Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Таъми забон бар хилте гувоҳӣ диҳад, ки бар тамоми тан ва ё бар меъда ва сар ғолиб омадааст.
Гоҳе аз тариқи рутубат ва хушкии он бар [беморӣ] пай баранд. Хушкии он бар ду рӯй дарёфта шавад: якеаш ҳангоми покии сатҳи забон дарёфта шавад ва ин хушкии ростинист ва дуввумӣ бо сайлони хилти ширешии часпак бар рӯи забон, ки гармӣ онро хушк карда бошад. Ин на бар хушкии гавҳари [забон] далолат кунад, балки гувоҳӣ аз он диҳад, ки рутубати часпаке ё ба сабаби назла ва ё ба сабаби бухорҳои ситабри фишурда бар рӯи забон ҷамъ гардидааст. Ин яке аз ҳолатҳоест, ки пизишкон ҳангоми шинохтани ҳоли хушкии даҳони бемор ғалат кунанд ва миёни гунаи пеш аз ин будаи хушкӣ ва гунаи кунунии он фарқ кардан натавонанд. Дуруштӣ баъд аз хушкӣ ва ҳамворӣ баъд аз рутубат падид оянд.
Гоҳе бар ҳолати забон аз чӣ гуна ҳаракат кардани он ҳангоми сухан гуфтан, аз ҳолати пажмурдагӣ ва сабукии он ва аз ҳолати ситабрие огоҳӣ пайдо кунанд, ки дар натиҷаи он забон ҳар вақт газида шавад, барои ҳаракат гаронӣ кунад ва далели пурии хунӣ ва ё рутубатӣ бувад.
Мумкин аст бар [ҳоли забон] аз тариқи омосҳо ва табишҳое пай бурд, ки андар он падид оянд. Ту баъд аз фаро гирифтани асосҳои ҳамагонии гузашта ва ҷузъии баъдаш оянда ҷиҳатҳои аз ин қабил далелгириро метавонӣ густариш бидиҳӣ.
Забон гоҳе ба танҳоӣ ва гоҳе ба анбозии мағзу меъда дардманд шавад. Модом ки асаби забон бо як чанд асаби дигар пайваст аст, берун аз ин нест, ки он асабҳо андар ҳаракат бо вай мувофақат намуда, мумонаат накунанд, ки ин ҳоли касони солимгуфтор бувад ва ё ба он халал расонанд ва ба осонӣ мувофақат накунанд, ки бар асари он шикастазабонӣ ва монанди он ба амал ояд. Гоҳе шикастазабонӣ ба иллати бастагии [забон] падид ояд, зеро асаби [забон] аз асабҳои дигар қувват гирад ва бинобар он то гирифтани [қувват] забон баста бимонад.
Фасл андар муолаҷаҳои забон: Гоҳе забонро бо якҷоягии сар ва ё меъда ба воситаи он доруҳои мувофиқе муолаҷа кунанд, ки ҳар кадомро аз боби худаш донистӣ. Гоҳи дигар муолаҷаи он ҳамчун муолаҷаи хос ва бо ёрии ошомиданиҳое ба амал оварда шавад, ки аз тариқи исҳол боиси истифроғ бигарданд ва инҳо беш аз доруҳои гардонандаи мизоҷ, ё доруҳои қабзкунанда ва ё доруҳои ҳалкунандаи буранда ва латифиоварандае судманданд, ки агар ошомида шаванд, қуввати онҳоро [забон] бигирад. Созгортарин ҳангоми ошомидани ин гуна доруҳо баъд аз таом бувад.
[Забонро] мумкин аст бо доруҳои мазмазашаванда, даллокишаванда, бо доруҳои ғарғарашаванда, бо гирифтани равғанҳо андар даҳон ва инчунин бо нигоҳ доштани ҳаббҳое ба ҳасби ҳоҷат андар даҳон муолаҷа кунанд, ки аз гиёҳҳои дорои қувваҳои ёдшуда сохта шудаанд ва беҳтар аст, [92] ки ин [ҳаббҳо] паҳншакл сохта шаванд. Ҳангоми истеъмоли он доруҳои даҳон ва забон, ки аз ҷинси чизҳои барои гулӯ ва шуш зиёнвар мебошанд, бояд эҳтиёт шуд, то чизе аз онҳо ба сӯи [гулӯ ва шуш] сайлон накунад.

Фасли севвум
андар баёни табоҳии чашоӣ

Газанд андар чашоӣ аз се рӯй бидарояд. Ҳамаи ин мумкин аст ба анбозӣ ва мумкин аст ба иллати бемории хосси аз бадмизоҷӣ падидомада, ё бемории афзорӣ ва ё бемории муштараке бошад, ки бо чизҳои ишоракардаи мо бад-он пай баранд.
Илоҷ: Агар ба анбозӣ бошад, илоҷаш ин аст, ки ҳоли мағзро бишиносӣ ва онро бо доруҳое дуруст созӣ, ки андар боби иллатҳои мағз бароят ёд кардем ва ё ҳоли меъдаро [бояд шинохт]. Агар ба ғайри анбозӣ бошад, ба [муолаҷаи] худи забон бипардоз.
Агар сабаб пурӣ ва хилти баде бошад, боистӣ истифроғ карда шавад. Агар он [хилт] тез бошад, бо ёрии, масалан, ёраи фиқро, ҳабби қуқиё ва ҳаббҳое истифроғ овар, ки аз маҳмуда, дилаи ҳанзал ва ё намаки нафтӣ сохта шудаанд. Агар [сабаб] хилти ситабр бувад, боистӣ онро бо ёраҳо истифроғ кунанд, доруҳои ғарғаравиеро ба кор баранд, ки андар боби истирхои забон ёд шудаанд ва ба худованди он ғизоҳои тезе аз қабили пиёз, хардал, сир ва сирко бидиҳанд.
Фасли чаҳорум андар баёни истирхо ва гаронии забон ва халале, ки андар сухан гуфтан биафтад

Истирхои забон аз қабили дигар синфҳои истирхо аст, ки андар [бобҳои] гузашта ёд шуданд. Сабаби он маълум аст. Вай гоҳе аз сабаби рутубати хунии обакӣ, гоҳе (177) ба сабаби андар мағз ҷойдошта ва ё мумкин аст аз сабабе падид ояд, ки андар асаби ҷунбонандаи он ва ё шохаи аз вай ба сӯи забон оянда ҷойгир бошад. Ту бахши ба анбозии мағз ва бахши ба ғайри анбозии [мағз] бударо бо чӣ гуна дарёфтани ҳолати дигар андомҳои аз мағз ҳиссу ҳаракатгиранда ҳамедонӣ. Бар хунӣ будани модда мумкин аст сурхии забон ва гармии он далолат кунанд ва гоҳе бар тунуки обакӣ будани модда ба таври зиёд ҷорӣ шудани луоби тунук, кам суд бахшидани доруҳои ҳалкунанда ва беш суд доштани доруҳои хусусияти гирандагӣ дошта гувоҳӣ диҳанд. Гоҳе истирхои забон ба андозае бирасад, ки сухан гуфтан нашавад, ё ба душворӣ бошад ва ё ба гунаи дигар гардида, аз ҷумла фаъ-фаъ ва таъ-таъ кардани [забон] падид оянд. Бархе аз кӯдаконро муддати суханногӯӣ дер бикашад. Касони забонашон гирандаро ҳар гоҳ бемории гарме рӯй диҳад, забонашон кушода шавад, аз баҳри он ки рутубати забонро гирандаи андар буни асаб банд гардида гудохта шавад. Бинобар ин, кӯдак шикастазабон бувад ва чун ба синни барноӣ бирасад ва рутубаташ муътадил бигардад, фасеҳгуфторӣ боз оядаш.
Илоҷ: Бояд танро нахуст бо ёраи хурд ва сипас бо ёраҳои бузург пок сохта, баъд аз он бо доруҳои хосси сар оҳанги поксозии ноҳияи сар бояд кард. Агар гумон бурда шавад, ки ба изофаи рутубат ғалабаи хун низ ҷой дорад, нахуст рагҳои забонро бизананд ва бар занахдон миҳҷама гузоранд, сипас бо доруҳои ғарғарашаванда, даллокишавандаи забон ва аз тариқи пайваста ҳаракат додани он баъд аз истифроғ муолаҷа кунанд. Ду намуди аввалиро ҳангоми баёни тадбири бемориҳои сар донистӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ