Қонуни тиб

Агар аз меъда бигузарад, бояд хуқна рехта шавад, то зуд берун ояд ва андар меъда боқӣ намонад.
Андар тадбири хуни бинӣ оваранда: Зарурат гоҳе хуни бинӣ оварданро хусусан ҳангоми бемориҳои мағз ба миён орад. Бинобар он пешиниён афзори хуни бинӣ оварандае месохтанд, ки бо он биниро хуншор мекарданд, то ки бад-ин роҳ бисёр бемориҳои барои шифо ёфтан ниёзманди рехтани хуни бинӣ бударо муолаҷа кунанд. Яке аз тадбирҳо ҳангоми хуни бинӣ овардан бо сари растании нармсованда, хусусан бо он бахше, ки бар сари чӯби гӯргиё мисли гул рӯида ва чун анкабут аст, хор-хор кардани бинист. Ё бо шиёфе [хуни бинӣ оваранд], ки шукуфаи гӯргиё ва аз пудинаи саҳроӣ ва аз доруҳои тезе аз қабили кундуша, мавизак ва фурбиюни бо заҳраи гов сиришта сохтаанд.
Фасли панҷум андар баёни зуком ва назла
Ин ду иллат аз он ҷиҳат муштараканд, ки ҳар ду сайлони модда аз мағз буванд. Лекин бархе аз мардумон чизеро ба номи «назла» махсус сохтаанд, ки ба сӯи гӯлӯ ояд ва онеро, ки аз тариқи бинӣ фуруд ояд, ба номи «зуком» махсус доштаанд. Бархе дигар ҳамаи онро «назла»
хонанд ва «зуком» гуфта, он назлаеро гӯянд, ки аз роҳи бинӣ фуруд омада, тунук, шӯр, думодум ва монеи бӯёӣ бувад ва ба сӯи чашм, пӯсти рӯй ва умуман ба сӯи андомҳои бахши пешини рӯй [низ] битаровад. Назла гоҳе ба сӯи гулӯю шуш ва ба сӯи сурхною меъда гузашта, баъзан онҳоро реш кунад ва бисёр бошад, ки ба сабаби он иштиҳои сагӣ ба шӯр ояд. Гоҳе он аз тариқи асаб ба сӯи дуртарин андом биравад. Хусусан ҳангоми назлаи тез ва гарм мумкин аст хуноқҳо, омоси шуш, барсом ва хусусан [бемории] сил ба амал оянд ва агар назла шӯр ва ё туруш бошад, мумкин аст боиси падид омадани дардҳои меъда, исҳол ва реши рӯда (саҳҷ) бигардад.
Низ аз он, хусусан аз навъи оби бинигии хоми он, қулинҷ ба амал ояд.
Сабаби ҳамаи ин ё гармии мизоҷии хос ва ё гармии берунаест, ки аз офтоб, ё аз заҳрҳо ва ё аз бӯидани доруҳои гарме аз қабили мушк, заъфарон ва пиёз падид омада бошад. Ё сабаби ин сардии мизоҷии хос ва ё аз берун расидаест, ки аз ҳавои сард ва ё аз боди шимолӣ хусусан ҳангоми бараҳна будани сар дар баробари ин ду ҳолат ва алалхусус ҳангоми ковок шудани мағз аз гармоба, ё варзиш, ё хашм, ё андеша ва ё дигар ҳолатҳо расида бошад. Гоҳе мумкин аст аз раг задан ковокшавие ба амал ояд, ки танро барои пазируфтани гармову сармо омода созад ва бар асари он хусусан баъд аз раг задани зиёд назла ба амал ояд. [Назла мумкин аст] ҳамчунин аз бадмизоҷии гарм ва аз сардмизоҷии гирифторомадае [падид ояд], ки [андар шахс] қавӣ ва мустаҳкам гардида бошанд, чунонки пиронро ҳамин гуна бувад. Гӯянд, ки [чунин назла] танҳо вақте хоҳад пухт, [86] ки эшон ба ғояти дурустии мизоҷ ва гармии он бирасанд, зеро ҳар гоҳ ба мағзи сарди пирон ва касони нотавонмағз ғизо бирасад, бахши ба сӯи мағз нуфуз кардаи он ногуворида бимонад ва ба иллати нотавонии мағз фазла гардида, ҳамчун назла фуруд ояд.
[Назлаи] аз сардӣ падидоянда бештар аз назлаи аз гармӣ баамалоянда бувад. Худовандони мизоҷи гарм беш аз худовандони мизоҷи сард пазирои он сабабҳои берунаеанд, ки баамаловарандаи зуком бошанд. (167) Худовандони мизоҷҳои гарм беш аз худовандони мизоҷҳои сард аз худ ба худ ориз шудани назла аз сабабҳои баданӣ андар амонанд. Чунки мағзи сард ҳар чиро аз ғизо, ки ба сӯяш бирасад, пазондан ва ҳар чиро аз бухорҳо, ки ба сӯяш барояд, ҳал кардан натавонад, балки ғизо фазла гардида, бо пас гаштани фазлаҳои ғизо пас биравад ва бухорҳо рӯиҳам рафта, чунон пас бигарданд, ки дамбанд буғҳои ба сӯяш аз каду расидаро пас бигардонад ва ҳамин тариқ [ин гуна мағзро] пайваста фуруд омадани назлаҳо давом кунад.
Назла гоҳе ситабр, гоҳе тунуки обӣ, гоҳе тез, талх, шӯр ва ё бадтаъм, гоҳе тези зананда ва гоҳе сард бувад. Назлаи сард бо ёрии таб бипазад, вале назлаи гармро таб суд надорад. Назлаҳо ва бемориҳои назладор ҳангоми вазидани боди шимолӣ, хусусан агар баъд аз боди ҷанубӣ бошад, зиёд хоҳанд шуд. Низ онҳо ҳангоми зимистон ва хусусан [он зимистоне] бештар падид оянд, ки пеш аз он тобистони шимолии камборон ва хазони ҷанубии серборон омада бошанд. Инчунин назлаҳо мумкин аст андар кишварҳои ҷанубӣ ба сабаби пурии сарҳои [мардумони он ҷой] бештар рӯй диҳанд. Буқрот гуфтааст: «Аксарияти касоне, ки ба назла гирифторанд, ба [бемории] испурч гирифтор наоянд». Ҷолинус гуфтааст: «Аз баҳри он ки аксар вақт касоне, ки андар ягон андом беморӣ доранд, дигар андомҳояшон солим бимонанд». Ман бигӯям: «Ин шояд аз он сабаб чунин бошад, ки каси омодаи назларо хилтҳо аз ҳама бештар тунуканд, вале ҳар киро хилтҳо ситабр бошад, чандон омодаи назла нахоҳад буд». Ҳар гоҳ сардард ҳамроҳи назла ба амал ояд, кашида шудани [модда] афзоиш хоҳад ёфт.
Нишонаҳо: Нишонаи назлаи гарм ин аст, ки агар ба шакли зуком бошад, рӯй ва чашмон сурх бигарданд ва [оби] фурудоянда сӯзон ва тунук буда, эҳсоси гармӣ диҳад. Гоҳе ҳангоми [чунин назла] таб падид ояд, вале он назларо бефоида бувад. Агар назла гулӯӣ бошад, нишонааш тезӣ ва тунукии обе бувад, ки ба сӯи гулӯ фуруд ояд ва ба изофаи он [бемор] ҳар бор, ки гулӯ равшан кунад, аз он илтиҳоб ҳис хоҳад кард. Бар ин гуна [назла балғами] моил ба зардӣ ва сурхӣ партофтан гувоҳӣ диҳад ва гоҳе ҳангоми он судда, овози димоғӣ ва хорхораки тез низ ҷой хоҳанд дошт.
Нишонаҳои назлаи сард сардии оби фурудоянда буда, агар назла андар бинӣ бошад, хорхораки бинӣ ҳамроҳ бо азҳамкашидагии пешонӣ, шиддат ёфтани судда ва димоғӣ будани овоз ҷой дошта бошад. Гоҳе бар он ситабрии модда далолат кунад. Агар назла ба сӯи гулӯ фуруд ояд, [нишонааш ин аст, ки] чизи ҳангоми гулӯ равшан кардан беруноянда сард ва сафед бувад ва агар таб ҷой дошта бошад, аз он суд бурда шавад.
Илоҷ: Илоҷи назла аз ғаразҳои зерин иборат аст:
коҳиш додани модда; муқобалат нишон додан ба сабаби фоили [назла]; қатъ кардан, ё гардонидан ва ё ба сӯи дигар равон кардани сайлон; пешгирӣ кардани чизҳое аз қабили гум кардани бӯёии бинӣ, решҳои сӯрохи бинӣ ва ё аз қабили дуруштии гулӯ, сурфа, решҳои шуш ва андомҳои бад-он вобаста ва омос, ки мумкин аст ҳангоми назла падид оянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор