Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо доруҳои хосси ин мавзеъ бад-ин гуна аст, ки аксар вақт бо доруҳои ҳалкунанда, доруҳои кушоянда ва доруҳои буранда молиш бидиҳанд, бо обҳои онҳо ғарғараву мазмаза кунанд. Онҳо, масалан, саътар, ҳошо, хардал, оқирқарҳо ва пӯстҳои бехи кабар буванд. Балки гузашта аз ин хардал ва кундуша барин [доруҳоро ба кор баранд].
Ҳамаи инҳоро, масалан, бо обкома ва сиркои унсул [истеъмол кунанд]. Гоҳе забонро агар бо навшодир ва рахбин ва ё тарф (қароқурут) ба қадре молиш диҳанд, ки аз он луоби зиёд битаровад, судманд хоҳад буд. Агар сикангубини унсулиро ба тариқи ғарғара ва мазмаза ба кор баранд, ниҳоят нофеъ бошад. Вай аз барои истирхои забон ва гаронии он ба ғоят хуб аст.
Ҳар гоҳ истирхо шиддат ёфта, сухан гуфтан номумкин бигардад, миқдоре аз уфурбиюн ва кундушаро гирифта, бо онҳо забон ва буни онро пайваста молиш бидиҳанд.
Ин доруҳо ва амсоли инҳоро низ боистӣ бар гардан ниҳод.
Гоҳе аз ин доруҳо ва амсоли онҳо ҳаббҳо созанд ва онҳоро бо чизҳое аз қабили лозан, анбар, ротинаҷ ва самғҳои часпаке сиришта кунанд, ки онҳоро зуд ҳал шудан нагузоранд.
Нусхаи ҳаббе, ки андар зери забон бигиранд ва аз истирхои забон ва афтидани он нофеъ бошад: ду дирам сақизи набатӣ ва як дирам ангужадро гирифта, аз онҳо ба андозаи нахӯд ҳабб созанд ва андар зери забон бидоранд.
Яке аз доруҳое, ки андар ин бобат санҷидашуда аст, доруи ғарғарашавандаи зерин аст: миқдоре аз навшодир, мурч, оқирқарҳо, хардал, бура, занҷабил, мавизак, саътар, сиёҳдона, марзангӯши хушк ва намаки нафтиро гирифта бикӯбанд, бибезанд ва андар оби гарм ниҳода, бо он якчанд рӯз пайваста ғарғара кунанд. Яке аз гуворишоте, ки ҳакимони Ҳинд андар ин бобат ёд кардаанд, гуворишест, ки нусхаи он чунин бувад: аз ҳар кадоми зираи сиёҳ, зираи кирмонӣ, қирфа ва намаки ҳиндӣ ним мисқолӣ, сад дона дорфилфил, дусад дона мурч ва ҳашт истор шакар, ки ҳар як истор шашуним дирам аст, гирифта, ҳар вақте аз онҳо ба тариқи сафуф ба кор бибаранд.
Ҳар гоҳ доруҳои ҳалкунанда суд набахшанд ва чунин ҳадс бизанӣ, ки рутубат тунуки ҷоришаванда аст, кумак аз доруҳои ҳалкунандае бигир, ки мисли доршишиғони омехта бо гул ва мисли шукуфаи гӯргиёи омехта бо табошир гиранда буванд. Бисёр бошад, ки бо доруҳои туруш ва қабзунанда молиш додани забон суд бахшад, зеро онҳо ба сабаби турушии худ ба изофаи ҳал кардан ва ҷорӣ сохтани оби даҳон [забонро] фишурда созанд. Мисоли ин тарф, ғӯраи ангур ва меваҳои нопухта буванд.
Агар кӯдак дер ба гуфтор ояд, бояд забонашро пайваста биҷунбонанд ва молиш диҳанд, то аз он луоб ҷорӣ гардад.
Хусусан агар ҳангоми молидани он ангубин ва намаки андарониро бо тамоми он чи ки андар илоҷи рутубати забон ёд шудааст, ба кор баранд, андар ин бобат судманд бошад.
Яке аз роҳҳои ба ҳаракат овардан ва кушодани забони эшон бар сухан гуфтан маҷбур сохтани эшон бувад.
Фасли панҷум андар баёни ташаннуҷи забон

Гоҳе ташаннуҷи забон аз рутубати часпаке, ки мушакҳои забонро ба паҳно бикашад, гоҳе (178) аз савдои гиранда ва гоҳе ба ҳангоми бемориҳои тез бихезад. [Бемориҳои тез] андар мушакҳои забон ба тариқи хушкифизоӣ ва пажмурда сохтан ташаннуҷ оваранд. Ташаннуҷ мумкин аст андар гуфтор ҳам зиён оварад.
Муолаҷаҳо: Муолаҷаи ташаннуҷи забон аз ҷиҳати қонун аз муолаҷаи ташаннуҷи ҳамагонӣ, ки андар Фанни нахустини ин китоб ёд шудааст,248 чандон фарқе надорад.
Аммо илоҷи он ба тариқи хос ба таврест, ки дарёфта шудааст. Аз ҷумла, буни гарданро бо мисли бобуна, шоҳафсар, бедаи тар, марзангӯш ва шибит ё ягон-ягон ва ё якҷоя гармибандӣ кунанд. Инчунин бо равғанҳои онҳо ғарғара кунанд ва бо нимгарми онҳо даҳонро пур карда, як муддат биистанд. Офруштаҳо (ҳалвоҳои сафед)-и аз равғанҳои гарм сохташуда, ҳалвоҳои ҳалкунанда ва тухмиҳоеро аз қабили шанбалит ва монанди онҳо ба кор баранд.
Агар [ташаннуҷ] ҳангоми табҳо падид ояд, равғанҳои ба кор бурдашаванда аз қабили равғани бунафша, равғани каду ва бед буда, онҳоро нимгарм [ба кор баранд]. Бояд ҷойҳои ёдшударо бо оби нимгарм ва фишурдаҳои тарифизои ширгарм дорурезӣ кунанд.
Фасли шашум андар баёни бузургии забон

Гоҳе бузургии забон аз сабаби хуни ғолибомада ва гоҳе аз сабаби рутубати зиёди балғамии ситабри нармкунандаи бодангез ба амал ояд. Бисёр вақт забон ба андозае бузург бигардад, ки аз даҳон берун ояд ва андар даҳон нағунҷад. Ин гунаи бузургиро мо алоҳида андар боби омос ёд кардаем, аз баҳри он ки ба таври махсус фарқ дорад.
Илоҷ: Бузургии хунӣ ва аз моддаи гарм падидомадаро бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки онро бо доруҳои бурандаи туруш ва гирандае аз қабили чукурӣ ва турушаи турунҷ пайваста молиш диҳанд. [Бузургии] аз рутубат бархостаро бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки баъд аз истифроғот овардан онро пайваста бо навшодир, намак ҳамроҳи тарф ва сирко бимоланд. Ё занҷабил, мурч, дорфилфил ва намаки андарониро гирифта, хуб бикӯбанд ва бо он забонро бимоланд, то ба қадри ҳаҷми [табиияш] боз ояд ва бахши берун шудааш ба дарун бидарояд. Ҳар гоҳ истирхои забон кӯдаконро ориз бигардад, нигоҳубин кардан ва аз [гӯшти] гунҷишку чӯҷаи нав бол бароварда ғизо додан эшонро кифоят бошад.
Шахсеро ҳангоми миҳҷама гузоштан нештар ба лифи асабе расидааст, ки андар паҳлуи парда пайваста ба забон ҷойгир аст ва аз он забонро истирхо падид омадааст.
Фасли ҳафтум андар баёни кӯтоҳии забон

[93] Ин гоҳе бад-ин сабаб бошад, ки зардпаи андар зери забон буда ба сари забон ва неши он пайваста аст ва забонро густариш ёфтан нагузорад ва гоҳе дигар ба тариқи ташаннуҷ ориз бигардад.
Илоҷ: [Кӯтоҳии] ба сабаби ташаннуҷ бошад, андар баёни он сухан ронда шуд. Аммо илоҷи кӯтоҳии ба сабаби зардпай буда ин аст, ки зардпайро аз ҷониби неши забон андаке бибуранд ва он ҷойро зоги совида бимоланд, то ки хун қатъ бигардад. Миқдори буридагӣ аз барои кушода шудани забон ба андозае бошад, ки [забон] то ба болои ком расидан ва аз даҳон берун омадан битавонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ