Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лекин бо ҷунбондани сахти хеш ҳукаки моддиро бартараф кунад. Бархе аз атса ҳангоми оғоз ёфтани навбатҳои табҳо падид ояд.
Ба гуфтаи [аҳли] Ҳинд, ҳарчанд ки он маъқул дониста нашудааст, созгортарин ниҳоди сар ҳангоми атса овардан ин аст, ки рост ва баробари сина дошта шуда, ба атроф гардонида нашавад ва ба пеш хам шуда набошад, он гоҳ [беморро] ҳеҷ зиёне нахоҳад расид.
Атса овардан барои сабук сохтани сар яке аз судмандтарини василаҳост. Онро ҳангоме ба кор баранд, ки ё модда кам буда, ҳарчанд ки нопухта аст, вале берун сохтани он лозим аст, ё ин ки бисёр буда, бодӣ ва ё бухорист. Атса ҳангоми пурии бухории сар ва ё ҳангоми ситабр, вале пухта будани модда, агарчи зиёд бошад ҳам, нофеътарин илоҷ аст ва аз қавӣ будани мағз гувоҳӣ диҳад.
Бинобар он, ҳар киро, ки марг наздик ояд, атса задан натавонад ва агар касе аз эшонро бо доруҳои атсаовар атса оваранд, вале атсааш наояд, албатта, ӯро умеди шифо ёфтан нахоҳад буд.
[Атса] яке аз василаҳоест, ки барои афшондани фазлаҳои бандгардида ёрӣ расонад, зоиш ва берун омадани машимаро осон созад ва гаронии сарро бибарад. Лекин касонеро зиёнвар аст, ки андар сарашон модда аст ва ин модда барои пухта шудан ниёзманди оромист ва эҳтиёҷ бад-он дорад, ки гирду пешаш гарм нагардад ва худ аз ҷой наҷунбад, зеро ин бими ба сӯи он кашида шудани моддаҳои дигарро дорад. Атса инчунин касонеро зиён дорад, ки андар синаашон моддаи зиёд ва ё хом ҷой дорад.
Фасли ҳафтум андар баёни доруҳое, ки боздорандаи атсаанд

Яке аз василаҳои манъи атса андар бинӣ афкандани равғани гули хушбӯй аст ва равғани бед онро нек ором кунад. Гоҳе атсаро бад-ин гуна боз доранд, ки ошомҳои гарм дам кашанд, сарро андар оби гарм бигиранд, андар гӯш равғани гарм бирезанд, бар болини гарме бихобанд, ки зери паси сар ниҳода бошанд ва себу пист бибӯянд. Инчунин бӯидани исфанҷи дарёӣ яке аз доруҳоест, ки атсаро қатъ созад. Гоҳе ба андеша фурӯ рафтан ва атсаро фаромӯш кардан низ мумкин аст боиси қатъ гардидани он бигардад.
Аммо бачагонро оби таровидаи гурдаҳои солим суд бахшад. Ин гурдаҳоро бар болои оташ кабоб кунанд, пеш аз пухтан бардошта, оби онро таровида бигиранд ва бар бинӣ бикашанд ва ё андар бинӣ биафкананд. Яке аз чизҳое, ки атсаро боз дорад, сахт шикебоӣ кардан аст, зеро [шикебоӣ атсаро] бибандад ва он барои атсаи сабук ило

ҷи басанда бувад. Дигар чизе, ки онро боз дорад, молидани гӯш, чашм, дасту пой ва ком, даҳонро сахт ва васеъ кушода оруғ задан, ба боло беист нигаристан, [91] [андар ҷойхоб] ҷунбидану паҳлу гаштан, равғанҳои тариовар молидани мушакҳо, хусусан мушакҳои ҳар ду манаҳ, хоби сахт рафтан, ба тарс ва ногаҳон бедор шудан ва худро эҳтиёт кардан аз дуду ғубор бувад.
Доруҳои атсаоваранда: Инҳо харбақи сафед, гунди бедастар, кундуша, мурч ва хардал буда, онҳоро ё якҷоя ва ё танҳо-танҳо гирифта, бо ёрии пар андар бинӣ бирасонанд.
Ё оқирқарҳо, сунбул, сукки дудзада, судоби даштӣ ва сабрро гирифта, инҳоро низ [ба бинӣ] бимоланд.
Аз доруҳои атсаоварандаи сабук ин аст, ки афюн бибӯянд. Пояҳои райҳони кӯҳӣ, зарованд ва гул бо мӯякҳояш яке аз доруҳоеанд, ки бо он касони гарммизоҷро атса оваранд. Доруи атсаоварандаро ба андаруни бинӣ молидан беҳтар аз он аст, ки андар он бидаманд.
Фасли ҳаштум андар баёни чизе, ки андар бинӣ биафтад

Худованди [чунин ҳолро] бо бархе аз доруҳо атса оварда, он доруҳоро андар даҳон ва сӯрохи солими бинияш бидароранд. Ҳар гоҳ чунин шахс атса занад, он чиз аз бинияш берун ояд. Ин аз чизҳое буд, ки пеш аз ин ёдоварӣ шудаанд.
Фасли нуҳум андар баёни хушкии бинӣ

[Хушкӣ] гоҳе ба сабаби гармӣ, гоҳе аз хушкии зиёди [мизоҷ,] ва гоҳе ба сабаби хилти часпаке падид ояд, ки андар бинӣ хушкида бошад. Илоҷи ҳар кадоми инҳо маълум аст. Нофеътарин чиз аз барои [хушкӣ] равғанҳо ва фишурдаҳои сарди тар мебошанд. (175) [Инчунин] агар хилт ҷой дошта бошад, онро берун оранд ва пеш аз он вайро бо равған ва ё ягон фишурдае бояд нарм кард, то чизе ҳамроҳи он берун наояд, ки берун омаданаш лозим нест.
Фасли даҳум андар баёни хориши бинӣ

Ин мумкин аст ба иллати бухори гарм, ё ба иллати назлаи гарме, ки вуҷуд дошта бошад, ё ба иллати назлаи тези сахт фурудоянда, агарчи сард бошад ҳам, ё ба иллати табишҳо ва ё ба иллати ба ҳаракат омадани хунравии биние ба амал ояд, ки он яке аз далелҳои буҳрон ва яке аз нишонаҳои обила ва ҳасба аст, чунонки инро андар ҷои худаш ёд хоҳем кард.
Муолаҷаи ҳар кадом аз инҳо бо он чизҳое, ки аз аслҳои [пизишкӣ] маълуманд, осон бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ