Қонуни тиб

Бекор шудан ва нотавон гардидани ӯ бар ду рӯй аст: ё аз ҳис кардани ҳам бӯи хуш ва ҳам бад бекор ва заиф бигардад ва ё аз ҳис кардани яке аз онҳо. Табаҳ гардидан ва тағйир ёфтанаш низ бар ду рӯй бувад: яке ин ки бӯи палид агарчи набошад ҳам, ҳис карда шавад ва дуввум ин ки бӯйҳои нохушоямро хуш дарёбад, чунонки ягон кас бӯи бирозро хуш дарёбад ва бӯи хушоямро бад бинад.
Сабаби ин офатҳо ё бадмизоҷии сода аст, ё хилти бадест, ки андар пешгоҳи мағз, андар ду шиками он ва ё андар худи ду барҷастагии ба сари пистон монанд ҷой дошта бошад, ё суддаест, ки андар устухони мушошӣ аз хилте, ё аз боде ва ё аз омос, саратон ва растани гӯшти зиёдатие рӯй дода бошад ва ё суддаест, ки андар пардаи рӯи он [устухон] падид ояд. Он офате, ки аз бадмизоҷии сода бархезад, бисёр бошад аз сабаби доруи истеъмолкарда ва қатраҳои чаконидае падид ояд, ки мизоҷро гарм кунанд ва ё карахтию сардӣ оваранд ва ё [ба сабаби он падид ояд], ки бодҳои дорои кайфияти ифротӣ яке аз ин гуна корҳоро ба амал оваранд. Гоҳе ин ба сабаби ягон кӯфтагӣ ва афтидане падид ояд, ки боиси андар устухон падид омадани офат бигарданд.
Нишонаҳо: Ҳар гоҳ чунин ориз бигардад, ки одам бӯйҳоро дарк кардан натавонад ва агар андар ин ҳангом ҷорӣ шудани фазлаҳоро [аз бинӣ] ба ҳасби офат дарёбӣ, пас, андар устухони полоянда ҳеҷ суддае нест. Агар чунин дарёбӣ, ки андар бинӣ нафас ба мумонаат андарояд ва ҳангоми ба бинӣ даромадани нафас мумонаате ва ҳангоми сухан гуфтан талаффузи димоғӣ дарёбӣ, пас, судда андар худи устухони бинӣ ҷой дорад. Агар ҷорӣ шудани [фазлаҳо] боз истода бошад ва ин ба сабаби бадмизоҷии мағз ва камии фазлаҳои он набошад ва агар мобаъди устухони полоянда боз бошад, пас андар ин ҳол суддае бошад, ки дуртар ҷойгир шудааст. Агар сайлон бар ҳасби одат равон бошад ва андар зери устухони бинӣ ва бахшҳои бадон пайваста суддае набошад, пас, офат андар мағз бувад ва мизоҷҳо, феълҳо ва ҳолҳои онро аз он чизҳое метавон муайян кард, ки худ ҳамедонӣ.
Агар андар бӯёӣ нотавоние ва ё коҳише бошад, низ ҳамчунин бувад. Ҳар гоҳ боди гандагие дарёфта шавад ва бӯи баде ба бинӣ бирасад, сабаби он хилте бошад андар бархе аз ин ҷойҳо, ки бӯй гирифтааст ва инро аз тариқи он далелҳое метавон шинохт, ки худ ҳамедонӣ.
Агар ҳангоми бемориҳои тез бӯйҳои ғайри муқаррарӣ, ғайри чашмдошт ва на аз чизҳои дар айни ҳол бӯйнок дарёфта шаванд ва бо вуҷуди он бӯи масалан, мушк, хоки тар, равғани зард ва ё ғайри инҳо ҳис карда шуда, андар ин ҳол нишонаҳои баде мавҷуд бошанд, [бидон, ки] марг соя афкандааст.
Муолаҷаҳо: Агар сабаб бадмизоҷӣ бошад, бояд бо зидди он муолаҷа карда шавад ва бо доруҳое аз доруҳои рехтанӣ, бӯиданӣ, андар бинӣ кашиданӣ, тилоҳо ва зимодҳое оҳанги муолаҷаи пешгоҳи мағз кард, ки андар боби муолаҷаҳои сар ёд шудаанд. Аксар вақт он чи ки аз бадмизоҷӣ ориз бигардад, чунин бошад, ки мизоҷ сард гардида, ин ё андар тамоми ду шиками пешин ва ё андар худи фузунии пистонмонанд ҷой дошта бошад. Нофеътарини доруҳои аз барои ин ғараз доруҳои андар бинӣ афканданиест, ки (163) аз равғанҳои гарм сохта шуда, андар онҳо фурбиюн, гунди бедастар ва мушк гудохта бошанд. Агар сабаби [офат] хилте бошад, ки андар шикамҳои мағз ҷой дошта бошад, бар вай бо ёрии нишонаҳое пай баранд, ки андар боби иллатҳои мағз гуфта шуд. Агар ин хилт бар тамоми тан ва ё худи мағз ғолиб омада бошад, тамоми танро бо он шабёрҳо, доруҳои ғарғарашаванда, доруҳои андар бинӣ афканданӣ, доруҳои кашиданӣ, бӯиданиҳои латиф ва ғайрае истифроғ оваранд, ки [84] хилтро аз [мағз] берун кунанд ва аз ҷумлаи доруҳое бошанд, ки ту худ онҳоро ҳамедонӣ. Агар ба раг задан эҳтиёҷ афтад, чунин кунанд. Андар ҳамаи ин корҳо бояд ба он аслҳое муроҷаат кард, ки андар зимни баёни иллатҳои мағз оварда шудаанд.
Агар сабаб суддае бошад, ки андар устухони мушошии бо номи «полоянда» маъруф падид омада бошад, пухтаковҳои суддакушоеро ба кор бибар, ки андар боби муолаҷаи сар ёд шудаанд. Онҳоро [бар сар] бирезанд, бар бухори онҳо худро бидоранд ва андар онҳо мурч, кундуша ва говшир гудохта, бар бинӣ бикашанд. Бояд баъд аз он бар сар пайваста миҳҷама гузошт ва бо чизҳои суддакушояндаи тез ғарғара кунанд. Яке аз доруҳои санҷидашуда ин аст, ки сиёҳдонаро якчанд рӯз андар сирко тар кунанд, сипас бо он совида нарм созанд, баъд бо равғани зайтун сиришта, андар бинӣ бичаконанд ва ҳар қадар ки битавонанд, ба боло бикашанд. Гоҳе онро мисли гард бисованд ва баъд бо равғани зайтуни куҳан сиришта, бори дигар онро то бенишон гаштан суда кунанд.
Яке аз доруҳое, ки санҷида ва ё ёдшуда аст, [доруи зерин аст]: зирнихи сурх ва пудинаро гирифта, хуб бисованд ва ё бар онҳо пешоби шутури арабӣ рехта, ҳамаро якҷоя андар офтоб гузоранд ва ҳар рӯз ду бор омезиш диҳанд. Ҳар гоҳ дору пешобро бикашад, бар вай аз нав пешоб бирезанд ва сипас як дирам аз онро гирифта, бо он биниро бахур кунанд. Баъд [биниро] андар равғани гул ғарқ кунанд.
Яке аз василаҳое, ки аз барои суддаи бодӣ сутудаанд, бар бинӣ афкандани равғани бодоми кӯҳии талх ва ё дамидани ҳазориспанд ва мурчи сафедест, ки ҳар дуро андар [он равған] ҳал карда бошанд. Бархе касон чунин ёд кардаанд, ки агар пӯсти ритаро хушконида, бисованд ва судаи онро андар бинӣ бидаманд, нофеъ бошад.
Агар сабаби он бавосир бошад, онро бо илоҷҳои бавосир муолаҷа кунанд.
Аммо касоне, ки хушбӯиро дарёбанду бадбӯиро не, бояд пайваста якчанд бор то дуруст шудан андар бинӣ гунди бедастар биафкананд. Агар [бемор] бадбӯӣ ҳис кунаду хушбӯиро не, бояд то беҳ ва дуруст шудани ҳолати ҳиссаш пайваста мушк андар бинӣ кунад.
Фасли чаҳорум андар баёни хуни бинӣ
Хун аз бинӣ гоҳе чакра-чакра ояд ва гоҳе ба сабаби
буридагии сахт ва ё ба сабаби ғалабаи хуни ба ҷӯш омада бо фишори сахт бишорад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби
кафидани шабакаи рагҳои мағз ва ё шараёнҳои он падид ояд ва андар бештари ҳол ин илоҷпазир нест. Бештари ин пас аз пайдоиши сардард, афрӯхтагӣ ва бемории сахт ва ё баъд аз афтидан ва кӯфтагие рӯй диҳад, ки бар асари он ночор аразҳои фасодии феълҳои мағз зуҳур кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор