Қонуни тиб

Фанни ҳафтум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ДАНДОНҲО,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА
Фасли нахустин
гуфтор андар баёни дандонҳо
Он ҷо, ки мо андар баёни ташреҳ ва манфаатҳои дандонҳо сухан рондем, медонӣ ва бояд бад-он чизе тааммул кунӣ, ки андар он ҷой гуфта омад,256 Бидон, ки дандонҳо аз ҷумлаи устухонҳои дорои ҳис мебошанд, зеро ба сӯи онҳо аз мағз асабҳои нарм омадаанд. Онҳо ҳар гоҳ дардманд бигарданд, андар онҳо тапиш ва паридани оризшуда ва гоҳе хориш ва хор-хор ҳис карда шавад Гоҳе дандонҳоро ба сабаби истирхо, ҷунбидан, рехтан, ба як сӯ зада баромадан, аз сабаби тағйир ёфтани ранги гавҳари онҳо ва минои бар онҳо кашидашуда бемориҳо падид оянд. Онҳоро гоҳе хӯра, пӯсиш ва шикастан, гоҳе дардҳои сахт ва хориш ва гоҳе кундӣ, ки навъе аз дардҳои онҳост, ориз бигарданд. Гоҳе онҳоро чунин шавад, ки чизи ширин ва турушро хоидан натавонанд, аз чизи гарм ва сард зиён бинанд, бар дучор омадан бо яке аз ин ду чиз ва ё ҳар дуи онҳо кам тоб биоваранд. Мумкин аст онҳоро чунин рӯй диҳад, ки ба табъ андозаҳояшон тағйир ёфта, дароз, бузург ва ё суда шуда, хурд бигарданд.
Гоҳе андар онҳо навъе аз омос падид ояд, ки ин ҷои тааҷҷуб нест, зеро ҳар чи ки бо афзоиши ғизо азҳамкашидагӣ пазирад, шубҳае нест, ки бо расидани фазла низ азҳамкашидагӣ бипазирад. Агар пазирои моддаҳои андар хеш нуфузкунанда ва ба худ афзудашаванда намебуданд, ҳеҷ гоҳ кабуду сиёҳ намегардиданд. Дар ҳақиқат ин ба сабаби нуфузи фазлаҳо андар он ба амал ояд. Дандонҳо чунон офарида шудаанд, ки пайваста болишу фузунӣ ҳамеёбанд, то ҷои чизи суда шуда пур бигардад. Гузашта аз ин дандоне, ки андар муқобили ҷои дандони афтида ва ё кандашуда ҷойгир аст, дароз бигардад, аз баҳри он ки ӯро фузунӣ бирасаду, вале суда шудани муқобили он не.
Бидон, ки бар мизоҷи дандонҳо аз тариқи вораҳо ва ранги [дандонҳо] бад-ин гуна далел бигиранд, ки агар зард бошанд, [мизоҷи] онҳо заҳравӣ, агар сафед бошанд, балғамӣ, агар сурх бошанд, хунӣ ва агар ба тирагию сиёҳӣ бигароянд, [мизоҷи онҳо] савдовӣ хоҳад буд.
Фасли дуввум
андар баёни нигоҳ доштани
тандурустии [96] дандонҳо
Ҳар кӣ бихоҳад, ки дандонҳояш солим бимонанд, бояд ҳашт чизро риоя кунад. Аз ҷумла: 1) Эҳтиёт шавад, ки думодум таому шароб андар меъда табаҳ нагарданд: ин ё ба сабаби амре бошад, ки андар гавҳари таом ҷой дорад ва ин амр зуд пазирои табоҳӣ будани он аст, чунонки шир, моҳии андар намак хобонда ва моҳиоба ҳамин гунаанд ва ё ба сабаби бадии тадбири хӯрдани ғизо, ки инро андар ҷои худаш донистӣ, [ғизо андар меъда табаҳ] бигардад; 2) Дигар ин ки набояд зуд-зуд қай оварад, хусусан агар чизи қайшаванда туруш бошад; 3) Аз ҷумла бояд аз хоидани чизҳои сақизӣ (часпак), хусусан агар чун шакарина ва анҷири часпак ширин бошанд, парҳез кунад; 4) Аз ҷумла аз шикастани чизи сахт [бо дандон] дурӣ ҷӯяд; 5) Аз ҷумла аз чизҳои дандонҳоро кундӣ оваранда бипарҳезад; 6) Аз ҷумла аз хӯрдани чизи ниҳоят сард, хусусан аз болои чизи гарм ва аз [хӯрдани] чизи ниҳоят гарм, хусусан аз паси чизи сард, парҳез кунад; 7) Аз ҷумла мудом чизи андар миёни дандонҳо андаромадаро пок кунад, вале на ба андозае, ки ба гӯшти бун ва миёни дандонҳо зиён оварда, онҳоро реш кунад ва ё дандонҳоро ҷунбон бисозад; 8) Аз ҷумла аз чизҳое парҳез кунад, ки бо хосияти худ дандонҳоро зиён расонанд, масалан, гандано ва дигар чизҳои андар зимни доруҳои сода ёдшуда дандонҳо ва вораҳоро сахт зиён доранд.
Аммо мисвок карданро бояд ба таври муътадил ба кор бурд ва андар он начандоне муболаға кард, ки дурахшандагӣ ва оби дандонҳоро бибарад ва онҳоро барои пазируфтани назлаҳову бухорҳои аз меъда бархезанда омода сохта, сабаби хатар бигардад. Агар мисвок ба иътидол бошад, дандонҳоро зудоиш ва қувват бахшад, гӯшти миёни онҳоро қавӣ созад, мағок шудан нагузорад ва бӯи даҳон хуш кунад. Беҳтарин чӯб барои мисвок онест, ки дорои кайфияти гирандагӣ ва талх бувад.
Бояд чунин одат кард, ки ҳамеша пеш аз хоб дандонҳо равған карда шаванд: агар эҳтиёҷ ба сардифизоӣ бошад, масалан, равғани гул ва агар эҳтиёҷ ба гармифизоӣ бошад, масалан, равғани бон ва нордин [бимоланд].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор