Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳамаи инҳо эҳтиёҷ бад-он доранд, ки аз хом мондани ғизо андар меъда эҳтиёт намуда, аз пур хӯрдани таому шароб парҳез карда шавад. Атса андар оғози падид омадани назла ва зуком зиёнвар буда, монеи пухтани хилтҳои андар мағз ҳосилшудае бигардад, ки ҷуз ба ором будан нахоҳанд пухт. Ба изофаи ин атса фазлаҳои дигареро кашида, бар [аввалӣ] зам кунад.
Вале он баъд аз пухтани [хилтҳо] аз он ҷиҳат ниҳоят судманд аст, ки фазлаҳои пухтаро берун орад.
Каси ба назла ва зуком гирифтор шаб набояд бо шиками пур бихобад, зеро ин боиси пурии сар хоҳад шуд. Сарро пайваста гарм кунад, аз сардӣ дур бидорад ва аз боди шимолии хусусан аз паси [боди] ҷанубӣ вазида эҳтиёт кунад, зеро боди ҷанубӣ [сарро бо хилт] пур кунад ва ковок созад ва боди шимолӣ қабз ва фишурдагӣ оварад.
[Бемори назла] бояд барфоб камтар ошомад, рӯзона хоб наравад ва ба қадри тавоноӣ ташнагӣ, гуруснагӣ ва бехобӣ кашад, зеро ин асли илоҷ аст. Исҳол овардану хун гирифтан [низ судманданд]. Агар ба ҳар ду якҷоя ниёзмандӣ бошад, бояд нахуст [хун бигирад] ва сипас исҳол оварад. Хеле кам тасодуф биафтад, ки хусусан ҳангоми оғози [назла] зуд раг бизананд, магар [хун] зиёд бошад ва таҳаммули он карда нашавад. Назлае, ки ба ҳангоми он беҳтар аст хун нагиранд, онест, ки аз сурфа холӣ бошад. Агар сурфа камбалғам бошад, боистӣ ба зарурат андаке хун бигиранд ва як миқдор хунро барои эҳтимоли падид омадани эҳтиёҷ ба такроран хун гирифтан боқӣ бимонанд. Агар бехобӣ ҷой дошта бошад, шароби содаи хашхош ба кор баранд ва агар не, [шароби хашхоши мураккаб] бо шакар. Ҳуқна рехтан, масалан, бо оби ҷав фазларо бикашад ва роҳи гузаштани онро нарм созад. Агар баробари назла [сих задани] буни пистон ҷой дошта бошад, ин далолат бад-он кунад, ки модда майл ба сӯи паҳлу дорад. Бинобар ин, бояд зуд ба раг задан шитофт. Дудандозиҳо гоҳе боиси падид омадани таб бигардад. Ҳабби сурфа аз барои дуруштии сина ба кор баранд, на аз барои моддаҳои сар.
Инчунин бояд бар ташнагӣ сабр кард (168) ва онро бо омехтаи шароби хашхошу об шикаст. Агар бихоҳем, ки [қуввати беморро] тақвият диҳем, оби ҷав ва пист ба кор барем. Агар назла бо таб бошад, гармоба накунанд. Ҳар киро зимистону тобистон анвоъи назлаҳо давом кунад, ӯро ба кор бурдани ҳабби қуқиё судмандтарини чизҳост. Ҳаракат додани андомҳои бахши фурӯсӯвин аз барои назлаҳо ниҳоят суд дорад, аз баҳри он ки моддаҳо ба фурӯсӯ кашида шаванд. Сипас, баъд аз риояи қоидаи аз паси пурии шикам дору ба кор набурдан бояд он гармибандиҳо ва бухордиҳиҳои лозимаеро ба кор бурд, ки [андар ин бобат] тавсиф шудаанд.
Каси назлаи одатӣ дошта пеш аз падид омадани он агар андар гармоба шуда, нек арақ оварад, пеши падид омадани онро хоҳад гирифт. Ба ҳар ҳол бояд ҳамеша сарашро афканда бидорад, болин паст гузорад ва бар пушт нахобад.

Моддаро аз тариқи ба кор бурдани поксозии тан коҳиш бидиҳанд, яъне ҳангоми [назлаи] гарм бо ёрии раг задан, исҳоли хилтҳои гармро беруноваранда ва хуқнаҳои моддаҳоро ба фурӯсӯ кашанда [танро пок кунанд] ва ҳангоми [назлаи] сард бо доруҳои хилти балғамиро аз сар берункунанда, чи ошомиданӣ бошанд ва чи хуқнавӣ, [танро пок созанд]. Умуман, бояд [бемор] кам ғизо хӯрад ва кам об ошомад ва ё агар як шабу як рӯз тамоман чизе нахӯрад, назла биравад.
Аммо муқобалат нишон додан бар сабаби фоили [назла] бад-ин тариқ аст: Ҳангоми [назлаи] гарм ба сард кардани сар бо чизҳое бипардозанд, ки билқувва сардифизоянд. Масалан, ҳар пагоҳӣ ношито ба гармобаи хушоб дароянд, бар дасту пой об резанд, сар, дасту пой, ноф, шарми пас, шарми пеш ва атрофи онро равғани бунафша бимоланд, доруҳои обакиеро ба кор баранд, ки аз ҷав, хашхош, бунафша ва бобуна сохта бошанд, бар сар доруҳои сардифизои қавӣ бирезанд, бар ғизоҳое майл кунанд, ки сабукӣ, сардӣ ва тарӣ оваранд ва ҳар рӯз тарангубин ва гулангубин ба кор баранд.
Ҳангоми [назлаи] сард баробари оғоз ёфтани хор-хору атса [чораҳои зерин бояд дид]: то ҳангоме ба гарм намудани сар ва гармибандӣ кардани он бо пораҳои гармкардашуда пардохт, ки ба мағз расидани гармӣ ҳис карда шавад ва бояд сарро бар ҳамин ҳол нигоҳ доранд. Гоҳе эҳтиёҷ ба гармибандӣ кардан бо намак ва говарси гарм биафтад. Гоҳе бо обҳои бағоят гарме гармибандӣ кунанд, ки ҳар андоза таҳаммули гармӣ мумкин бошад, ҳамон андоза онҳоро гарм кунанд. Ҳангоми ин [назла] пухтаковҳои пазонанда ва ҳалкунанда ба кор баранд. Дасту пойро бо равғанҳои гарме аз қабили равғани шибит, равғани бобуна ва марзангӯш равған кунанд. Аз инҳо ҳам қавитар равғани судоб, равғани бон, равғани даҳмаст ва равғани савсан аст, ки бо онҳо закар ва атрофи он, даҳони мақъад, ноф ва дасту пойро равған созанд. Сарро бо собуни қустантинӣ бишӯянд, вале ҳар қадар ки битавонӣ, бар сари [бемор] равғанро нарасон. Вале ҳангоми эҳтиёҷ ба сардифизоии устувор агар аз [молидани равған бар сар] чорае набошад, ин корро бикун, вале баъд аз истифроғ. Бояд бар сар ва пешонӣ доруҳои олуданиеро аз қабили хардал, қуст ва монанди он ба кор баранд ва сарро бо собун ва монанди он бишӯянд. Бояд ба истеъмоли ғизоҳое пардохт, ки ба изофаи синаро нарм кардан сабукӣ, латифӣ, гармӣ ва хушкӣ оваранд.
Гоҳе мумкин аст ба истеъмоли доруҳои сурхиоваре эҳтиёҷ падид ояд, ки андар таркиби онҳо саргини кабӯтар бо хардал, анҷир, пудина ва софсиё бидароянд, балки гузашта аз ин доғ ниҳоданро ба кор баранд. Умуман, гарм сохтан ва хушкӣ афзудани сар аз барои назлаи падидомада судманд аст ва пеши назлаи падидояндаро бигирад. Ҳангоми ин гуна назла пеш аз пухтани [хилт] набояд ба гармоба даромад, балки гармибандиҳои хушк боистӣ ба кор бурд. Яке аз василаҳое, ки аз барои он нофеъ аст, бӯидани мушк ва инчунин андар гӯш халонидани пашминаест, ки [87] онро андар равғани гарми то андозае гармкарда оғушта бошанд.
Қатъ кардани сайлонро бо доруҳои ғарғарашавандае ба амал оваранд, ки фишурдасозандаю сардиоварандаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ