Қонуни тиб

Фанни шашум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ ДАҲОН ВА ЗАБОН,
ки аз як мақола иборат аст
МАҚОЛАИ ЯГОНА
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи даҳон ва забон
Даҳон барои расонидани ғизо ба тиҳигоҳи фурӯсӯвини [тан] андоми зарурист, низ андар расонидани ҳаво ба тиҳигоҳи барсӯвин анбозӣ дорад ва ҳангоми оҷиз омадан ва ё душвор будани ба сӯи поин рондани фазлаҳои андар даҳони меъда ҷамъшуда барои гардонидани онҳо судманд бувад. Вай ҷойгоҳи ҳамагонии андомҳои сухан гуфтани инсон ва андомҳои садо додани дигар ҷонваронест, ки аз тариқи нафас кашидан садо бароранд. Забон яке аз андомҳои [даҳон] буда, яке аз афзорҳои гардонидани чизи хоидашаванда, буридани овоз ва берун овардани ҳарфҳост ва бад-он мазаҳоро фарқ тавон кард. Пӯсти сатҳи зерини он ба пӯсти сурхной ва пӯсти шикам пайваста аст. Забон андар баробари дарзи тирӣ ба ду ним аст ва миёни ин ду [нима] зардпайҳову пайвастагии муштарак ҷой доранд. Мушакҳои ҷунбиш ва нигоҳ доштани [забонро] донистӣ.
Беҳтарин забон аз ҷиҳати он ки хуб сухан гуфтан тавонад, забонест, ки андар дарозӣ ва паҳноӣ муътадил ва ба наздики шохаҳояш борик гардида бошад. Агар забон беандоза бузурги паҳн ва ё мисли ташаннуҷёфта хурд бошад, худованди он бар сухан гуфтан тавоно нахоҳад буд.
Гавҳари забон гӯшти нарми сафедест, ки вайро рагҳои хурди хунии андарҳам рафта печидаанд ва ба иллати онҳо ранги [забон] сурх бинамояд. Бархе аз ин рагҳо варидӣ ва бархе шараёнист. Андар гавҳари забон асабҳои зиёде аз чаҳор асаби ба сӯи он оянда панҷа задаанд, ки мо онҳоро ҳангоми баёни ташреҳи асабҳо ёд кардем.247 Низ андар забон рагҳо ва асабҳо беш аз миқдоре ҷой доранд, ки аз мисли ин гуна [андом] чашм дошта шавад. Андар зери забон ду даҳонакест, ки сари мил андар онҳо бидарояд. Онҳо сарчашмаи луоби [даҳон] буда, ба гӯшти ғуддаие рафта бирасанд, ки андар буни забон ҷой дорад ва «луобзоянда»-аш хонанд. Ин ду сарчашмаро «луобрезанда» гӯянд ва онҳо забон ва пардаеро намнок бидоранд, ки бар рӯи забон густурда, бо пардаи тамоми даҳон пайваст аст ва ба сӯи сурхною меъда бигузарад.
Андар зери забон ду раги бузурги сабз аст, ки аз ҳар дуи онҳо рагҳои зиёде бархоста паҳн бигарданд. Ин ду [рагро] «сурадайн» («ду сурад») ҳамехонанд. Худой донотар аст.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои забон
Забонро гоҳе бемориҳое ориз бигарданд, ки андар ҳаракатҳои вай офат падид оварда, онҳоро ё бекор, ё суст ва ё дигаргун бисозанд. Гоҳи дигар ӯро мумкин аст бемориҳое ориз бигарданд, ки ҳисси басованда ва чашоии онро ба офат гирифтор сохта, онро ё бекор, ё нотавон ва дигаргун созанд ва ё мумкин аст як ҳисси он бекор бигардаду дигараш боқӣ бимонад, масалан, чашоӣ аз ғайри басовандагӣ биравад, аз баҳри он ки беморӣ офатро ба нотавонтари ду қувват метавонад бифиристад.
Гоҳе беморӣ бадмизоҷӣ бошад, гоҳе дигар афзорӣ буда, аз бузургӣ, ё хурдӣ, ё фасоди ниҳод падид ояд ва бар асари он [забон] на густариш ёфтан тавонад, на фароҳам омадан ва ё мумкин аст аз гусастани [таркиби] ягона ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст ҳамчун яке аз омосҳо ба шакли бемории мураккаб зуҳур кунад. Баъзан офат хосси забон бувад ва баъзан ба анбозии мағз, ки андар бештари ҳол аз анбозии рухсораҳову лабон холӣ будан наметавонад. Гоҳе агар офат андар шохаи асаби хосси вай буда ҷой надошта бошад, мумкин аст, ки дигар ҳоссаҳо бо он мушоракат кунанд. Низ бисёр вақт ба анбозии меъда ва гоҳ-гоҳе ба анбозии шуш ва сина дардманд бигардад.
Бар мизоҷҳои забон аз ҷиҳати ранги сафед, зард, сурх ва сиёҳ, аз ҷиҳати ламси он ва аз ҷиҳати таъме пай баранд, ки аз қабили эҳсоси турушмазагӣ, ё ширинӣ, ё бемазагӣ, ё талхмазагӣ, ё мазаи нороҳаткунандае, ки аз гандидагӣ бархезад, ё тундмазагию қабз, ки бар [забон] ғолиб омада бошад. Вале аз тариқи ранги забон ва таъмҳои андар он ёфтшаванда гоҳе мумкин аст ба [бемориҳои] андомҳои дигар огоҳӣ пайдо кард. Дар ҳақиқат, сурхии забон хусусан баробари дуруштии он гоҳе бар омосҳои хунии (176) ноҳияҳои сар, меъда ва ҷигар далолат кунад. Сафедии он мумкин аст бар сардии меъда, ҷигар ва балғамӣ будани сар гувоҳӣ диҳад ва гоҳе, агарчи ранги тан баръакс бошад ҳам, бар ярақон далолат кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор