Қонуни тиб

Гоҳе ба сабаби бухорҳои тези бархоста рӯй диҳад.
Он [хуни биние], ки аз шараёнҳо ояд, аз хуни бинии аз рагҳои варидӣ оянда бо тунукӣ, сурхӣ ва гармии худ фарқ кунад. Инчунин [хуни бинӣ] гоҳе даврагӣ ва гоҳе дафъагӣ бувад.
Рафтани хуни бинӣ яке аз ҳолатҳоест, ки ҳам суд дорад ва ҳам зиён. Ҳар кӣ баъди он сарашро аз пурӣ сабукшуда, рангро аз сурхии баланд муътадилгардида ва намуди зоҳирии танро аз дамидагӣ ба иътидол бозомада дарёбад, пас, вайро аз хуни бинӣ суд ҳосил шуда бошад. Ин хусусан ҳангоми бемориҳои тез ва ҳангоми омосҳои дарунии хусусан хунӣ ва сафровии мағз, сипас ҷигар, баъд ҳиҷоб ва баъд шуш [нофеъ аст]. Манфаати хуни бинӣ барои барсом беш аз омоси шуш бувад.
Хуни бинӣ ҳангоми бемориҳои тези зиёде, хусусан ҳангоми обила ва ҳасба, нишонаи буҳрони бисёр аст.
Агар [хуни бинӣ] ба исроф ояд, баъди он ранг зарди ғайриодӣ бигардад ва ё аз зардӣ ва ё сиёҳӣ ба арзизӣ ва тирагӣ гузарад, пажмурдагии берун аз андоза падид ояд ва дасту пойҳо сард бигарданд, ин гуна [хуни бинӣ] агарчи боз истад, вале оқибаташ бимнок бувад. Ҳар киро ранг ба зардӣ бигарояд, пас, заҳраи зард бар [тани] ӯ ғолиб омадааст ва аз баромадани хун ӯро зиён камтар хоҳад буд. Ҳар киро ранг ба арзизӣ гузарад, пас, [андар тани] вай балғам ғолиб омадааст. Ҳар киро ранг ба тирагӣ бигарояд, пас, бар [тани] ӯ заҳраи сиёҳ ғолиб омадааст. Ин дуи [ахир] ба сабаби коҳиш ёфтани хун зиёни сахт оваранд.
Ҳамаи онҳое, ки ба ифрот хуни бинӣ шудаанд, бими гирифтор шудан ба бемориҳои нотавонии ҷигар, истисқо ва ғайра доранд. Тани аз ҳама беш қобили хуни бинӣ тани заҳравии сафровӣ ва дорои хуни тунук аст, вале аз [хуни бинии] муътадил суд бинад.
Хуни биниро далелҳост: масалан, андар пеши чашм, хусусан баъд аз сардард, тобишҳо, хатҳои сафед, зард ва сурх бинамоянд (164) ва [низ] дигар нишонаҳое [падид оянд], ки ҳангоми андар баёни бемориҳои тез ва буҳронҳои онҳо сухан рондан ба тафсил зикр шудаанд. Гоҳе аз тариқи хуни бинӣ ва ҳолатҳои он огоҳӣ пайдо кунанд ва мо инро андар ҷои муносиби он ёд кардаем.
Муолаҷаҳо: Хуни бинии буҳронӣ ва он навъҳои бадин монанд, ки худ ба худ падид омадаанд, беҳтар он аст, ки онҳоро то ниҳоят афтидагии қувват ҳис карда нашавад, муолаҷа накунанд. Гоҳе [хуни рехта] ба чаҳор ратл бирасад ва ин гуна [хунравиро] чун ниҳоят ба ифрот бирасад, бояд баст. Аммо ғайри инро бояд бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки хуни биниро бибанданд.
Ҳангоми хуни биние, ки ба ҳасби пазироии тан ва заҳравӣ будани он падид омадааст, бояд пайваста заҳраи онро истифроғ кунанд ва хунашро бо ғизоҳо ва ошомиданиҳо муътадил бигардонанд. Раг задан ба шарте беҳтарин василаи боз доштани хуни бинист, ки агар бо чоки танг аз ҷониби мувозӣ ва мушоракаткунандаи [маҳалли хуноӣ] хун бигиранд ва хусусан агар беҳушӣ воқеъ шавад, [боз беҳтар].
Доруҳои хуни биниро банданда ё сахт қабзкунандаанд, ё сахт сардифизо, ситабриовар ва фишурдакунанда
мебошанд, ё ниҳоят часпакиоваранда буванд, ё тези доғниҳандаанд, ё доруҳоеанд, ки дорои хосиятанд ва ё доруҳоеанд, ки ду ва ё се сифатро андар худ ҷамъ сохта бошанд. Доруҳои гиранда, масалан, фишурдаи «риши буз», ақоқиё, гулнор, гул, наск, мозу ва мисли фишурдаи барги авсаҷ, барги амруд, барги биҳӣ ва садпайванд буванд.
Доруҳои сардифизой, масалан, инҳост: афюн, кофур, тухми банг, гаҷ, тухми коҳу ва фишурдаи он, бед, оби хурмои ғӯра, коқулло ва «забони барра». Ҳамаи инро ноҷӯшонда [ба кор баранд].
Доруҳои часпакиоваранда, масалан, инҳост: гарди осиёб ва кӯфтаи кундур. Доруҳои доғниҳанда, масалан, зогҳо ва қалқатор буванд.
Ин доруҳоро чун ба кор бурданӣ шаванд, бояд бо эҳтиёт ба кор баранд, зеро мумкин аст, ки хушкреша падид омада бошад ва агар он биафтад, ҳол аз аввала ҳам бадтар хоҳад шуд.
Аммо он доруҳое, ки дорои хосиятанд, масалан, саргини хар, оби райҳони кӯҳӣ ва оби наъно мебошанд.
Илоҷи навъи сабуки хуни бинӣ: Доруҳое, ки андар бинӣ афкананд, инҳост: аз оби хурмои ғӯра ва ақоқиё ним уқиягӣ ва як ҳабба кофурро гирифта, пайваста андар бинӣ бичаконанд. Яке аз ин доруҳо фишурдаи хурмои ғӯра бо фишурдаи «риши буз» ва кофур аст. Инчунин оби хурмои ғӯраро бо фишурдаи гандано ба кор баранд. Низ оби талхнамакро андар бинӣ бичаконанд. Оби кашниз ва инчунин фишурдаи қоқуллоро ба танҳоӣ ноҷӯшонида ва низ оби хиёри даштиро бо кофур [ба кор баранд]. Фишурдаи райҳони кӯҳиро бо кофур, ё фишурдаи «забони барра»-ро бо гили набишта ва кофур ва ё фишурдаи садпайвандро бо ҳар дуи онҳо низ [ба кор баранд]. Яке аз доруҳои андар ин бобат ниҳоят расо фишурдаи саргини тари хар бувад.
Агар ҳис кунанд, ки хун зиёд рафтааст, бояд зангорро андар сирко ҳал карда, кам-кам бичаконанд. Низ ба кор бурдани доруи андар бинӣ афкандание, ки аз судаи нарми гулнор бо оби «забони барра» сохтаанд, [суд дорад].
Низ он чи ки андар вай афюн гудохта бошанд, [хуб аст].
Оби ниҳоят сардро набояд берун аз андоза рехт, зеро мумкин аст, ки хунро баста гардонида, андар пардаҳои мағз онро фишурда созад.
Барои ин ғараз доруҳои андар бинӣ афкандании ба ғоят хубе ҳаст, ки андар Қарободин навишта шудаанд.
Аммо фатилаҳо бошанд, ба таври зеринанд: фатиларо гирифта, андар сиёҳӣ236 оғушта кунанд, сипас бар вай зог бипошанд, то ҳама якҷоя омехта гарданд ва баъд онро андар бинӣ бидароранд. Низ фишурдаи барги газна, қалқатор, мӯи харгӯш, саргини хар, чи хушк ва чи тар, фишурдаи гандано ва кундурро гирифта, аз онҳо фатила бисозанд. Яке аз чизҳои санҷидашуда фатилаест, ки аз ҳузази ҳиндии сӯхта ва оби райҳони кӯҳӣ омода созанд.
Низ фатилае [санҷидашуда аст], ки аз гарди санги осиёб, кӯфтаи кундур ва сабр бо сирко ва сафедии хояи мурғ сохта шуда бошад. Инчунин фатилаеро ба кор баранд, ки аз зог, қиртоси сӯхта ва пӯсти кундур бо оби райҳони кӯҳӣ омода созанд. Низ фатилаеро ба кор баранд, ки бо оби гул тар карда, андар қалқатор ва сабр оғушта сохта бошанд. Дигар фатилаест, ки аз оби гандано созанд ва бар вай судаи наъно бипошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор