Қонуни тиб

Фанни панҷум
АНДАР БАЁНИ
ҲОЛАТҲОИ БИНӢ,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ БӮЁӢ, ОФАТҲОИ ОН ВА САЙЛОНҲОИ [БИНӢ]
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи бинӣ
Ташреҳи бинӣ шомили ташреҳи устухон, куркурак ва мушакҳои ҳаракатдиҳандаи ду тарафи бинӣ мебошад, ки пеш аз ин баён карда шуд.235 Ду маҷрои бинӣ ба сӯи устухони полояндае бигзаранд, ки андар зери ду ҷисми шабеҳ ба сари пистон ҷой гирифтааст. Пардаи мағз низ андар он ҷой баробари сӯрохии устухони полоянда шикофта гардидааст, то ки андар он бод бигузарад ва то [ба мағз] бирасад. Ҳар як маҷроро шикофтагиест, ки ба сӯи гулӯ биравад.
Ташреҳи афзоре, ки бо ёрии он бӯидан ба амал ояд, чунин аст, ки он худи ҳамон ду барҷастагии пистонмонандест, ки андар пешгоҳи мағз ҷой доранд ва аз сӯи ду шиками пешини мағз мадад бигиранд. Инчунин андар сӯрохҳои ёдшуда фазлаҳо биполанд ва аз тариқи онҳо мағз ва ду фузунии аз он раста бо кашидани ҳаво бӯйро дарёбанд. Худи мағз барои нигоҳ доштани гармии модарзодии худ нафас бигирад ва чун [набзи] зананда бидамад ва фишурда бигардад. Гоҳе ӯ ҳангоми садои баланд ва ҳангоми сахт задани бод ва рӯҳ ба сӯи боло бидамад. Андар дуртарин бахши бинӣ ду маҷрое ба сӯи ду гӯшаи дарунии чашм ҷой гирифтаанд ва бад-ин сабаб аст, ки мазаи сурма дарёфта шавад, зеро [сурма аз он тариқ] ба сӯи забон фуруд ояд.
Чигунагии бӯидан андар боби қувваҳо ёд шуд. Аммо таҳқиқи он, ки бӯи андар ҳаво буда оё аз тариқи мутаассир гардидан, ё аз тариқи гузариш ва ё ба сабаби бухори ҳалшаванда [ба бинӣ бирасад], бар уҳдаи файласуф аст. Аммо пизишк бояд чунин ақидаро бипазирад, ки бӯидан андар асл як навъ дигаргуншавиест андар ҳаво, ки ба тариқи гузариш ба амал ҳамеояд ва сипас онро задани бухор аз сӯи чизи бӯйнок ёрӣ бидиҳад.
Андар баёни бемориҳои бинӣ: Мо ташреҳи бинӣ, манфаати он ва мушакҳои ҳаракатдиҳандаи ду сӯрохи онро андар зимни гуфторҳои гузашта баён кардем. Акнун моро воҷиб аст, ки бемориҳои он ва сабабҳо, нишонаҳо ва муолаҷаҳои онҳоро баён кунем.
Фасли дуввум
андар баёни чигунагии роҳҳои
ба кор бурдани доруҳои бинӣ
Бидон, ки бархе аз муолаҷаҳои бинӣ махсус аз тариқи бинӣ ба амал оварда намешаванд, чунонки ба кор бурдани доруҳои ғарғарашаванда ва бар сар молидани тилоҳо ҳамин гуна буванд ва бархеи дигар ба таври махсус аз тариқи бинӣ ба амал оянд. Мисоли ин (162) доруҳои бахуршаванда, доруҳои бӯиданӣ ва доруҳои андар бинӣ афкандашавандае мебошанд, ки онҳо ҷисмҳои тар буда, андар бинӣ чаконида шаванд. Аз ин ҷумла низ доруҳои ба бинӣ кашандаанд, ки онҳо ҷисмҳои тар буда, онҳоро аз тариқи кашидани ҳаво бар бинӣ бикашанд. Дигар навъи онҳо доруҳои андар бинӣ дамидашаванда аст, ки онҳо чизҳои хушки омодакардашуда буда, андар бинӣ дамида шаванд. Бояд онҳоро андар бинӣ аз тариқи найча бидаманд. Ҳар киро чизе андар бинӣ афкананд, беҳтар он аст, ки даҳонашро пури об кунанд ва бифармоянд, то бар пушт бихобад ва сарашро ба пас хам кунад. Сипас доруи афканданиро андар бинияш бичаконанд. Бояд ҳар чи ки андар бинияш бирезанд, бо тамоми қувва ба боло бикашад, то ки он амал кунад. Бисёр вақт аз паси доруҳои тези андар бинӣ чаконида ва ё дамидашуда андар сар сӯзиши сахте падид ояд, ки он гоҳе худ ба худ бимонад ва гоҳе эҳтиёҷ ба истеъмоли доруҳои оромкунандаи дард биафтад. Ҳангоми андар бинӣ рехтани ягон чизи тези тунд беҳтар он аст, ки пораеро андар оби гарм тар карда, бар сар ниҳода бошанд ва пеш аз он бо шири бар сар дӯшида ва ё бо рехтани равғанҳое аз қабили равғани донаи каду, равғани гул ва равғани бед сарро оғушта кунанд. Ҳар гоҳ доруи андар бинӣ афкандашуда кори худро иҷро кунад, баъди он андар бинӣ ширро бо баъзе аз равғанҳои сард якҷоя бичаконанд.
Фасли севвум андар баёни офати бӯёӣ
Бӯёиро низ мисли дигар ҳоссаҳо офат бирасад, зеро
холӣ аз он нест, ки ё бекор бигардад, ё нотавон бигардад ва ё тағйир ёфта, табаҳ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор