Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Одати Ҷолинус ин аст, ки [ин гуна решро] то даме ки андар сатҳ аст, «қулоъ» хонад ва ҳар гоҳ гандида, фурӯтар бидарояд, на қулоъ, балки «решҳои палид» номад. Инҳо [решҳоеанд], ки ба доруҳои доғниҳанда ниёзманданд. Гоҳе қулоъ ҳангоме зиёд шавад, ки боронҳои зиёд ба амал оянд. Ҳангоми табҳои вабоӣ [низ] зиёд шавад.
Илоҷ: Нахуст бояд рӯ ба хилти ғолиби баамаловарандаи қулоъ овард. Агар он ғолиб бошад, тамоми танро истифроғ кунанд. Сипас, агар аз раги зери занах ва хусусан аз чаҳорраг хун бигиранд, аз барои ҳамаи бемориҳои гарми моддии даҳон судманд бошад. Баъд доруҳои табишии ёдшударо ба тавре ба кор баранд, ки бо қавии онҳо табишҳои қавии серрутубат ва серриму чирк, бо миёнаи онҳо табишҳои миёна ва бо камқуввати онҳо табишҳои сабукро муолаҷа кунанд. Ҳар гоҳ решҳо то ба устухон бирасанд, эҳтиёҷ ба доруҳои ниҳоят қавие аз қабили филфилмӯя252 бо миқдори зиёде аз ақоқиё афтад.
Бояд аз тамоми равғанҳо, ҳатто аз равғани зайтун, парҳез кард. Аммо доруҳои [барои қулоъ лозимаро] бояд аз миёни доруҳои сард ва гарми табишҳо, ки андар боби аввал ёд кардем, интихоб карда шаванд.
Барои он қулоъе, ки сурхи хунист, ба оғоз доруҳои аз ҳама созгор онҳоест, ки каме гиранда ва сардифизой бошанд. Баъд аз он доруҳоеро [ба кор баранд], ки ҳалкунандаанд. Ҳангоми қулоъе, ки маллагун ва зардчатоб аст, бояд хосияти сардифизоии доруро афзоиш дод. Аммо ҳангоми дигар [намудҳои қулоъ] нахуст ба доруе эҳтиёҷ биафтад, ки ба оғози таъсир ба таври муътадил хушкӣ ва зудоиш оварад. Сипас эҳтиёҷ ба доруе бошад, ки ба таври қавӣ хушкию таҳлил оварад. Ҳангоми [истеъмоли] ҳамаи инҳо бояд синну сол риоя карда шавад. Кӯдаконро дору бояд заифтар бошад ва ширашонро бояд ба ислоҳ овард. Аммо бузургонро бояд қавитар бувад. Кӯдаконро гоҳе як худи ғизо суд бахшад. Агар онҳо хӯрдан натавонанд, бояд ба доя бидод.
Доруҳои аз барои қулоъи гарм мувофиқ ин аст, ки масалан, барги уллайқ ва наскро бо сирко бихоянд. Ҳамаи мағзҳои устухонҳо ва хусусан мағзи гавазн ва гӯсола агар бо биҳӣ омехта ба кор бурда шаванд, судманд аст. [Инчунин] себи гиранда, амруди гиранда, дӯлона, биҳӣ, унноб, сарнавдаи ток, панираки бӯстонии хушк, орди наск ва орди гуринҷ [ҳама судманданд]. Аз инҳо ҳам қавитар доруи хокаест, ки аз мозу, табошир, гул, ақоқиё ва монанди он бисозанд, Момирон ҳангоми якҷоя будан бо доруҳои гиранда аз барои [муолаҷаи] қулоъ хосияти аҷиб дорад. Кофур ҳангоми қулоъ сахт судманд аст.
Аммо ҳангоми ду навъи қулоъи сард ва хусусан балғамии он аз доруҳои зудояндаи хушкифизой ва хусусан (182) ҳангоми қулоъи савдовӣ аз доруҳои ҳалкунандаи ниҳоят таҳлилфизо ва хушкиовар, аз қабили орди говдона ва ангубин бо мозу кумак бигиранд. Заҳраи сангпушти дарёӣ ҳангоми ин гуна [қулоъ] ва хусусан барои кӯдакон агар бо сирко сиришта ба кор баранд, суди азим дорад. Аз барои [қулоъи] палид зог бо сирко [чунин бошад]. Агар ҳар ду навъи [қулоъ] хӯрандаи бад бошад, аз истеъмоли зангор бо қалқатор ва мозу андар майпухта, ё ба қадри баробар аз мозу ва гулнор чора нест. Инчунин бояд қурсҳои «мусор»253 ва ё сурмаи трахумотиқунро бо ягон фишурдаи гирандае аз қабили фишурдаи ғӯра ба кор баранд.
Яке аз доруҳои муштарак ин аст, ки замч ва мозуро мисли хок ва гард бисованд ва бо он даҳонро нарм молиш диҳанд. Мозуро агар бо сирко ва намак ҷӯшонида, мазмаза кунанд, аз барои ҳар гуна қулоъи палид ва хусусан қулоъи кӯдакон судманд аст. Хокистари мозариюн аз барои қулоъи бад хосияти [хубе] дорад ва он яке аз доруҳои барои ҳамаи намудҳои қулоъ муштарак ба шумор биравад.
Бӯстонафрӯз, оби мисӣ ва дурди сӯхта низ чунин буванд.
Қулоъи савдовии сиёҳро тило кардан бо ангубине суд бахшад, ки онро бо мавизи донааш гирифта ва анисун сиришта бошанд. Агар андар ин миён омос низ бошад, марҳами зеринро ба кор бибар: як сукарраҷа оби райҳони кӯҳӣ, ним сукарраҷа равғани гул, ним сукарраҷа наск ва ду мисқол заъфаронро гирифта, аз онҳо марҳам омода созанд.
Фасли шонздаҳум андар баёни оби даҳон, луоб ва ҳангоми хоб шоридани оби даҳон

Ин гоҳе аз зиёдии гармӣ ва тарии хусусан меъда ба амал ояд ва гоҳе мумкин аст ба сабаби ғолиб омадани як худи гармӣ бувад, чунонки шахси рӯзадор, каси камхӯрок ва ё тамоман хӯрокнаёфтаро пайваста оби даҳон ояд ва чун таом бихӯрад, боз истад.
Гоҳе ин аз сабаби сардӣ ва балғам ориз бигардад.
Илоҷ: Агар аз гармӣ падид омада бошад, бояд нахуст босалиқро боз кунанд ва руббҳои туруш, меваҳои сарди гиранда ва набизи ғайри куҳанро бо оби зиёд ба кор баранд. Бояд ғизо аз моҳӣ ва гӯштҳои сабуке аз қабили гӯшти бузғола ва паранда бигиранд. Пайваста бо ҷӯшонидаҳои гирандае мазмаза кунанд, ки аз наск, тутум ва монанди инҳо гирифта бошанд. Агар [рафтани оби даҳон] аз сардӣ ва балғам бошад, ҳар ҳафта ду-се бор бо доруҳое қай овар, ки ҳамедонӣ ва ҳар ҳафта як бор доруи зеринро биошомон: ду дирам ёраи фиқро, [95] ду донг намаки ҳиндӣ ва як донгӣ аз анисун ва нонхоҳ гирифта, онҳоро бо сикангубини ангубинӣ ва ё тухмӣ биошоманд. Баъд аз он бояд тарёк ва гуворишоти гарм ба кор бурд.
Аммо ғизои бемор бояд мурғчӯҷаҳои бо дегафзорҳо, хардал ва сир пухташуда бошад ва бегоҳиҳо нони кок бо обкомаи набатӣ тановул кунанд. Сипас [бемор] бояд як ҷуръа оби сард ошомида, пеш аз хоб мисвок кунад.
Яке аз муолаҷаҳои муштараки хуб ин аст, ки ҳар рӯз ба қадри як дирам намаки нимкӯфтаро бо коснии тар тановул кунанд ва сипас итрифали хурд ба кор баранд.
Бояд пайваста ба муддати дароз мисвок кард. Муши бирёнкардаро чун санҷидаанд, хусусан барои кӯдакон судманд дарёфтаанд.
Фасли ҳафтдаҳум андар дур сохтани бӯйҳои баде, ки аз хӯрданиҳо падид оянд

Аз барои ин ғараз хоидани судоб, хоидани марвиҷон ва баъд аз он мазмаза кардан бо сиркои унсулӣ ва андар даҳон нигоҳ доштани мушки замин ва зурунбод судманд аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ