Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Масалан, бо оби сард, оби гул, оби наск, оби кашниз ва бо обе, ки андар он пӯсти хашхош ҷӯшонида бошанд ва низ бо оби анор ғарғара кунанд. Ин [ғарғара кардан] ё сард буда, онро ҳангоми [назлаи] гарм ба кор баранд ва ё гарм бошад, ки аз барои [назлаи] сард ба кор баранд. Ё масалан, бар гулӯ, хусусан ҳангоми [назлаи] сард, шаробе бимоланд, ки андар он мурр совида бошанд ва инчунин андар даҳон аз ғайри фурӯ бурдани об гирдаконеро бидоранд, ки аз афюн, майъа, кундур ва заъфарон сохтаанд. Шаробҳоеро ба кор баранд, ки дорои хосиятанд. Масалан, барои [назлаи] гарм шароби хашхоши сода ва барои [назлаи] сард шароби каранб ва шароби хашхоше биошоманд, ки [ба таври зерин] сохта бошанд: андар ҷӯшонидаи он мурр ва чизҳои дигаре биафкананд, ки (169) андар Қарободин ёд шудаанд. Аммо агар [назла] банд бигардад ва эҳтиёҷ ба [балғам] овардан бошад, ин шароб онро рост намеояд. Ё масалан, бахурҳои бандсозандаи [назларо] ба тавре ба кор баранд, ки андар устухони бинӣ бидароянд. Мисоли ин бахурҳо сандарус аст, ки чи барои [назлаи] гарм ва чи барои назлаи сард ба кор баранд ва низ сиёҳдона аст, ки онро ба тариқи ҳам бахур ва ҳам бӯиданӣ ҳангоми назлаи сард истеъмол кунанд. Қуст низ ҳамчунин бувад. Агар сиёҳдонаи бирёнкардаро андар пораи катон баста бибӯянд, ниҳоят нофеъ бошад. Ҳамчунин бахур кардани қишре, ки «қуфӣ»238 ном дорад, низ бухори хамр ва ангубин, ки аз санги тафсони осиёб бархезад, судманд буванд.
Яке аз чизҳои андар ин бобат судманд, бо кундур, уди хом, сандарус, қуст, лабанӣ ва уд бахур кардан аст. Аммо газ (тарфо) ва гулро ҳангоми [назлаи] гарм [ба кор баранд]. Инчунин бо табарзад, боқилӣ ва хусусан ҷави андар дӯғи гов таркарда, шакар, кофур ва сабӯси андар сирко таркарда ҳангоми [назлаи] гарм бахур кунанд. Ҳамчунин бухори сиркое, ки аз санги тафсони осиёб бархоста, ки шустаи пок бошад, [судманд аст].
Муътадил гардондани қивом бошад, масалан, ин ба кор бурдани доруҳои лесиданӣ ва андар даҳон нигоҳ доштани касиро ва донаи биҳист, то ки ситабрии онҳо бо тунукии чизи фурудоянда омехта гардида, бо ёрии онҳо ситабр ва часпак бигардад ва дар натиҷа андарун фурӯ

тар наравад ва ба осонӣ берун партофта шавад. [Ё] чизе ба кор баранд, ки [моддаро] тунук кунад, то бо ситабрию часпонии хеш ранҷ наоварад.
Агар назла сард бошад, пеш аз пухтани [хилт] ба гармоба даромадан дуруст нест. Агар [назла] гарм бошад, гармоба чандон боке надорад, баръакс, аз он суд бигиранд.
Ба дигар сӯй гардонидани модда мисли он аст, ки аз тариқи муолаҷа кардан бо доруҳои атсаовар ва тамоми чизҳои сӯрохҳои биниро сӯзишоваранда назларо аз сӯи гулӯ кашида, ба сӯи бинӣ оранд. Ё мисли он муомалаест, ки бо ҳар гуна назлаи гарми ба сӯи поин ҷоришаванда аз тариқи ба кор бурдани ҳиҷомат бар мағокии паси сар нишон дода шавад ва инчунин бар [бухори] пухтаковҳое худро бидоранд, ки аз хушбӯиҳои моддаро ба сӯи ноҳияи бинӣ кашанда сохта шудаанд.
Аммо пешгирӣ кардан мисли ин аст, ки гулӯ ва шушро аз офати он муҳофазат кунанд ва аксар вақт ин аз тариқи ғизоҳо бошад. Ҳангоми [назлаи] гарм синаро бо равғани бунафша равған кунанд, оби ҷав бо бунафшаи парварда ва оби анори ширин бихӯранд ва ошомҳои аз нашоста, орди ҷав ва боқилиро, агар таб набошад, бо шири навдӯшида бихӯранд, зеро агар таб бошад, шир зиён дорад. Доруҳои лесидании нарми сард ва шаробҳои зуфоӣ истеъмол кунанд. Аммо ҳангоми назлаи сард, масалан, синаро бо равғани бунафша ва бон равған кунанд, ошомҳои гарми нармкунандаеро аз қабили оши ришта бо ангубин, оби сабӯси гандум бо равғани бодому ангубин ва нон бо майпухта истеъмол кунанд, доруҳои лесидании нармкунандаи гарм, ошомиданиҳои зуфоии гарм ва худи зуфоро бо истурак ба кор баранд.
Ошомидани оби гарм ҳангоми назлаҳо суд дорад, зеро моддаро бипазонад ва чизи фурудояндаро пухта ва нарм карда, зиёни онро аз андомҳои нафасгирӣ бигардонад.
Набиз барои чунин [беморон] созгор нест. Гоҳе ин тасодуфан ба оғози назла эшонро суд бахшад. Аммо баъд аз пазиш ба андозаи муътадил истеъмол кардани он созгор бувад. Ба ҳангоми [назлаи] гарм шароб бояд омехта бошад. Чизҳои равғанӣ андар ибтидои [назлаи] тунук пазишро боз дорад.

Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ БИНӢ

Фасли нахустин
андар баёни ганди бинӣ

Сабаби ганди бинӣ ё бухорҳои гандидаест, ки аз ноҳияҳои сина, шуш ва меъда бархоста, бад-он сӯй оянд ва ё
хилти андар устухонҳои бинӣ гандидаест, ки агар тез будӣ, решҳо падид овардӣ, валекин он [танҳо] гандидаи бӯйнок асту бас. Гоҳе бӯи он ба бахшҳои болоӣ гузашта, аз
он бадбӯӣ ҳис карда шавад. Ё [сабаб] хилти гандидаест,
ки андар шиками [мағз], ё андар тамоми мағз, ё андар бахши пешини он ва ё андар бахши аз сӯи бинӣ будаи мағз

ҷой дошта бошад. Ё он гандагӣ ва табоҳие бувад, ки худи он устухонҳоро ориз гардида бошад ва илоҷи ин душвор аст. Ё бавосирест андар бинӣ, ки гандида бувад.
Илоҷ: Бояд нахуст ба пок сохтани он қисм аз хилт пардохт, ки на андар устухони бинӣ ва қаъри он, балки андар меъдаву мағз фароҳам омада аст. Сипас доруҳои (170) хосси маҳалли беморӣ бударо, ки аз қабили фатилаҳо, доруҳои андар бинӣ афканданӣ, доруҳои атсаоваранда, доруҳои дамиданӣ ва ғайра аст, ба кор баранд.
Пеш аз фатилаҳои андар ин бобат санҷидашуда беҳ тар он аст, ки бинӣ бо шароб шуста шавад ва сипас аз он фатилаҳо фатилаеро ба кор баранд, ки аз мурр, ҳамомо, ақоқиё ва бо ангубин ва ё аз ҳамомо, мурр, гул ва бо равғани нордин сохта бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ