Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ҷумлаи онҳо як мушакест, ки бар тамоми пайвандгоҳи сурин аз пас густариш ёфтааст ва дорои се сар ва ду тараф аст. Саргаҳи ин сарҳо аз тиҳигоҳ, сурин ва думғоза буда, дуто аз онҳо гӯштӣ ва якто пардагӣ бошанд. Аммо ду тараф бошанд, ба бахши пасини сари рон пайвастаанд. Агар [ин мушак] бо як тараф кашида гардад, [ронро] бад-он тараф майл дода, боз кунад ва агар бо ду тарафи худ кашида гардад, ронро рост боз кунад.
Аз ҷумла як мушакест, ки сари он аз тамоми рӯи устухони тиҳигоҳ раста, ба бахши забарини барҷастагии бузурге бипайвандад, ки «трухонтерои бузург» ном дорад.
Ин [мушак] каме ба пеш кашида шуда, [ронро] ба дарун майл дода, боз кунад.
Аз ҷумла як мушаки дигарест, ки мисли қаблӣ буда, нахуст ба бахши зерини барҷастагии хурд бипайвандад, сипас поин хамида, [36] кори ҳамон [мушакро] кунад, вале боз кардани он каму майл доданаш беш бувад. Саргаҳи ин [низ] аз бахши фурӯсӯвини рӯи устухони тиҳигоҳ бошад.
Як мушак аз онҳо аз бахши фурӯсӯвини устухони сурин рӯида, моил ба пас аст ва [ронро] бо каме майл додан ба пас ва бо майл додани дуруст ба сӯи андарунӣ боз кунад.
Аз ҷумлаи мушакҳои пайвандгоҳи ронро таҳкунанда як мушакест, ки бо каме майл ба дарун [ронро] таҳ кунад. Ин мушаки рост буда, аз ду саргаҳ фурояд: як сари он ба охири бари миён пайваста ва дигараш аз устухони тиҳигоҳ растааст. Ин [мушак] ба фузунии хурди дарунӣ пайваст бигардад. Аз ҷумлаи онҳо як мушакест, ки аз устухони зиҳор раста, ба бахши фурӯсӯвини фузунии хурд бипайвандад.
Мушаки [дигаре] аз онҳо аз бари [қаблӣ] ба вуреб тӯл кашидааст ва чунон аст, ки гӯӣ бахше аз [мушаки] бузург бувад. Мушаки чаҳорум аз чизе рӯидааст, ки аз устухони тиҳигоҳ ҷаставу рост шудааст. Ин [мушак] баробари таҳ кардани рон соқро низ бикашад.
Аммо мушакҳое, ки ронро ба андарун майл диҳанд, бархе аз онҳо андар бахши [мушакҳои] бозкунандаву таҳкунанда ёд шуданд. Ин гуна ҳаракат доданро як мушакест, ки аз устухони зиҳор растааст ва ниҳоят дароз шуда, то ба зону бирасад.
Аммо мушакҳои ба берун майлдиҳанда ду мушаканд. Яке аз онҳо аз устухони паҳн бармеояд.
Мушакҳои даврдиҳанда бошанд, дутоанд. Баромадгоҳи яке аз онҳо аз ҷониби берунии устухони зиҳор ва баромадгоҳи дигарӣ аз ҷониби дарунии он бувад. Онҳо ба вуреб бо ҳам печида, андар мавзеи амиқе ба наздикии бахши пасини фузунии бузург ба ҳам бичаспанд. Кадом аз ин ду ба танҳоӣ кашида шавад, ронро бо каме боз кардан ба сӯи хеш тоб диҳад.

Фасли бисту ҳафтум
андар ташреҳи мушакҳое,
ки соқ ва зонуро биҷунбонанд

Аз ҷумлаи мушакҳое, ки пайвандгоҳи зонуро ҳаракат медиҳанд, се мушакест, ки ҷойгоҳи онҳо пешгоҳи рон бувад.
Инҳо бузургтарини мушакҳоеанд, ки андар худи рон ҷой доранд. Кори онҳо боз кардан аст. Як мушак аз ин се ҳамчун мушаки дучандӣ буда, дорои ду сар аст, ки якеи онҳо аз фузунии бузург ва дигаре аз пешгоҳи рон оғоз ёбанд. Ин [мушак] ду тараф дорад, ки якеи он гӯштӣ буда, пеш аз табдил шудан ба ватар ба чашмаи зону бипайвандад ва дигаре пардагӣ буда, ба тарафи дарунии сари рон муттасил аст.
Аммо ду мушаки дигар бошанд, якеи онҳо ҳамонест, ки мо онро андар [бахши] мушакҳои ронро таҳкунанда ёд кардем, яъне ҳамон [мушакест], ки аз девораи андар устухони тиҳигоҳ ҷойдошта рӯидааст. Саргаҳи дигарӣ аз фузунии беруние бувад, ки андар рон ҷой дорад. Ин ду бо ҳам пайваста гашта, ба фурӯсӯ хаманд ва (52) аз ҳар ду як ватари паҳне падид ояд, ки кулчаи зонуро иҳота намуда, онро якҷоя бо ҳар чи андар зери ӯст, сахт устувор бидорад. Сипас ба сари соқ пайваст шуда, бо дароз намудани соқ зонуро рост боз кунад.
Барои боз кардан як мушакест, ки саргаҳи он пайвастгоҳи ду устухони зиҳор аст. Он ба вуреб ба ҷониби дарунии рон гузашта, поин хамад, сипас ба ҷузъи камгӯшти бахши забарини соқ омада бичаспад ва соқро ба сӯи андарун майл дода, [боз кунад]. Як мушаки дигар, ки андар баъзе китобҳои ташреҳ [ёд шудааст], андар муқобили [қаблӣ] андар ҷониби дарунӣ буда, саргаҳи он аз устухони сурин аст ва андар ҷониби берунӣ вуреб гардида, то ба ҷойгоҳи бегӯшт омада бирасад. Ҳеҷ мушак мисли ин сахт вуреб нест. Вай [соқро] бо каме майл додан ба сӯи андарун боз кунад. Агар ҳар ду мушак якҷоя боз кунанд, соқро ба таври рост боз хоҳанд кард.
Аз ҷумлаи мушакҳои соқро таҳкунанда як мушаки борики дарозест, ки аз устухони тиҳигоҳ ва зиҳор аз назди баромадгоҳи мушаки бозкунандаи дарунӣ ва девораи андар миёнҷои тиҳигоҳ ҷойдошта оғоз ёбад ва сипас ба вуреб ба сӯи даруни тарафи зону бигузарад. Баъд, пеш баромада, то ба барҷастагие рафта бирасад, ки андар ҷойгоҳи бегӯшти зону ҷой дорад. Бо ёрии ин [мушак] соқ баробари бо қадам ба ноҳияи буни рон майл намудан ба забар кашида шавад. Се мушаки дигар дарунӣ, берунӣ ва миёнгинист. Берунию миёнигин бо майл додан ба ҷониби берун ва дарунӣ бо майл додан ба ҷониби дарунӣ [соқро] таҳ кунанд. Саргаҳи мушаки дарунӣ аз пойгоҳи устухони сурин буда, сипас ба вуреб шуда, ба паси рон бигузарад ва то ба ҷойгоҳи бегӯшти соқ аз ҷониби дарунӣ омада, ба он бичаспад. Ранги вай ба сабзӣ занад. Баромадгоҳи ду дигар низ аз пойгоҳи устухони сурин аст, вале онҳо моил ба пайвастан бо бахши бегӯшти ҷониби берунианд.
Андар пайвандгоҳи зону як мушакест, ки гӯӣ андар хамгашти зону пинҳон аст ва кори [мушаки] миёнгинро бикунад.
Гумон биравад, ки як бахши мушаки дучандии таҳкунандаи аз девора оғозёфта гоҳе зонуро ба араз таҳ кунад ва гӯё аз пайвандгоҳи ин [мушак] ватаре сар занад, ки ҳуққаи суринро баста дорад ва онро ба чизи аз пасаш омада бипайвандад.

пешина
аз 1215
навбатӣ