Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фатилаҳои гуногуни зиёдест, ки аз доруҳои зерин ба ҳасби вазнҳои гуногун сохта шудаанд: сунбул, мушки замин, гули насрин, наи бӯё, ҳамомо, мехак, мӯрд, сабр, гул ва каме намак. [Инҳоро] ё якҷоя ва ё танҳо-танҳо [ба кор баранд]. Дигар фатилаест, ки андар мусалласи тунук оғушта ва бар вай хокаи аз чизҳои зерини баробараҷзо сохташударо пошида бошанд: қаранфул, мушки замин, ромак ва лозан. Низ аз ҳар кадоми мӯрд, наи бӯё, насрин, гул ва мехак ба қадри баробар як дирамӣ, аз мурр ва мозу ним дирамӣ, чаҳор дона мушк, чаҳор дона кофур ва аз иқлимиёю намаки андаронӣ чаҳор қиротӣ гирифта, онҳоро ба намуди фатила ба кор баранд.
Яке аз доруҳои андар бинӣ афканданӣ ин аст, ки фишурдаи пудинаро андар бинӣ кунанд. Беҳтарин ва судмандтарини инҳо пешоби хар аст, ки ҳеҷ гоҳ ғайри чашмдошт амал нахоҳад кард. Яке аз доруҳои санҷида ва хуб ин аст, ки чун қурсҳои Андрухурунро, ки андар бахши тарёк ва шароб ёд шудааст,239 ҳал намуда андар бинӣ бичаконанд, шифо бахшад. Ҷӯшонидаи доршишиғон бо шароби райҳонӣ ниҳоят хуб аст ва онро рӯзгоре чанд аз тариқи кашидан ба бинӣ ба кор баранд.
Бархе аз олуданиҳо ин аст, ки даруни биниро қалқатор бимоланд. Инчунин барги ёсаминро бо об совида, бар бинӣ тило кунанд. Дигар, доруи Қаритун аст, ки [ба сифати зерин] бувад: чаҳор ва ду сеяки як дирам мурр, як ва шашяки як дирам салиха ва ҳамин қадар ҳамоморо гирифта, бо ангубин бисириштанд.
Аз ҷумлаи доруҳои дамиданӣ ин аст, ки [худи пудина, ё харбақи сафед, садафи сӯхта ва доруи андар охири бахши фатилаҳо ёдшударо андар бинӣ бидаманд. Инчунин]240 чӯби баласонро андар бинӣ бидаманд.
Он чи ки аз доруҳои ба бинӣ кашанда санҷидашуда аст, ин ҷӯшонидаи доршишиғон бо об ва ё хамр мебошад ва онро якчанд рӯз истеъмол кунанд. Яке аз роҳҳои санҷидашудаи муолаҷаи [бадбӯии бинӣ], хусусан агар андар мағз ва ё пешгоҳи он гандагие ҷой дошта бошад, ин аст, ки аз росту чапи нармаи сар баробари ду гӯш ва андаке моилтар ба сӯи гижгоҳиҳо ду доғ ва ё бар миёнҷои сар як доғ биниҳанд.
Фасли дуввум андар баёни решҳои бинӣ

Гоҳе андар бинӣ ё аз бухорҳои тез ва ё аз назлаҳои тез решҳо падид оянд, ки онҳо ё бадбӯи гандида, ё хушкрешаҳо, ё решҳои табишӣ ва ё решҳои сода буванд. Ҳамаи онҳо ё рӯякианд ва ё андарунӣ.
Муолаҷаҳо: Бинӣ андомест тартар аз гӯш ва хушктар аз чашм. Бинобар он илоҷи решҳои он боистӣ ҳадди миёнаи илоҷи решҳои гӯшу чашм бошад. Аз ин ҷо эҳтиёҷ бадон аст, ки доруҳои хушконандаи решҳои бинӣ камтар аз доруҳои хушконандаи решҳои гӯш ва бештар аз доруҳои хушконандаи решҳои чашм хушконанда бошанд, зеро решҳои гӯш ба доруе эҳтиёҷ доранд, ки бағоят хушкиовар бошад ва решҳои чашм ба доруе эҳтиёҷ доранд, ки ба дараҷа аз ҳама камтар хушкӣ биоварад. Сипас агар

сабаб моддаи сайлонкунанда ва ё бухорҳои бархезанда бошанд, андар ин ҳолат чунонки ҳамедонӣ, [решро] бо истифроғи модда ва ба дигар сӯй кашидани он муолаҷа кунанд.
Умуман, пеш аз ҳама бояд [89] сарро бо доруҳое, ки худ ҳамедонӣ, хушк ва қавӣ гардонид ва сипас ба [муолаҷаи] бинӣ пардохт.
Бидон, ки ҳамаи доруҳои аз барои бавосир ва урбиён241 судманд, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард, агар қавӣ бошанд, ҳангоми решҳо низ суд бахшанд. Агар онҳоро бо луобҳо ва монанди онҳо ҷӯшонида нарм созанд, барои ҳамаи решҳои сабук низ кор оянд. Решҳои хушкро бо молидание [муолаҷа кунанд], ки аз мум [ба тариқи зерин] сохта бошанд: мум ва мағзи соқи говро нимгӣ ба ҳам омехта, онҳоро, масалан, андар равғани нилуфар ва ё шира бигудозанд, вале ба наздики ман равғани гул ва хусусан агар онро аз равғани зайтуни норасида сохта бошанд, аз ҳама беҳтар аст. Низ бо молидание муолаҷа бояд кард, ки аз равғани бунафша якҷоя бо касиро, андаке сарҷӯши тухми аспғул ва хитмӣ сохта бошанд. Инчунин фатилаеро ба кор баранд, ки андар зуфо, пиҳи мурғобӣ, муми зард, пиҳи гавазн, пиҳи мурғ ва ангубин оғушта бошанд. Дигар ин ки мумро бо равғани ҳалилаи зард ва ё мозу ба кор баранд. Гоҳе баъд аз задани раги (171) қифол боз кардани раги андар сари бинӣ буда, ҳиҷомат кардани мағокии [паси сар] ва исҳол овардан суд бахшанд.
Аммо илоҷи решҳое, ки ба сӯи онҳо моддаи бад, ё тез ва ё гандида ҳаметаровад, душвор аст ва аз истифроғу задани раг чора нест. Гоҳе мумкин аст ба исҳол овардан бо ёрии ёраҳои бузург эҳтиёҷ афтад. Ин [решҳоро ] бояд пайваста бо натрун, собун, хусусан бо собуни мансуб ба Қустантин ва собуни мансуб ба Асқлибиёдус242 бишӯянд.
Сипас доруҳои ниҳоят хушкифизо ба кор баранд, ки аз ҷумлаи онҳо доруи зерин аст: пӯсти мис, қалқадис, зирнихи сурх ва харбақро гирифта, бисованд ва андар заҳраи барзагов тар карда, рӯзгоре чанд бихобонанд ва сипас ба кор баранд. Гоҳе андар он ҳамомо, мурр, пудина, фаросиюн, заъфарон, замч ва мозу изофа кунанд. Доруи Руфус санҷидашуда аст ва он [ба сифати зерин] бувад: аз мушки замин, замч, мозу, мурр, заъфарон ва зирних ба андозаи баробар гирифта ба кор баранд.
Аммо решҳои ниҳоят дардмандро бо сурби сӯхтаи шусташуда, сафеда ва мурдосанг бад-ин гуна муолаҷа кунанд, ки аз инҳо бо равғани гул ва мум марҳам созанд. Барои решҳои табишӣ аз равғани гул, равғани мӯурд, мурдосанг, гулоб ва андаке сирко марҳам сохта, муолаҷа кунанд.
Аммо решҳои зоҳириро бо марҳами зерин муолаҷа кунанд: як ратл сафеда, се уқия мурдосанг ва се уқия рими арзизи сӯхтаро гирифта, бо хамр ва равғани мӯрд биомезанд. Яке аз доруҳои муштарак доруи зерин аст: оби анори турушро гирифта, андар ҷогаҳи мисин то ним шудан биҷӯшонанд ва онро ба шакли фатила бимоланд.
Яке аз доруҳое, ки бо он [реши зоҳириро] муолаҷа кунанд, қурсҳои Андрухурун243 буда, онҳоро ба ҳасби хоҳиш гоҳе бо шароб, гоҳе бо сирко ва гоҳе бо сирко ва об ҳал карда [ба кор баранд]. Яке аз марҳамҳои хуб марҳами зерин аст: рими сурб, шароби куҳан ва равғани мӯрдро гирифта, онҳоро ба тариқи бар болои оташи нарми ангиш тӣ ниҳода совидан омехта созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ