Қонуни тиб

Фасли бисту ҳаштум
андар ташреҳи мушакҳои бандкушои
панҷаи пойро ҳаракатдиҳанда
Як қисм аз мушакҳое, ки пайвандгоҳи панҷаи пойро ҳаракат диҳанд, онҳоеанд, ки панҷаи пойро бардоранд ва як қисм онҳоеанд, ки онро гузоранд.
Аз мушакҳои бардоранда як мушаки бузургест, ки ҷойгоҳаш пешгоҳи наи дарунист ва саргаҳи он бахши берунии сари наи дарунӣ бувад. Ин [мушак] ҳамин ки ҷаҳида барояд, бар рӯи соқ майл кунад ва ба сӯи нарангушт гузашта, ба мавзеи наздик ба буни нарангушт бипайвандад. Ин [мушак] панҷаи пойро ба забар бардорад.
Мушаки дигаре, ки аз сари наи берунӣ рӯяд, аз вай як ватаре баромада, ба мавзеи наздики буни ангушти хурд бипайвандад ва панҷаи пойро ба забар бардорад, хусусан ҳангоме ки мушаки якумӣ ба он мутобиқат кунад, панҷаи пой баробар ва рост [бардошта хоҳад шуд].
Аммо мушакҳои гузоранда бошанд, саргаҳи як ҷуфти онҳо аз сари рон буда, сипас ҳар ду фуруд оянд ва шиками фурӯсӯвини соқро бо гӯшт пур кунанд. Аз ин ду як ватаре рӯяд, ки бузургтарини ватарҳост. Вай ватари пошна буда, ба устухони пошна пайваст аст ва рӯ ба берун вуреб шуда, онро ба сӯи пас бикашад. Ин воситаи устувор истодани панҷаи пой бар замин аст. Инро як мушаке ёрӣ расонад, ки саргаҳи вай аз сари наи берунӣ буда, бодинҷонгун аст ва фурӯ хамида, аз ғайри фиристодани ватар худаш [бад-он ҷой] омада бирасад, балки [ба шакли] гӯштӣ боқӣ монда, ба баши пасини пошна бар забари пайвастани мушаки қабл аз худ буда бипайвандад. Ҳар гоҳ ин ду мушак ва ё ватари онҳоро осебе бирасад, панҷаи пой аз кор бимонад.
Як мушаки [дигарест], ки аз он ду ватар ҷудо шаванд.
Якеи онҳо панҷаи пойро таҳ ва дуввумӣ нарангуштро боз кунанд. Зеро саргаҳи ин мушак аз сари наи дарунӣ аз ҷоест, ки он ба наи берунӣ вохӯрад [ва] аз миёни ҳар ду поён хамида, ба ду ватар ҷудо шавад. Якеи онҳо аз фурӯсӯ ба хурдаи панҷаи пой – ба мавзее, ки аз тарафи нарангушт аст, бипайвандад ва фурӯ омадани панҷаи пой ба ёрии ҳамин ватар анҷомад. Ватари дигар аз як бахши ин мушак падид омада, аз саргаҳи ватари нахустин бигузарад ва як ватар ба сӯи пайвандгоҳи якуми нарангушт фиристода, онро ба вуреб сӯи дарун боз кунад.
Аз сари берунии рон (53) як мушак рӯида, [37] ба яке аз ду мушаки пошна омада бирасад ва сипас чун ба шиками соқ баробар гардад, аз он ҷудо шавад. [Аз он] як ватаре рӯидааст, ки андар зери панҷаи пой пинҳон ва андар тамоми он ба қиёси мушаки даруни панҷаи дастро пӯшида густариш ёфтааст ва манфиаташ чун [манфиати] он бувад.
Фасли бисту нӯҳум
андар ташреҳи
мушакҳои ангуштони пой
Аз ҷумлаи мушакҳои ангуштонро ҳаракатдиҳанда мушакҳои таҳкунандаанд, ки хеле зиёданд. Яке аз онҳо мушакест, ки саргаҳи он сари наи берунӣ буда, аз рӯи он дароз кашида, поин фурояд ва барои таҳ кардани ангушти миёнгин ва бинсир як ватареро бифиристад, ки бар ду бахш шудааст.
[Мушаки] дигаре хурдтар аз ин буда, саргаҳи он аз паси соқ аст. Чун ватарашро фиристад, он бар ду бахш гардида, [ангуштони] хурд ва саббобаро таҳ кунад, сипас аз ҳар кадоми ин ду бахш як ватарӣ ҷудо шавад ва ба шохаҳои дигарӣ пайваста, ҳамчун як ватар бигарданд ва ба сӯи нарангушт омада бирасад ва онро таҳ кунад. Мушаки севвум, ки мо онро ёд кардем, аз ҷониби берунии наи дарунӣ раста, аз миёни ду най фуруд ояд ва як бахш аз он барои таҳ кардани панҷаи пой ва як бахш ба сӯи пайвандгоҳи якуми нарангушт фиристода шаванд. Ин буд мушакҳои ангуштонро ҳаракатдиҳанда, ки ҷои онҳо бар рӯй ва пушти соқ аст.
Аммо мушакҳое, ки андар панҷаи пой ҷойгиранд, даҳ мушак аз онҳо аз назараи донишмандони илми ташреҳ афтидааст ва нахустин касе, ки онҳоро шинохтааст, Ҷолинус бувад.
Ин [даҳ мушак] ба панҷ ангушт, яъне ба ҳар як ангушт дутоӣ – яке аз рост ва яке аз чап, бипайванданд. Онҳо барои таҳ кардан ҳаракат дода, агар ҳар ду баробар ҳаракат кунанд, рост таҳ кунанд ва ё агар яке аз онҳо ҳаракат кунад, моил таҳ хоҳад кард.
Қисми дигаре аз онҳо, ки чаҳор мушак аст, бар хурдаи пой ҷойгир буда, барои ҳар ангуште як мушакист. Ду мушак барои таҳ кардан хоси нарангушт ва ангушти хурданд.
Ин мушакҳо ниҳоят омехта буда, агар ба бархе аз онҳо осебе бирасад, аз он андар кори хос ва ё андар кори ба ниёбат иҷрошавандаи боқимондагон нотавонӣ рӯй диҳад. Ба ҳамин сабаб ба таври махсус таҳ кардани як қисми ангуштони пой бидуни баъзеи дигар душвор бувад.
Панҷ мушак аз мушакҳои ангуштон бар пушти панҷа ниҳодаанд, ки кори онҳо майл додан ба сӯи берун аст ва панҷ мушаки [дигар] андар зери панҷаанд, ки ҳар яке аз онҳо як ангуштро ба қисме аз бахши дарунии аз паси ангушт буда пайваст кунад ва ангуштро ба ҳаракат ба сӯи дарун майл диҳад. Ин панҷ мушак ҳамроҳи ду мушаке, ки хоси нарангушт ва ангушти хурданд, бар қиёси ҳафт мушакеанд, ки андар шиками кафи [даст] ҷой доранд ва даҳ мушаки аввалӣ ҳам ба ҳамин қиёс буванд.
Хулоса, маҷмӯи мушакҳои тан 529-то мебошанд.
Ҷумлаи севвум
АНДАР БАЁНИ АСАБҲО,
ки аз шаш фасл иборат аст
Фасли нахустин
гуфтори хосе андар баёни асаб
Баҳрае аз манфиати асаб ба зот ва баҳрае ба араз бувад.
Баҳараи ба зот он аст, ки мағз ба миёнҷии асаб ба дигар андомҳо ҳис ва ҳаракат бибахшад ва баҳрае, ки ба араз аст, бахше аз он сахт намудани гӯшт ва қавӣ доштани тан аст ва бахше дигар аз он аз осебҳое хабар додан аст, ки андом
ҳои беҳисро – ба монанди ҷигар, испурч ва шуш – падид
оянд. Ин андомҳо ҳарчанд ҳис надоранд, вале бар онҳо
болопӯши асабие пӯшонда шудааст ва онҳо бо пардаи
асабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ҳар гоҳ варам кунанд ва
ба сабаби боде бидаманд, бори варам ва ё дамидани бод
ба болопӯш ва буни он гузашта, аз бор вайро кашидашавӣ
ба зер ва аз бод тарангӣ ориз бигардад ва бад-ин восита он эҳсос карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё