Қонуни тиб

Сипас бо ёрии он аз тариқи чун арра ба ду тараф кашидан бақияи гӯштро арра кунанд. Баъд найчаи арзизӣ ва ё париро гирифта, бар вай пораеро бипечанд ва аз доруҳои бавосир мисли доруи қиртос, доруи Андарун ва дигар доруҳоеро бар вай бипошанд, ки баъд ёд хоҳем кард ва сипас онро андар бинӣ ба наҳве бидароранд, ки маҳалли нафасгирӣ кушода бимонад. Агар рандаро ба мисли сӯҳон, вале найчамонанд бисозанд, бо ёрии он низ поксозии дилхоҳро иҷро кардан мумкин аст.
Ҳар гоҳ барои муолаҷаи бавосир афзорҳои буридан ва тарошидан ва ё доруҳои хӯранда ба кор баранд, бояд баъди онҳо атса оварда шавад, то ки ҳамаи гандагӣ ва сабӯсаи [андар бинӣ буда] берун резанд.
Аммо [яке аз] доруҳое, ки бо он [бавосири] хушкро муолаҷа кунанд, ин фатилаест, ки (173) аз пӯстҳои анор сохта бошанд ва пӯсти анорро [нахуст] бо об то хамир шудан бисованд. Ин доруро пайваста ба кор баранд, зеро санҷидашуда аст, вале дер судоваранда бувад. Ё фатилаеро якчанд рӯз ба кор баранд, ки аз ушнони сабзи сода, ё дилаи ҳанзал ва ё аз гавзи сарв ҳамроҳи андаке аз анҷир сохта бошанд. Ё фатилаеро [ба кор баранд], ки танҳо андар фишурдаи бӯстонафрӯз оғушта карда бошанд, ё нахуст андар он оғушта намуда, сипас хокаи хушки бӯстонафрӯзро бар вай пошида бошанд, ё андар хамр оғушта, баъд бар вай хокаи бӯстонафрӯз пошида бошанд ва ё аз бастаи оби ҳар ду навъи анор, ки онро бо пӯсту дилааш кӯфта гирифтаанд, сохта бошанд. Ё фатилаеро ҳар рӯз чанд бор ба кор баранд, ки аз ангубину гул сохтаанд. Ё доруеро [андар бинӣ] бидаманд, ки аз зирниху қалқанди бо сирко совида хушк карда шуда иборат аст.
Доруҳое, ки бо онҳо бавосири куҳанро муолаҷа кунанд, аз фатилаҳо, хокаҳо ва марҳамҳое иборатанд, ки онҳоро аз мисли замч, мурр, миси сӯхта, пӯсти мис, бехи савсани сафед, қалқанд, қалқатор, зог ва натрун бисозанд. Аз ҳамаи инҳо бо хамр, ё бо оби бӯстонафрӯз ва ё бо оби ҳар ду навъи анори бо дилаю пӯст фишурдашуда фатилаҳо созанд ва ба кор баранд.
Ё хокаҳои дамиданӣ ба кор баранд ва агар ин суд набахшад, аз обҳои мазкур фатила сохта, бар вай ба миқдори зиёд ва баробар қалқадис, қалқатор, зог, ишхори ушнон, зангор ва замч бипошанд ва онро аз ҳама беҳтар баъд аз буридан ба кор баранд. Агар ин ҳам суд накунад, пас, фалдафиюн245 бояд ба кор бурд. Баъзан гуфтаанд, ки тухми филгӯш бавосири биниро, агарчи саратонӣ бошад ҳам, шифо бахшад. Агар хӯшаеро, ки бар сари филгӯши морон аст, фишурда, бо он пашминаеро оғушта созанд ва андар сӯрохҳои бинӣ бидароранд, гӯшти фузунӣ ва саратонро нест кунад.
Аммо урбиёнро беҳтар он аст, ки баъд аз коҳиш додани пурии тан ва сар бо дасткорӣ муолаҷа кунанд. Агар сабук бошад, аз миёни доруҳои решҳо доруҳои қавиеро аз қабили хокаи дамидании зерин ба кор баранд: аз замч ва мурр як бахшӣ ва аз қалқатор ва мозу ним бахшӣ гирифта, андар бинӣ бидаманд ва ё аз онҳо фатила бисозанд. Доруе, ки Ҷолинус ихтиёр кардааст, ба таври зерин аст: оби ҳар ду навъи анорро, ки бо пӯсту дила фишурда бошанд, гирифта андак биҷӯшонанд ва сипас андар ҷогаҳи сурбӣ бирезанд. Баъд суфли онро гирифта, то хамир шудан бикӯбанд ва аз оби фишурдаи ҳар ду навъи [анор] ба қадре бар вай бирезанд, ки нарм шавад. Сипас аз он шиёфҳои дарозрӯя сохта, андар бинии бемор бидароранд ва онро бад-ин ҳол бигузоранд. Гоҳ-гоҳе онро аз бинияш берун оварда, дам диҳанд ва бар бинию коми ӯ фишурдаи ҳар ду навъи анорро тило кунанд. Ин тадбирро пайваста давом диҳанд ва ин аз барои решҳо ва бавосир судманд бошад. Яке аз хубиҳои ин дору он аст, ки аз он сӯзиши қобили мулоҳазае падид наояд. Гоҳе мумкин аст ин дору аз се навъи анор – тунд, туруш ва ширин фароҳам омада бошад. Агар босур сахт бошад, [оби анори] туруш ва агар серрутубат бошад, [оби анори] тундро бештар бигиранд.
Гурӯҳе, ки баъд аз Ҷолинус омадаанд, гоҳе андар ин дору андаке қалқатор, навшодир ва зангор афзудаанд.
Бархе аз доруҳое, ки [урбиёнро] решакан кунад, доруи амқар246 ва ҳамаи доруҳои тези хӯранда мебошанд ва инҳоро андар бинӣ бидаманд. Агар бинӣ варам кунад, онро осуда гузоранд, то варам паст шавад, сипас мум, равған ва ангубинро ба кор бурда, баъд аз он дору дамиданро дубора аз сар гиранд ва боз биниро осуда гузоранд. Ҳамин тариқ, то афтидани [урбиён] ин корро давом диҳанд.
Харнуби набатии тарро санҷидаанд. Агар онро андар пашминае печида, андар бинӣ кунанд, урбиёнро чун хӯрда шудани озахҳо бихӯрад. Низ, гавзи сарв нофеъ бувад.
Яке аз доруҳои санҷидашудаи [дигар] ин аст, ки зоги сабзро мисли сурма суда кунанд ва бомдоду шом андар бинӣ бидаманд, [урбиёнро] беҳ кунад. Агар урбиёнро бибуранд, яке аз доруҳои боздорандаи хун ин гилест, ки онро андар оби сардкардашуда тар кунанд, то гили ситабр бигардад. Онро сахт сардӣ афзуда, бар бинӣ тило кунанд.
Фасли шашум андар баёни атса
Атса ҳаракати хосест, ки аз сӯи мағз барои рондани хилт ва ягон чизи ранҷовари дигаре ояд ва онҳоро ба ёрии ҳавои кашидашуда аз тариқи бинӣ ва даҳон биронад. Атса барои мағз чун сурфа барои шуш ва андомҳои бад-он пайваста аст. Бархе [аз пизишкон] гумон кардаанд атса овардани мағз он вақт бошад, ки хилти ранҷовар ҳаво бигардад ва [мағз] онро бо ҳавои кашидашуда берун кунад.
Лекин ин воҷиб нест, балки ҳангоми ин кор аз барои он эҳтиёҷ ба ҳавост, то тан бо ҳавое пур гардад, ки ба ҳавои [берунӣ] пайваста буда, (174) онро ба сӯи маҳалли хилт бикашад. Бинобар ин ҳар гоҳ тамоми ҳаво ба ёрии ҳаракати сахти мушакҳои синаву ҳиҷоб ба ҷунбиш ояд ва бахшҳои аз сина ҳам дуртар ҷойгир шудаи худро ба берун кашида, худ аз дарун ба берун афшонда шавад, ин кор барои афшондан ва канда шудани [хилт] аз ҷой ёрӣ хоҳад расонд, аз баҳри он ки аз паси ин ҳавои ба [хилт] пайваста ба ҷунбиш ояд ва қувваи ронандаро барои кандан ва берун рондани модда ёварӣ кунад.
Атса андар оғози назла ва зуком ниҳоят зиён дорад, аз баҳри он ки хилти пухтанаш мурод ниёзманди оромист.
Гоҳе ба ҳангоми табҳо ва [бемориҳои] бад-онҳо монанд ба андозае атса зиёд ояд, ки қувваро аз по биафтонад ва сарро пурӣ оварад ва гоҳе дигар боиси сахт омадани хуни бинӣ бигардад, ки андар ин ҳол бояд зуд ба бастани он пардохта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор