Қонуни тиб

Сабаби он рутубати ситабри часпак бувад.
Илоҷ: Ҳангоми он ба тариқи санҷиш доруҳои хӯрандаи бурандаи ҳалкунанда ва доруҳои дорои хушкиоварии бештареро аз қабили навшодир, сирко, намак ва бо зангору зог молиш доданро ба кор бибаранд. Агар инҳо суд набахшанд, доруҳои тез, масалан, доруи Андарун,250 доруи аз хояи мурғи тоза сохта, ки андар Қарободин ёд шудааст ва доруи Асқориюнро ба кор баранд. [Низ] бояд раги зери забон зад ва доруҳои қулоъи қавиро ба кор бурд. Агар инҳо суд набахшанд, аз кор фармудани дасткорӣ чора нест.
Яке аз доруҳои андар ин бобат сутуда доруи зерин аст:
саътари форсӣ, пӯсти анор ва намакро гирифта, бо онҳо забони кӯдаки ба бемории «ғук» гирифторро молиш бидиҳанд ва ин кор ӯро шифо бахшад. Яке аз доруҳои аз барои ин санҷидашуда зоги сӯхта ва суринҷон аст, ки ҳар дуро бо сафедии хоя ҷамъ сохта, андар зери забон гузоранд .
Фасли ёздаҳум андар баёни сӯхтагии забон
Ин гоҳе ба сабаби он гармии даҳони меъда ва ё мағзе ба амал ояд, ки ҳанӯз ба дараҷаи таб нарасида бошад ва ё ба сабаби хӯрдани чизҳои тез, шӯр, талх, ширин ва сахт ташнагиоваранда падид ояд. Гоҳе ба сабабҳои аз инҳо ҳам бузургтаре аз қабили табҳои тез ва омосҳои дарунӣ вобаста бошад.
Илоҷи он умуман ин аст, ки касони аз ин [чизҳо] шикоятдошта ва хусусан беморони бар пушт хобраванда ва касони даҳон ҳамеша боздорандаро [ин гуна чизҳо] набояд дод. Бояд пайваста ҳаббҳоеро ба кор баранд, ки аз донаи харбуза, хиёри дароз, бодранг, каду, тарангубин, нашоста ва монанди инҳо сохта шудаанд ва донаи олу, хурмои ҳиндӣ, шакари ҳиҷозӣ, луобҳои маълум ва фишурдаҳои сардиоварандаи тарифизойро андар даҳон бигиранд.
Агар хилти часпак вуҷуд дошта бошад, нахуст забонро равған кунанд, сипас молидан ва мазмаза кардани равғанҳо, мумравғанҳо, луобҳо, фишурдаҳо ва пиҳҳои паррандагонро ба худ вазифа кунанд. Баъзеҳо инро аз тариқи бо наъно молиш додани [забон] муолаҷа кунанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни муолаҷаи кафидагиҳои забон
Луоби тухми аспғулро андар даҳон бигиранд ва фурӯ баранд. [94] [Инчунин] каллапоча ва хояи нимбиришт тановул кунанд. Чизе, ки андар ин бобат санҷидашудааст, кафкест, ки аз совидани пораҳои хиёри дароз ва сапистон ба амал ояд.
Фасли сездаҳум андар берун омадани забон
Ин гоҳе ба сабаби омосҳои бузург ва гоҳе ҳангоми хуноқҳо ба амал омада, табиат ва ё иродаи инсон забонро ба берун баромадан водор кунанд, то маҷрои нафас фарох бигардад.
Фасли чаҳордаҳум
андар баёни табишҳои даҳон
Аксар вақт даҳон ба сабаби гармии ноҳияҳои меъда ва сар ва бухорҳо табишҳо барорад ва ин гоҳе ба ҳангоми табҳо бувад. Гуфтаанд, ки агар ҳангоми табҳои тез андар забон табишҳои сиёҳ зоҳир гарданд, бемор ба рӯзи дуввум бимирад. Доруҳои содае, ки ҳангоми оғози табишҳо судманд бошанд, ба таври зеринанд: ҳар гоҳ агар эҳтиёҷ ба сардгардонӣ ва хушкифизоӣ биафтад, [бояд доруҳое] ба монанди ҳалила,251 мозу, тухми гул, нашоста, газмозу, шиёфи момисо, гулнор, касиро, ҳар ду навъи сандал, гул, табошир, тутум, наск, гили арманӣ, кулоҳакҳои анор, ҷафти булут, гили қимулиё, фуфил ва фишурдаҳои сарде аз қабили фишурдаи коҳу, рӯбоҳразак, садпайванд, хурфа ва сарнавдаҳои ток ба кор баранд. Бисёре аз кӯдакон ҳангоми табишҳои даҳон бо шакари табарзад ва кофур беҳ шаванд.
Аз доруҳои гарме, ки ҳангоми поён ёфтани [беморӣ] бад-онҳо эҳтиёҷ биафтад, масалан, доруҳои зерин аст: момирон ва доршишиғон ба таври махсус, пӯсти гавзи бӯё, мушки замин, заъфарон, гавзи сарв, забони гов, оқирқарҳо, мехак, пудина ва сукк. Аз доруҳои палид саргини сагро [ба кор баранд]. Гоҳе ҳангоми навъи решшавандаи табишҳо эҳтиёҷ ба зирних биафтад. Аз барои гунаи ситабри табишҳо ҷӯшонидаи як уқия доршишиғон, ним уқия зардчӯба, чаҳоряк уқия момирон, ду дирам сабр (181) ва як мисқол заъфарон санҷидашуда аст. Инчунин оберо [ба кор баранд], ки андар он ба қадри баробар ва ё қариб ба ҳам баробар бахшҳоеро аз мехак, гавзи бӯё ва доршишиғон ҷӯшонида бошанд.
Ҳар гоҳ табишҳо ба рим кардан сар кунанд, бояд ба онҳо луобҳоеро наздик овард, ки аз мисли тухми катон, тухми марв, тухми хитмӣ ва шоҳисфарам гирифта бошанд. Худи ин тухмҳо, орди ҷав ва шири харро танҳо ва ё бо каме аз ин доруҳо [низ ба кор баранд]. Гоҳе ба ҷӯшонидаи тухми катон бо анҷир, равғани зард, орди гандум, наъно ва шанбалит эҳтиёҷ афтад. Бархе аз пизишкони донишманд гуфта, ки ҳеҷ чиз ҳангоми муолаҷаи табишҳои даҳон ба андозаи равғани нимгарми гӯргиёи андар даҳон гирифта намерасад.
Фасли понздаҳум андар баёни қулоъ (барфак) ва решҳои палид
Қулоъ решест, ки андар пӯсти даҳон ва забон ба амал омада, пайваста андар паҳншавӣ ва густариш бошад. Ин кӯдаконро бисёр ориз бигардад ва аксар вақт эшонро ба сабаби бадии шир ва ё бад гуворидани он андар меъда падид ояд. Гоҳе қулоъ ба сабаби ҳар кадом аз хилтҳо ба амал ояд ва инро аз ранги он шиносанд. Қулоъи сафед балғамӣ буда, аксар вақт аз балғами шӯр зода шавад. Зарди он сафровӣ буда, беш аз намудҳои дигар афрӯхтагӣ дорад. Қулоъи сиёҳ савдовӣ ва сурхи баланд хунист. Палидтарини инҳо қулоъи савдовист.
Бархе аз синфҳои қулоъ ниҳоят хӯранда ва бархе оромтар бувад. Қулоъ гоҳе бо омос ва гоҳе танҳо ба амал ояд.
Ҳар реше, ки андар сатҳи даҳон падид ояд, зуд ба густариш ёфтан пардозад, зеро гармии доимӣ ва пӯсти тари нарм аз он ногусастанист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор