавазн, ки шуста шуда бошад; гавзи чинор; ва лифи дарахти санавбар.
Аз ҷумла доруҳое буванд, ки аз тариқи таркиб ҳосил шудаанд, масалан, орди ҷав, ки бо намак, майпухта ва майсавсан сиришта, сипас сӯхта бошанд; хурмои бо қатрон сириштае, ки онро сӯхта лахча гардонида, сипас бар болои он майсавсан пошида бошанд.
Яке аз хокаҳои озмудашудаи дандон хокаи зерин аст:
даҳ дирам шохи сӯхтаи гавазн, даҳ дирам барги сарв, панҷ [дирам] гавзи чинор, чунонки ҳаст, даҳ [дирам] бехи фантофилун, панҷ [дирам] пари сиёвушони сӯхта, се дирам гули (186) аз кулоҳакҳо пок карда ва се дирам сунбулро гирифта, нарм бисованд ва аз онҳо хокаи дандон омода созанд. Хокаи дигари хуб хокаи зерин аст: аз шохи сӯхтаи гавазн, газмозак, мушки замин, гул ва сунбули хушбӯй як дирамӣ ва аз намаки андаронӣ чаҳоряк дирам гирифта, бисованд ва аз онҳо хокаи дандон бисозанд. Инчунин хокаҳои дигареро андар бобҳои оянда ва андар Қарободин ёд хоҳем кард.
Акнун оғоз карда бигӯем. Илоҷи дандонҳо бо ёрии доруҳои хушкифизой, чунонки донистӣ, илоҷи муносиб аст, вале бо доруҳои гармифизой ва сардифизой муолаҷа кардан илоҷест, ки ҳангоми аз ҳолати муътадилии хос ниҳоят берун рафтани дандон бад-он эҳтиёҷ биафтад. Бархе аз доруҳои дандон хока, бархе пошиданӣ,257 бархе олуданӣ ва чизҳои сириштае, ки бар дандонҳо ва ё бар манаҳ бичаспонанд, бархе мазмазашаванда, бархе барои молишдиҳӣ, бархе чизҳои оганданӣ, бархе барои гармибандӣ, бархе сӯзонанда, бархе решакан созандаи дандон, бархе бахур, бархе андар бини афканданӣ ва бархе андар гӯш чаконданӣ мебошанд. Аз ҷумлаи [василаҳои муолаҷаи дандон] ин аз тариқи раг задан ва ё ҳиҷомат кардани ҷойҳои аз ҳама наздик ба дандонҳо моддаро истифроғ намудан аст.
Бархе аз доруҳои дандон ҳалкунанда, бархе сардиоваранда ва бархе карахткунанда буванд. Агар доруҳои карахткунанда андар дандонҳо ба кор бурда шаванд, аз ҳама бехатартаранд, вале бисёр истеъмол кардани онҳо мумкин аст боиси табаҳ гардидани гавҳари дандон бигардад.
Ҳамчунин доруҳои ниҳоят ҳалкунанда ва гармифизойро ҳам ҷуз ба ҳангоми зарурат набояд ба кор бурд ва онҳо аз қабили ҳанзал, харбақ, хиёри даштӣ ва ғайра буванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ