Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар аз барои эҳтиёт ва аз бими омадани хуни зиёд ба буридан бо оҳан ҷуръат карда нашавад, равост, ки бо сӯзан аз зери зардпай риштаи бурандаеро бигузаронанд ва аз ғайри буридан онро ҷудо созанд. Бар андом доруе биниҳанд, ки часпидан нагузорад, яъне доруҳои доғниҳандаи тезро [ба кор баранд]. Бояд ҳангоми буридан оҳиста амал кард ва ба рагҳои зери забон нигарист, то бурида нагарданд ва ин боиси рафтани хуни зиёд нашавад.
Фасли ҳаштум андар баёни омосҳои забон

Забонро мумкин аст омосҳои гарм, омосҳои балғамӣ, омосҳои бодӣ, омосҳои сахт ва саратон ориз бигарданд.
Агар бад-он чи ки андар баёни нишонаҳои омосҳо гуфта омад, муроҷаат кунӣ, нишонаҳои ҳамаи инҳо аз он ҷой маълум бигарданд. Гоҳе забон аз сабаби ошомидани заҳрҳое аз қабили [саморуғи] футр ва афюн варам кунад.
Илоҷ: Омосҳои гармро нахуст бо раг задан ва исҳол овардан муолаҷа кунанд. Ин кор ҳангоми омосҳои забон аз қай беҳтар аст ва гоҳе бе задани раги зери забон мурод ҳосил нашавад. Сипас ҳангоми оғозёбӣ андар даҳон фишурдаи коснӣ, хусусан фишурдаи рӯбоҳразак, шири туруш, оби гул, оби гуле, ки андар он гулро ҷӯшонида бошанд, фишурдаи садпайванд (179) ва оберо бигиранд, ки андар он гул, садпайванд ва пӯсти анор ҷӯшонида бошанд. [Инчунин] бо шафтолуи тар молиш диҳанд, зеро он аз барои ин [омосҳо] ниҳоят судманд аст.
Агар [омос] на ҳал гардад ва на рим кунад, андар марҳалаи охири он эҳтиёҷ ба ғарғара кардани доруҳои пазонандаи ҳалкунандае мисли ангубин бо шир, ҷӯшонидаи бехи ширинбаён, ҷӯшонидаи анҷир ва шанбалит ва ҷӯшонидаи мавиз ва бодиён биафтад. Ёраи фиқро биошоманд, то ки моддаи ситабр аз даҳони меъда ба исҳол берун равад.
Ғизо аз ҷинси чизе бигиранд, ки аз қабили таоми каранбӣ ва таоми аз исфонохи румӣ бо равғани кунҷид сохташуда, пазонанда ва ҳалкунанда бошад. Агар [омос] рим кунад, доруҳои қабзкунандаеро аз қабили ҷӯшонидаи тутум, мӯрд, наски муқашшар, барги зайтун ва шароби тунд андар даҳон бигиранд. Яке аз чизҳои барои ин ғараз судманд марҳамест, ки аз фишурдаи рӯбоҳразак, равғани гул, наски муқашшар ва гул сохта бошанд.
Агар омос нарми балғамӣ бошад, аз барои он ва аз барои омоси гарми ба марҳалаи охирини худ расида сӯхтани бехи бодиён ва бар онҳо ниҳодани вай суд дорад. Гоҳе ҳангоми ин гуна омосҳо ва инчунин ҳангоми баъзе омосҳои гарме, ки дорои ситабриянд доруи зеринро андар бинӣ афкананд:249 аз ҳар яки заъфарон ва ёраи фиқро як бахшӣ, аз кофур ва мушк сеяк бахшӣ ва аз шакари табарзад якуним бахш гирифта, ду донг аз ин ҷумларо андар шири доя ҳал кунанд ва андар бинӣ афкананд. Ҷолинус гуфтааст: «Шахсеро андар забон омоси бузург падид омад ва шаст сол умр дошта, аҳди раг заданаш гузашта буд. Бинобар он ӯро раг назадам, балки ба ӯ қуқиё ошомонда, хостам забонашро андар зимодҳои сард бигирам.
Шомгоҳӣ буд ва пизишк ба ин кор мухолафат кард. Он мард шаб андар хоб бидид, ки андар даҳон бояд фишурдаи коҳу гирифта шавад ва [пагоҳ] чун ин корро кард,

пурра шифо ёфт ва ин ба машварати ман мувофиқ афтод».
Агар омос сахт бошад, боистӣ тадбири ғизо латиф кард, ғизои хуб хӯрд, хилтҳои ситабрро бо ёрии ёраҳои бузурге, ки андар бобҳои гузашта ёд шудаанд, ба кор бурд. [Низ] доруҳои ғарғарашавандаи латифиовар ба кор баранд, андар даҳон оби таркардаи шанбалит, ҷӯшонидаи он бо анҷир ва ҷӯшонидаи донаи даҳмаст бо мавизи аз дона пок кардаро бигиранд. [Инчунин] шири занон, хар ва буз, низ ҷӯшонидаи хурмо ва анҷирро бо набизи ширин, ё бо рубби ангур ва ё бо ангубин ва хиёршанбар андар даҳон бигиранд. Табиатро пайваста бо мисли ёраи хурд ва хиёршанбар нарм созанд.
Фасли нуҳум андар баёни халали сухангӯӣ

Мо бархе аз он чизҳоеро, ки андар ин бора бояд гуфта шаванд, андар боби истирхои забон ёд кардем. Акнун мо бигӯем: Гунгӣ ва дигар офатҳои сухангӯӣ аз газанде бархезанд, ки мумкин аст андар мағз ва андар баромадгоҳи асаби ба сӯи забон оянда ва ҳаракатдиҳандаи он ҷой дошта бошад, ё мумкин аст андар худи шохаи он [асаб] ҷой дошта бошад ва ё мумкин аст, ки андар худи мушак мавҷуд бошад. Он халал ё ташаннуҷ, ё азҳамкашидагӣ, ё сахтшудагӣ, ё истирхо, ё кӯтоҳ шудани зардпай, ё баста гардидане, ки аз сабаби реши фароҳамоянда ба амал ояд ва ё омоси сахт бувад. Ин аксар вақт, чунонки ҳамедонӣ, аз рутубат хезад ва гоҳе аз хушкӣ [низ] бувад. Офати сухан гуфтан гоҳе мумкин аст аз сӯи омосҳо ва решҳое падид ояд, ки андар забон ва ноҳияҳои он ориз шуда бошанд. Гоҳе баъд аз сарсом ба сабаби ронда шудани фазлаҳои мағз ба сӯи асабҳо ва ҳангоми табҳои тез ба иллати хушкӣ овардани онҳо падид ояд. Гоҳе мумкин аст забон ба изофаи он пажмурдаю кашидашуда бигардад, вале чунин ҳол камтар рӯй диҳад. Ин яке аз офатҳои аразии ноасил аст.
Гоҳе офат андар сухан гуфтан ба сабабе биафтад, ки андар мушакҳои ҳанҷара ҷой дорад ва ин ҳангоме бошад, ки он мушакҳоро аз ҳам кашида шудану истирхо ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст шахс андар оғози [сухан гуфтан] овоз баровардан натавонад, зеро ӯ барои ба ҷунбиш овардани мушакҳои сина ва ҳанҷара чандоне сахт бикӯшад, ки онҳо тоб овардан натавонанд ва сар бипечанд.
Агар ӯ баробари гуфтани аввалин лафз ва калима нафас бигирад, баъди он озод сухан гуфтан битавонад. Ин гуна одам набояд бо нафаси бузург кашидан ва синаро сахт ҷунбонидан ба сухан гуфтан худро омода созад, балки андар он бояд ба оҳистагӣ оғоз кунад. Ҳар гоҳ чунин одат кунад, сухан гуфтан бар вай осон бигардад ва осон сухан гуфтан варо одат шавад.
Аммо муолаҷаи дигар ҷиҳатҳо андар бобҳои хосси онҳо ёд шудаанд. Аз барои [халале], ки баъд аз сарсом бихезад, задани ду раги зери (180) забон сахт судманд аст.
Фасли даҳум андар баёни «ғук»

Ин ба ғуддаи сахте монанд буда, андар зери забон ба амал ояд. Аз ҷиҳати ранги худ, ки аз ранги сатҳи забон ва рагҳои андар он буда таълиф ёфтааст, ғукро монад.

пешина
аз 1215
навбатӣ