Қонуни тиб

Фасли ҳаждаҳум
андар боз доштани хуни даҳон
Агар хун аз гавҳари даҳон ва пӯсти он ояд, онро бо доруҳои гирандаи андар боби табишҳо ёдшуда ва бо дигар доруҳо муолаҷа кунанд. Ҷӯшонидаи шохаҳои ток ва сарнавдаи нарми он суди азим дорад. Агар хун аз ҷои дигар ояд, мо барои он боби ҷудогона, балки якчанд боб бахшидаем.
Фасли нуздаҳум андар баёни ганди даҳон
Ё саргаҳи он вора буда, ба сабаби гандагии он, ё ба сабаби истирхое, ки андар он ориз шуда бошад ва ё ба сабаби гандагии буни дандонҳо, ки ба худи дандонҳо гузарад, ганди даҳон ба амал ояд. Ё саргаҳи ганди даҳон пӯсти [сатҳи] даҳон буда, ба сабаби мизоҷи баде падид ояд, ки андар пӯст ҷой дорад ва рутубатҳоро дигаргун созад. Аксар вақт ин мизоҷ гарм аст. Ё саргаҳи ганд даҳони меъда буда, аз сабаби хилти гандидаи даҳони меъда, (183) ки ё сафровист ва ё балғамӣ, падид ояд. Гоҳе ганд мумкин аст аз ноҳияҳои шуш ояд, чунонки худовандони силро чунин ориз бигардад.
Илоҷ: Ҳангоми ганди даҳоне, ки аз вора ва гӯшти миёни дандонҳо хезад, бояд мудом ба пок сохтани дандонҳо ва бо сирко ва об шустани онҳо диққат дод. Агар ин суд бахшад, хуб, агар не ва андар он ҷой боқимондаи гандагӣ ҷой дошта бошад, бояд баъди пок кардан газмозу, оқирқарҳо, судоб, созаҷ, уд, мастако, пӯсти турунҷ ва мехак бихоянд, бар вораҳо сабр, мурр ва монанди инҳоро биниҳанд, бо сиркои унсулӣ мазмаза кунанд ва [вораҳоро] анисун, тило ва ё набизи ширин бимоланд. Агар ганд қавитар аз ин бувад, мавизак хоида, оби даҳонро берун афкананд.
Агар ин фоида накунад ва гандагӣ ба таври ошкоро зоҳир шавад, як бахш зоги сӯхта ва ним бахшӣ бехи ширинбаён254 ва заъфаронро гирифта, ҳамаро бо ангубин сиришта, қурсҳо созанд ва ба кор баранд. Баъди он бо сиркои холис ва ё омехта бо оби гул мазмаза кунанд. Ё доруи аз ин қавитар ба кор баранд, ки бад-ин сифат аст: се дирам қиртос, дуним дирам зирних ва ду дирамӣ сукк, тутум, занҷабил, мурчи сӯхта ва қурсҳои фалдафиюнро гирифта, онҳоро ҳамчун доруи молиданӣ ва ё часпонданӣ ба кор баранд ва аз болояш порчаи катон ниҳанд. Агар ишхори ушнонро ба танҳоӣ бар гандагӣ биниҳанд, онро решакан карда биафтонад ва гӯшти хуб бирӯёнад.
Яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст, ки ақоқиё, зирнихи сурх, зирнихи зард ва оҳакро255 гирифта, аз онҳо бо сирко қурсҳо созанд ва бо оби ангубин ва ҷӯшонидаи абҳал совида, [ба кор баранд].
Агар гандагӣ андар худи дандон ва агар андар сари он ҷой дошта бошад, илоҷаш ин аст, ки онро битарошанд.
Агар гандагӣ андар фурӯсӯви буни дандон бошад, онро бо сӯҳонҳо арра кунанд ва ё бикашанд. Ҳар гоҳ истирхои
гӯшти вораҳо ҷой дошта ва он сабаби падид омадани гандагӣ бошад, илоҷаш бо доруҳое қавӣ сохтани он аст, ки андар боби истирхои гӯшти вора ёд хоҳем кард.
Агар [ганд ба сабаби] хилти сафровие бошад, ки андар меъда ва ё андар пӯсти даҳони меъда гандида бошад, ҳеҷ чиз барои он аз истеъмоли зардолуи тар ношито нофеътар нест. Харбуза, хиёр ва шафтолу низ чунинанд. Агар зардолу ва ё шафтолуи тар ҳозир набошад, оби қоқи таркардаи онҳо ва хусусан қоқи зардолуро бар ношито истеъмол кунанд. Яке аз чизҳои андар ин бобат судманд ин аст, ки пистро бо шакар ва барфоб ба кор баранд ва [инчунин] ҳаббҳои аз сабр сохтаро истеъмол кунанд, ки андар Қарободин ёд шудаанд. Бояд андар ғизои [бемор] чизҳои шӯяндаи сардифизо ва ба сафро мубаддал нашаванда биафкананд.
Агар ба сабаби хилти балғамӣ бошад, нахуст қай оваранд, ёраҳои даҳони меъда поккунандаеро ба кор баранд, ки андар боби меъда ёд шудаанд ва низ итрифали хурд, занҷибили парварда ва хусусан моҳиоба истеъмол кунанд. [Бемор] чизҳои бар тоба бирёнкарда бихӯрад, об бисёр наошомад, аз меваҳо ва тараҳои сабз парҳез кунад ва аз дарахтҳои талхи бодбур, масалан, аз дарахти арок ва зайтун мисвокҳо созад. Аз миёни доруҳо барои чунин [беморон] доруи зерин судманд аст: ҳар пагоҳӣ барги мурдро бо якчанди он аз мавизи аз дона поккарда ба шакли як ҷавза сохта, [андар даҳон бигиранд] ва ё ҳамин қадар гавзи сарв ва абҳалро бо мавиз [ба кор баранд]. Эшонро чилғӯза ва ҳабби фуфил нофеъ аст ва нусхаи [ҳабби фуфил] ба таври зерин аст: аз фуфил, мехак ва хуланҷон ним дирамӣ, аз мушк ва кофур як донгӣ, аз оқирқарҳо як дирам, аз сабр се дирам ва аз хардал як дирам гирифта, бо тило ҳабб созанд.
Доруҳои содаи санҷидашуда, масалан, инҳост: кундур, уди ҳиндӣ, қирфа, пӯстҳои турунҷ, гул, кофур, сандал, мехак, кабоба, мастако, басбоса, гавзи бӯво, бехи гӯргиё, армол, ушна, нохуни дев, қоқула, фаланҷмушк, барги турунҷ, сунбул, нормушк, занҷабил ва дигар чизҳое, ки андар лавҳҳои [доруҳои] сода ёфтан битавонӣ. Аз ҷумлаи чизҳое, ки бо онҳо доруҳоро сиришта кунанд, майбиҳӣ, майсавсан ва фишурдаи турунҷ бувад.
Фасли бистум андар баёни боз мондани даҳон
Ё ба сабаби шиддати ҳоҷат ба нафасгирии зиёде, (184) ки ба иллати афрӯхтагии сӯзон ба миён омадааст, ё ба сабаби зиқи [нафас] ва хуноқ ва ё ба сабаби нотавонии мушакҳои даҳон, ки ҳангоми хоб кори худро кардан натавонанд, даҳон боз монад. Ин ҳангоми бемориҳои тез [нишонаи] бад бувад.
Аммо андар баёни рангҳои забон бошад, беҳтар он аст, ки тафсили онҳо андар ҷои дигар, яъне ҳангоми ёд кардани бемориҳои тез оварда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор